logo

иҷтимоиёт

ВАҚТЕ БА КУЛЛ ПАЙВАСТЕМ…

Ӯ ҳамеша меҳмони хоби ман аст. Гоҳ - гоҳ ва соле ду-се бор бо ӯ ҳамроз мешавам. Дар домани кӯҳе, ки тан аз чашмаҳои баҳорӣ мешӯяду аз қаъраш шаршараҳои оби зулол меравад. Гоҳо насими мушкбез бо баландтарин шаршараҳои он бозӣ мекунад. Оби онро ба чапу рост мепошад. Боз боло мебараду ба чор тараф пош медиҳад. Аз қатраҳои булӯрини он бӯи рошак, камолу ров, ҷамбилаку шибит ва гиёҳи сабзи зира меояд.
Боди сармаст аз шаршараҳои баҳории кӯҳ насиба меситонад. Ва насиба медиҳад. Ин асрори боду шаршараро пирамарди бо фари яздонӣ канори шаршара, болои гилеми хушрангу кӯрпачаҳои ҳамранги барги гулҳои баҳорӣ нишаста медонад. Гоҳо бод дар ҳам мепошад ва борони сахт болои пирамарду гилему кӯрпачаву болиштҳои рӯи тахт, ки як канори он ман шиштаам, мебарояд. Ин бобои ман аст, Ҳазрат Хоҷа Мирсаиди Халили Валӣ. Оби борони шаршара, на ба гилем мечаспаду на ба бобому тани ман. Либосамро даст - даст мекунам. Тамоман хушк аст. Кӯрпачаву гилему лӯлаболишт ҳам. Дар сару тани бобом осори намӣ нест.
Бобомро ҳеҷ гоҳ ба бедорӣ надидаам. Ӯ бо Ҳаким Фирдавсӣ, Синои гиреҳҳои банди аҷал дар каф, Исмоили бошукӯҳ монандиҳо дорад.
Гоҳи дигар худро бо ӯ дар хонаи баландкарёсу бошукӯҳи хоса мебинам. Ӯ бо ман сухан мегӯяд. Суханҳои ҳокимона ва чун чашм мекушоям ба ҷуз шаҳомати пир дигар чизе дар ёд нест. Зӯр мезанам, то як – ду ҳарфе аз суҳбати ӯ ба зеҳн оварам. Афсӯс. Беҳуда зӯр мезанам. Мунтазирии хоббинии оянда мешавам. Ҳақтаоло зеҳнама устувор гардон. Ва ба хоби баҳорӣ меравам. Аз даруни боғ мегузарам. Куҷо меравам. Намедонам, Қумриҳои шохаи дарахти себ аз ман намераманд. Заргӯше аз паси поям бӯй кашиду як гӯшашро бардоштаву дигарашро хобонда дар барам истод. Сап – сафед буд заргӯш. Худи барфи нав рӯи замин рехтаворӣ сафед. Кӯҳи шинос. Вале дарёро, ки мисли тасма ба бағали кӯҳ печида, паҳнои он торафт васеъ мешуд, бори аввал медидам. Баъд ҳавзи гулбурии таги чинор, сурфаи калон ва худораҳматии модарам. Боз апаам. Ҳеҷ гоҳ дар хобам падарамро ҳамроҳи модарам намебинам. Дар чилрӯзагии ман падарам ақди никоҳашро бо модарам қаът кард. Боре ҳам онҳоро ҳамроҳ, сари дастурхон ё бари ҳамдигар надидаам. Фақат ба танҳоӣ ба хобам медароянд. Ҳозир ҳам. Модарамро танҳо ҳамроҳи апаи калониам дар хоб мебинам. Ҳарду дар хизмати бобом истодаанд.
Бобом аз давлату сарвати дунё ҳарф зад. Ба зеҳн гир, гуфт. Сарвари давлат кулл аст, гуфт бобом. Ин мардум ҷузъ. Ин лаҳза сари минбар. Яқин фаҳмидам, ки ин ҷавонмард сарвар аст.
- Ин мардум ҷузъанд, – гуфт бобом. – Ин мардум он гоҳе тавоно мешаванд, ки ба кулл пайванданд. Яъне аъзоҳои ӯ шаванд. Ҳар кадоме аз ӯ канд, худро маҳв мегардонад.
Бо табъи болида аз хоб хестам ва хоби дидаамро сари косаи ширчой ба апаам ҳикоят кардам.
- Онҳо аз он кулл ҷудо шуда, - гуфт апаам, – намемиранд. Чуноне ки ману ту аз пушти падар ба раҳми модар омадему намурдем. Вале бесоҳибӣ ҳис кардем. Албатта бесоҳибии мо аз он мардуме, ки аз кулл ҷудо мешаванд, фарқ дорад. Кулл зинда аст. Бояд бо ӯ худро бипайвандӣ. Тақдири мардуми пароканда маълум. Агар зинда бошад ҳам онҳоро мурда гӯй. Чунки ба чоҳи гумроҳии худ меафтанду бенишон мегарданд.

Раҷаб МАРДОН, публисист


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 27.06.2016    №: 126-127    Мутолиа карданд: 573

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед