logo

сиёсат

ИШТИРОКИ ПРЕЗИДЕНТИ КИШВАР ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ДАР ҶАЛАСАИ ШӮРОИ САРОНИ ДАВЛАТҲОИ АЪЗОИ СОЗМОНИ ҲАМКОРИИ ШАНХАЙ

24 июн дар шаҳри Тошканд ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай ба кори худ оғоз кард. Мавриди зикр аст, ки ҳамоиши навбатӣ ба 15 - умин солгарди таъсисёбии созмони мазкур рост омад.

Дар макони баргузории ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва дигар сарони давлатҳою ҳайатҳои воломақомро Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов истиқбол гирифт.
Пас аз аксбардории муштарак нахуст ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай, ки дар он роҳбарони аввали Русия, Чин, Тоҷикистон, Қазоқистону Қирғизистон ва Ӯзбекистон иштирок карданд, ба таври маҳдуд сурат гирифт.
Дар ҷаласаи теъдоди васеъ бошад, ҳамчунин сарони давлатҳои нозир аз Афғонистон, Покистон, Эрон, Ҳиндустон, Беларус, Муғулистон ва намояндагони воломақоми як зумра созмонҳои байналмилалию минтақавӣ низ ҳамроҳ шуданд.
Ба кишварони шарики муколама Туркия, Шри-Ланка, Ҷумҳурии Арманистон, Шоҳигарии Непал, Камбоҷа ва Ҷумҳурии Озарбойҷон шомил мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай нахуст ба ҷониби Ӯзбекистон ва Ислом Каримов барои созмондиҳии шоистаи ин ҳамоиш ва меҳмоннавозӣ арзи сипос намуд.
Ҳамчунин дар оғози суханронӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон иштирокчиёни ҳамоишро ба муносибати 15  - умин солгарди таъсисёбии Созмон ва сарони давлатҳои Покистону Ҳиндустонро барои шомил шудани кишварашон ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай табрику таҳният гуфт.
Зимни суханронӣ вобаста ба фаъолияти созмон ва таҳияву қабули барномаҳо Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳори умед намуд, ки татбиқи Стратегияи рушди Созмони ҳамкории Шанхай то соли 2025 барои дурнамои рушди созмон заминаи воқеӣ мегузорад ва Тоҷикистон қабули Нақшаи амалро оид ба татбиқи ин стратегия давоми 5 соли оянда ҷонибдорӣ мекунад. Барнома имкон медиҳад, ки кишварҳои аъзо ҳамкориро ба сатҳу сифати нав бароварда, нақши созмонро дар ҳалли масъалаҳои минтақавию ҷаҳонӣ боло баранд.
Аз ҷониби Президенти То-ҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба нақшаи амали кишварҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай пешниҳодҳои мушаххас ба миён гузошта шуданд. Тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои ҷаҳони муосир ба хотири таъмини амнияту субот дар минтақаву ҷаҳон ва суръат додани раванди таъсиси бонк ва фонди рушди Созмони ҳамкории Шанхай баҳри таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ, таҳияву татбиқи лоиҳаҳои инвеститсионии дорои аҳамияти минтақавӣ, аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷи-кистон Эмомалӣ Раҳмон, инчунин ҷонибдории кишварро барои ҳар чи зудтар пазируфтани Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид оид ба мубориза бо терроризми байналхалқӣ иброз дошт.
Эмомалӣ Раҳмон оид ба дигар паҳлуҳои ҳамкории кишварҳои аъзо дар соҳаҳои иқтисодӣ, энергетика, нақлиёту транзит ва фарҳангию гуманитарӣ  андешаронӣ карда, бори дигар мавқеи устувори Тоҷикистонро  барои таҳкими он муайян намуд.
Пас аз анҷоми суханрониҳо аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо як зумра санадҳо ба имзо расиданд.
Ба узвияти Созмони ҳамкории Шанхай пазируфта шудани Покистону Ҳиндустон ва қабули Эъломияи Тошканд аз натиҷаҳои бобарори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мебошад.
Зимни нишасти матбуотӣ бо иштироки доираи васеи хабарнигорон Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Ислом Каримов ва Котиби генералии Созмони ҳамкории Шанхай Рашид Олимов оид ба натиҷаҳои кори ҷаласаи Шӯрои сарони давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай изҳорот доданд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 412

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед