logo

иҷтимоиёт

ҲУКУМАТИ ЭЛЕКТРОНӢ ВА МУҚОВИМАТ БО КОРРУПСИЯ

Яке аз механизмҳои муҳими таъмини шаффофият ва иштироки фаъоли ҷомеаи шаҳрвандӣ дар раванди муқовимат ба коррупсия ин ҳукумати электронӣ мебошад. Даҳсолаи дуюм аст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ин падидаи ҷадиди иҷтимоӣ ва сиёсӣ амал мекунад. Ҳукумати электронӣ шоха ё дастгоҳи нави давлатӣ набуда, балки иҷрои вазифаҳои ҳокимияти иҷроияи давлатӣ тавассути технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ мебошад. Доираи он хизматрасониҳои давлатӣ, яъне хизматрасониҳоеро, ки меъёран асоснок шуда, аз ҷониби мақомоти давлатӣ ба шаҳрванд, соҳибкор ё дигар мақомоти давлатӣ расонда мешаванд, дар бар мегирад. Ҳукумати электронӣ, чи тавре таҷрибаи ҷаҳонӣ собит месозад, ба комилан баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасониҳои давлатӣ мусоидат мекунад.

Дар бобати нақши ҳукумати электронӣ дар мубориза бар зидди коррупсия, муқовимат ба он Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар суханрониҳои худ таъкид намудаанд.
Махсусан супоришу дастурҳои Пешвои миллат дар Паёми соли 2012 барои истифодаи ҳукумати электронӣ дар пешоҳанги муқовимат ба коррупсия нақши калидӣ доранд. Мисол, дар Паём зикр шуд, ки тавассути ҳукумати электронӣ “номгӯи зиёди хизматрасониҳои давлатӣ ба шаҳрвандон ба таври электронӣ сари вақт ва босифат расонда шуда, зуҳуроти номатлубе чун бюрократизм ва коррупсия тадриҷан аз байн бурда шаванд”. Ё ин ки “ҷиҳати таъмини шаффофияти сарфи маблағҳои буҷетӣ ва истифодаи дурусти захираҳои моддиву молиявӣ пешниҳод мегардад, ки мубодилаи электронии маълумот байни мақомоти давлатӣ васеъ ба роҳ монда шавад”. Шаш соли сипаришуда нишон дод, ки ин амалҳо то кадом андоза дар муқовимат ба коррупсия ҳалкунандаанд.
Пӯшида нест, ки мутаассифона, ҳоло ҳам аз ҷониби мақомоти ваколатдор дар хариди давлатии мақомоту ташкилотҳои буҷетӣ ҳодисаҳои коррупсионӣ ошкор карда мешаванд. Ин дар ҳолест, ки дар Паёми соли 2012 махсус қайд шуда буд, ки “барои сарфакорона ва мақсаднок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ ҳангоми хариди давлатӣ ва пешгирии омилҳои коррупсионӣ дар ин самт зарур аст, ки низоми хариди электронии молу маҳсулот бо истифода аз технологияҳои муосири иттилоотӣ ҷорӣ карда шавад”. Афсӯс, ки ин супориши Сарвари давлат дар сатҳи бояду шояд иҷро нашуд ва ҷои тааҷҷуб нест, ки амалиётҳои коррупсионӣ дар ин самт то ҳол решакан нашудаанд.
Самти дигари ба коррупсия моилпазир ин раванди иҷозатдиҳии фаъолият, қабули ҳисоботҳои мухталифи молиявӣ, оморӣ, маъмурӣ аст. Дар Паёми соли 2012 супориш шуда буд, ки Ҳукумати ҷумҳурӣ “дар давоми як сол ҷиҳати боз то 50 дарсад ихтисор намудани теъдоди иҷозатдиҳӣ ва тавассути низоми электронӣ ба расмият даровардани беш аз 30 дарсади иҷозатдиҳиро таъмин намояд”. Дастури дигар он буд, ки “тамоми сохтору мақомоти давлатиро зарур аст, ки дар масъалаи хизматрасониҳои давлатӣ ба соҳибкорон ва аҳолӣ тавассути ҷорӣ намудани низоми электронӣ дар фаъолияти худ бо истифодаи технологияҳои муосири иттилоотӣ чораҳои бетаъхир андешанд. Агентии оморро зарур аст, ки ҷиҳати кам кардани шумораи ҳисоботи оморӣ ва ба таври электронӣ ба роҳ мондани он чораҳои амалӣ андешад”. Дар ин самт дар муддати гузашта корҳои зиёде анҷом ёфтаанд. Имрӯз як қатор ҳисоботҳо ба таври электронӣ қабул карда мешаванд.
Чорабиниҳои дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коҳиши назарраси коррупсия дар соҳаи хизматрасониҳои давлатии оморӣ, ташкилию маъмурӣ ва андозӣ, бақайдгирии ашхоси ҳуқуқию воқеӣ, супурдани ҳисоботҳои давраӣ боис шуданд, фаъолияти “Равзанаи ягона” муташшакил, ҷоннок ва фарогир шуд.
Ҳукумати электронӣ ягона воситаест, ки яке аз омили асосии коррупсия – муносибати бевоситаи шаҳрванд ва мансабдорро бартараф менамояд. Ин муносибат одатан бе иштироки шахси сеюм ё бо иштирокчии схемаи коррупсионӣ мегузарад. Дар сурати хизматрасонии электронии давлатӣ чунин муносибат бартараф карда мешавад, зеро муносибати кории шаҳрванд ва мансабдор виртуалӣ сурат мегирад.
Ҳолати дигари ин омил – гардиши ҳуҷҷатҳои расмист, ки бо суистеъмол кардани он аз ҷониби мансабдор ҳодисаи коррупсионӣ сурат мегирад. Дар ҳукумати электронӣ қисмати муҳими он – гардиши электронии ҳуҷҷатҳо буда, ҳамагуна имконияти амалиёти коррупсиониро ғайриимкон мегардонад.
Бе иштироки бевоситаи шаҳрванд рафъи пурраи коррупсия имконнопазир аст. Аз ин лиҳоз ҳукумати электронӣ ягона фазоест, ки иштироки шаҳрванд дар он ҳатмист, зеро ӯ дар қатори ду унсури асосӣ – давлат, дастгоҳи давлатӣ, соҳибкорӣ унсури таркибии сеюм аст ва бе иштироки он ҳукумати электронӣ ғайриимкон аст.
Ҳукумати электронӣ ҳузури доимии роҳбарро дар раванди идоракунӣ тақозо мекунад. Бинобар он дар муқовимат ба коррупсия нақши роҳбари ташкилот муҳим буда, рафтори ӯ бояд намуна барои тобеиён бошад.
Дар айни замон гарчанде дар Тоҷикистон бо коррупсия муборизаи шадид бурда шавад ҳам, аммо, мутаассифона, коррупсия алъон решакан нашуда, ин зуҳуроти номатлуб самаранокии идоракунии давлатиро коҳиш медиҳад.

А. НИЁЗОВ,
И. ШАМСОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 582

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед