logo

маориф

МАКТАБИ ТАҶРИБАИ ПЕШҚАДАМ, ЯЪНЕ ЧӢ?

Мактаби таҷрибаи пешқадами педагогӣ (МТПП) дар омӯзишу тарғиби таҷрибаи пешқадам ва беҳдошти сифати таълиму тарбияи хонандагон мақоми баланд дошта, як заминаи муҳими ташкилу ташаккули дарсу машғулиятҳо гардида, самараи меҳнати муаллимро рушд бахшида, сифати донишу маърифати хонандагонро баланд бардошта метавонад. Роҳбарии мунтазами МТПП, ҳимоя ва расондани ёрӣ ба онро директор таъмин мекунад. Ин як шакли ёрӣ ба омӯзгорон, хусусан мутахассисони ҷавон мебошад.

Шакл, намуд, сохтор, вазифа ва мазмуни фаъолияти мактаби мазкурро чунин муаррифӣ кардан мумкин аст: он аввалин маротиба ҳамчун яке аз шаклҳои фаъоли корҳои методӣ солҳои 50 – уми асри гузашта ба амал омада буд. Ташаббускори асосии он Донишкадаи такмили ихтисоси шаҳри Новосибирски Русия маҳсуб меёбад. Гурӯҳи муаллимони хушкору собиқадор раҳнамоии муаллимони ҷавонро ба уҳдаи худ гирифтанд. Баъдтар ин амал номи «мураббигӣ» - ро соҳиб шуд. 8 – 10 нафар муаллимони ҷавонро ба муаллимони босалоҳияту ботаҷриба вобаста карданд. Онҳо ин роҳнамоҳои худро устод ё мураббӣ ном мебурданд. Коромӯзон аввал дар дарсу машғулиятҳои устодони худ иштирок карда, аз таҷрибаи онҳо истифода мебурданд. Дарсҳои роҳбарони мактаб барои онҳо ҳама вақт маънои дарси кушодаро дошт. Баъдтар ин гурӯҳи ташаббускор номи «Мактаби таҷрибаи пешқадами педагогӣ» -ро гирифт.
Вазифаҳои роҳбарони ин мактаб рӯз то рӯз саҳеҳу пурратар ва амиқтару равшантар мегардид. Шуъбаҳои маориф ин муаллимонро чун мушовирони ҷамъиятии кабинетҳои методии худ пазируфта буданд. Муаллимони ташаббускор фаъолияти худро дар ҳамкорӣ бо кабинетҳои методии шуъбаҳои маориф ва институтҳои такмили ихтисос сомон медоданд. Ҳамин тариқ, оҳиста – оҳиста дар қатори «Мактабҳои таҷрибаи пешқадами педагогии синфҳои ибтидоӣ» МТПП – ҳои фаннӣ, роҳбарони синф, мураббияҳо, ҷонишинони директорони мактаб оид ба корҳои таълиму тарбия, директорони ҷавони мактабҳо ҳам ба амал омаданд. Баъзе мактабҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёнаи нопурра ва миёнаи пурра, ки аз рӯи мавзӯъҳои алоҳидаи педагогӣ ё методӣ кор мекарданд, низ номи «МТПП» - ро гирифтанд…
Бояд таъкид кард, ки аз солҳои 80 – уми асри гузашта сар карда, фаъолияти ин мактаб ва мактабҳои такягоҳӣ коҳиш ёфтан гирифтанд. Солҳои баъдӣ (то рӯзҳои мо) ин мактабҳо тамоман аз фаъолият бозмонданд, ки сабабҳои зиёд ҳам доранд. Баъзе шаклҳои корҳои методӣ нуфузи худро аз даст додан гирифтанд. Шаклҳои нави корҳои методии зиёде ба амал омаданд.
Фаъолияти мактабҳои таҷрибаи пешқадами педагогӣ аз фаъолияти иттиҳодияҳои методии муаллимон фарқ мекунанд. Он солҳо мактаби мазкур мунтазам дар ҳолати такмилу рушд буд. Мактабе буд, ки ба муаллимон ва роҳбарони ҷавони мактабҳо кори амалӣ ёд медод. Мураббиён муаллимони ҷавонро бо усулҳои пешқадами таълиму тарбия шинос мекарданд, тарзи омӯзишу омӯзонданро ба онҳо ёд медоданд; ба омодагии касбии муаллимони ҷавон ёрӣ мерасонданд; ба онҳо дар ташкили лабораторияҳои худӣ ёрӣ медоданд; услуби кор, самтҳои кори педагогӣ ва фардии онҳоро тақвият медоданд; усулҳои таълим, технологияи онҳоро ёд медоданд; кӯшиш мекарданд, ки шогирдонашон ба ташкили ҷараёни таълиму тарбия, ҷиҳатҳои маърифатию гуманистӣ сарфаҳм рафта, аз маводу воситаҳои таълим дуруст истифода бурда тавонанд.
Фарқиятҳои ин мактаб аз фаъолияти иттиҳодияҳои методӣ асосан чунинанд: мактаби таҷрибаи пешқадами педагогӣ эҳтиёҷоти ҳамарӯзаи муаллимони ҷавон (ҷиҳати аз бар кардани мазмуни дарс, шаклҳои ташкилии корҳои методӣ, таҷрибаи амалӣ ва назариявӣ) – ро бароварда, ба онҳо бевосита дар ҷои кор таҷрибаи амалӣ ва назариявӣ дода, ташаккули касбияташонро тақвият медиҳад, он барои бартараф кардани камбудиҳо имконият фароҳам оварда, ба омӯзгорон сари вақт кумаки методӣ ва амалӣ мерасонад. Ҳамзамон ба ташаккулёбии омӯзгорони ҷавон мусоидат мекунад. Роҳбарони ин мактаб маҳорати омӯзгории муаллимони ҷавонро такмил дода, фаъолияти босуботи онҳоро самара мебахшанд, дар банақшагирии корашон ёрӣ мерасонанд, ҷараёни иҷрои нақшаҳои расмишудаи омӯзгорони ҷавонро тақвият мебахшанд. Омӯзондани муаллим, мусаллаҳ кардани он ба воситаи таҷрибаи пешқадам маънои онро дорад, ки низоми кори педагогиро аз худ кардааст ва сифати донишу маърифати шогирдонро тақвият дода метавонад.

Ҳабиб ИСКАНДАРОВ,
собиқадори маориф, барандаи Ҷоизаи Президенти Тоҷикистон дар соҳаи маориф

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 3152

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед