logo

сиёсат

САФАРИ КОРИИ САРВАРИ ДАВЛАТ БА ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН ШУРӮЪ ГАРДИД

25 июн сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон аз ноҳияи Ванҷ оғоз гардид.

Роҳбари давлатро мардуми ноҳия дар фурудгоҳ ба таври хоса истиқбол намуданд. Барои пазироии Пешвои миллат дастаҳои ҳунарӣ ширкат намуда, расми қабул бо муаррифии анъанаҳои хосаи мардуми ин минтақа сурат гирифт.
Сипас, Сарвари давлат аз рафти корҳои сохтмонии Неругоҳи барқи обии “Мотравн” - и Ҷамоати деҳоти Язгулом дидан кард.
Неругоҳи мазкур аввалин иншооти энергетикӣ дар кишвар маҳсуб меёбад, ки он маҷроӣ буда, тавлиди барқи он аз оби равони дарё вобастагӣ дорад. Неругоҳи “Мотравн” бо иқтидори 300 киловат/соат дар Ҷамоати деҳоти Язгуломи ноҳияи Ванҷ дувумин неругоҳи хурди барқӣ ба ҳисоб меравад. Бино ба гуфтаи муҳандисон, ин неругоҳ агарчи баландиқтидор ҳам набошад, вале он имкон медиҳад, ки талаботи сокинони якчанд деҳаи Ҷамоати деҳоти Язгулом, ки бе неруи барқ зиндагонӣ мекарданд, ба пуррагӣ бартараф гардад.
Зикр гардид, ки асоси корҳои сохтмониро дар иншооти мазкур ҳанӯз соли 2012-ум мутахассисони Ҷумҳурии Кореяи Ҷанубӣ гузошта буданд. Вале, бинобар сабаби маҷрои тезоба доштани дарёи Язгулом мутахассисони кореягӣ аз сохтмони неругоҳ худдорӣ карданд. Пас аз таваққуфи анқариб сесола иҷрои лоиҳаро ҶДММ “Диамант ва Канаск” бар зимма гирифт.
Тавре масъулон ба Пешвои миллат иттилоъ доданд, хароҷоти лоиҳавии Неругоҳи барқи обии “Мотравн” бештар аз 6 миллиону 800 ҳазор сомониро ташкил дода, то ба имрӯз баробар ба 1 миллиону 850 сомонӣ корҳои сохтмонӣ ба иҷро расонда шудаанд. Лоиҳа бо маблағгузории ташкилоти «Койка» - и Кореяи Ҷанубӣ бунёд мегардад ва дар он насби 3 агрегат бо иқтидори 100 киловат/соат пешбинӣ гардидааст, ки воридоти онҳо рӯзҳои наздик дар назар аст.
Масъулони корҳои сохтмонӣ аснои боздиди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иншооти энергетикӣ иттилоъ доданд, ки иншооти мазкур то ба таҷлили 25-умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Пешвои миллат ба сохтмончиён дастуру супориш дод, ки ба сифати корҳои сохтмонӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намуда, иншоотро бо сифати баланд барои даҳсолаҳои оянда сохта, мавриди истифода қарор диҳанд. Пас аз ба кор даромадани неругоҳи “Мортравн” дар деҳкадаҳои Язгулом, ки дар бархеи онҳо ҳатто хатҳои барқӣ мавҷуд нест ва сокинонаш аз истифодабарии неруи барқ маҳруманд, шабакаи умумии энергетикӣ ташкил гардида, ин гӯшаи дурдасти мамлакат низ ба низоми мукаммали энергетикии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мегардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 26.06.2016    №: 125    Мутолиа карданд: 538

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед