logo

иқтисод

АНОРБОҒИ ДАШТИҶУМ ЭҲЁ МЕШАВАД?

Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳини вилояти Хатлон  машварати илмию амалӣ роҷеъ ба боғутокпарварӣ баргузор гардид. Дар он олимону мутахассисони Академияи илмҳои ҷумҳурӣ, Институти боғдорӣ ва сабзавоткорӣ, Маркази захираҳои генетикии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, деҳқонону соҳибкорон ва аҳли  маорифу фарҳанги ноҳия  ширкат варзиданд.
Эҳёи боғҳои табиии ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, аз ҷумла анорбоғҳои  овозадори мавзеи Даштиҷум, ки алҳол  ба нигоҳубину парвариш ниёз доранд, мавзӯи марказии машварат қарор гирифт.
Мавриди зикр аст, ки шароити агроэкологӣ ва пасту баландшавии ҳарорати ҳаво, инчунин давомнокӣ ва шиддатнокии нурҳои офтоб дар минтақаҳои кӯҳсори мамлакат омилҳои тағйирёбии табиӣ ба шумор рафта, боиси ғанӣ гаштани генофонди  табиати ин диёр гаштаанд.
Ноҳияи  Шамсиддини Шоҳин дорои иқлими мусоид буда, дар он аксари дарахтони мевадиҳанда, аз қабили анор, анҷир, хурмо, себ, чормағз, нок, тут, ангур, зардолу нағз нашъунамо мекунанд. Аз ин ҷост, ки сокинони ноҳия анъанаҳои неки падару бобоёнро идома дода, навъҳои маҳаллии  дарахтони мевадиҳандаро то кунун парвариш намуда, нигоҳ доштаанд.
Анори навъи «Шириндона» - и мавзеи Даштиҷум дар Осиёи Марказӣ ҳамто надорад. Мутаассифона, дар 10 - 15 соли охир аз бемасъулиятии  роҳбарони вақт анорбоғи Даштиҷум рӯ ба таназзул оварда, шуҳрати қаблиашро гум кард. Боғҳои нодири анору анҷирзор низ ба  ҳар гуна касалӣ дучор ва туъмаи ҳашарот гаштанд.
Танҳо имрӯз мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тасмим гирифтааст, ки  дар деҳаи Анҷироб беш аз 20 гектар боғҳои анорро ба 65 оила тақсим карда диҳад, то ин ки анорбоғҳо бо кумаки сокинон, ҷамоати деҳот, олимони соҳа ва саромоягузорон аз нав барқарор шаванд.
То чӣ андоза масъулони ноҳия муваффақ мешаванд, вақт нишон медиҳад, ҳарчанд худи тасмими тақсими замин ба деҳқонони асил аз нигоҳи аввал муфид ва мусбат метобад.
Ш. ТИЛЛОЕВ, рӯзноманигор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2016    №: 126-127    Мутолиа карданд: 541

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед