logo

иҷтимоиёт

ЁҚУБ САЛИМОВ: «БОЗИЧАИ ДИГАРОН НЕ, БОЗИЧАИ ДАСТИ ХУДАМОН ШУДЕМ»

(Муроҷиати Ё. Салимов ба мардуми Тоҷикистон ба муносибати иди Ваҳдат)
Суханҳои зиёди гуфтанӣ дорам, вале миёни онҳо дар арафаи Ҷашни Ваҳдати миллӣ як ҳарфи муҳиме ҳаст:

- Ҳамватанон, мардуми шарифи Тоҷикистон! Ҳеҷ неъмате муқаддастар аз осудагӣ, оромӣ, ваҳдат ва якпорчагии миллату давлат нест. Мо ҳазор сол баъд аз суқути давлати Сомониён машаққати бедавлатӣ кашидем, миллати мо ғуломи ҳалқабаргӯши ғосибони мулкамон буд. Ба шарофати истиқлолият мо соҳиби давлати миллӣ шудем, вале истиқлолияти моро хостанд оғуштаи хуну хок созанд. То андозае чунин ҳам карданд. Тоҷикистони азизамон дар марзи парокандагӣ қарор дошт, мехостанд онро қисмат кунанд. Сездаҳ сол дар ғурфаи танг, пушти панҷара ҳамеша фикр мекардам, сари ғалатҳо, кардаҳо, каҷравиҳо андеша мерондам. Дуруст аст, ки интихоби худро, мо, аллакай соли 1992 карда будем. Ин интихоб сари шахсияте, ки имрӯз шуҳрати ҷаҳонӣ ва маҳбубият дорад - абармард, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифта буд. Ин роҳи дурусте буд, ки он вақт мо ба он қадам гузоштем. Тӯли 25 сол ӯ тавонист қадам ба қадам, зина ба зина миллати парешонгаштаро ба ҳам орад, давлатеро, ки тифли навзодро мемонд, ба марди баркамолу тавоно табдил диҳад. Мардуми мо бояд бо чунин абармард ифтихор кунанд.
Мо, мардуми тоҷик, ғалат кардем ва дуруст аст, ки ғалат ислоҳпазир аст. Мардуме, ки иштибоҳ кард ва онро ислоҳ намуд, дар роҳи ҳақ қарор дорад. Имрӯз Пешвои миллат ва мардуми шарифи Тоҷикистон роҳи дурустро пеш гирифтанд. Ин роҳи ваҳдат аст. Ва ин иди ваҳдатро ман ба тамоми мардуми Тоҷикистон табрик мегӯям.
Ман шоҳиди рӯзҳои вазнини ба сари миллатомада будам. Дигар гиряи модарон, дар сӯги ҳамсар либоси мотам ба бар кардани занон, дар ҳасрати дидори падар ҳалқа задани об дар чашмони тифлонро дидан намехоҳам. Намехоҳам бубинам, ки Ватани ман дастнигари давлатҳои дигар бошад ва ба хотири манфиатҳои гурӯҳӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ боз ғӯта бар хуну хок занем. Ман, ҳарчанд дар паси панҷара будам, вале чашм аз хондани рӯзномаҳо накандаам, огаҳӣ аз вазъи ҷаҳон доштам. Абрҳо ҳанӯз ҳам мехоҳанд осмони софи кишвари моро ғуборолуд созанд. Вале мо акнун роҳҳои парешон кардани ин абрҳоро медонем. Ин ҳам бошад, аз ангуштони парешон ба бор овардани мушти қавист, ки номи он ваҳдат мебошад. Меҳвари ин ваҳдат бояд миллат ва Пешвои он бошад.
Ман дар ин рӯзи муқаддас ба зиёиёни кишвар рӯ меорам. Онҳо дар рӯзҳои вазнин натавонистанд пешоҳанги миллат ва мардуми Тоҷикистон бошанд, бозичае дар дасти гурӯҳҳо, ҳизбҳо, мазҳабиён, ифротгароён ва давлатҳои манфиатдор шуданд. Ҳоло ҳам ба гӯш мерасад, ки мегӯянд: “Мо бозичаи дасти дигарон шудем”. Ин ғалат аст. Мо ба хотири мансаб, манфиатҳои иқтисодӣ, ҳизбӣ, мазҳабӣ бозичаи дасти худамон гаштем.
Моро тақсим кардан мехостанд ва ин кӯшишҳо имрӯз ҳам ҷой доранд. Ба ёд оред сухани Юлиё Сезарро, ки 2,5 ҳазор сол пеш гуфта буд: “Ҷудоӣ андоз ва ҳукмронӣ кун”. Миллати оқил ҳаргиз гирифтори доми фиреби дигарон намегардад. Мо бояд дар гуфтор ва кирдори худ аз ақл кор гирем. Ақле, ки моро барои расидан ба орзуҳои миллиамон мерасонад.
Аз ин дидгоҳ назар меандозам ва ба мардуми азизам муроҷиат мекунам:
- Ба қадри миллат ва давлати озодамон бирасем, дигар ба ҷудоиандозӣ роҳ надиҳем, даст ба кор бошем, кишварамонро чун модарамон дӯст дорем ва ба хотири пешрафти он дар атрофи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид бошем.

Ҳафтаномаи «Тоҷикистон», № 25 (1171) аз 22 - юми июни соли 2016


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 531

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед