logo

ҳуқуқ

ҶАЗО ПОДОШИ АМАЛИ ҶИНОЯТКОРИСТ

Баъд аз содир шудани ҳукми суд нисбат ба аъзои фаъоли собиқ ҲНИТ ҳамчун як хонанда рӯ овардам ба расонаву сомонаҳои интернетӣ, то аз назари мардум дар ин бора огоҳ шавам. Дарёфтам, ки дидгоҳи аксари шаҳрвандон ба ҳукми суд ва аъмоли афроди маҳбасшуда дурусту воқеист. Вале, ҷойи нигаронист, ки дар пасманзари ҳукми суд бархе аз созмонҳои хориҷӣ беасос садо баланд карда, шаффофияти онро зери суол мебаранд. Онҳо аз зиндонӣ шудани хиёнаткорон нороҳатии худро баён медоранд, вале аз ҳаводиси хунине, ки аъзои ҲНИТ роҳандозӣ карданд, камтар ҳарф мезананд.

Таърих гувоҳ аст, ки баъд аз ранҷу машаққати зиёди солҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ мо ба ваҳдати миллӣ даст ёфтему дар кишвар сулҳу субот пойдор гардид. Имрӯз субҳи мо таровату оҳанг, шомамон накҳату тафреҳ дорад. Майдоне, ки 25 сол қабл дар маркази пойтахт оғуштаи хун буд, феълан ба боғи хушнакҳате табдил ёфта, чун макони дилрабо дар хидмати сокинону меҳмонони Душанбе қарор гирифтааст.
Волоияти қонун, мардумсолорӣ, озодиву озодандешӣ дар ҷомеаи навини тоҷик ҳукмфармо шудааст, ки ҳеҷ як таҳлилгару коршинос 25 сол қабл чунин рафоҳи зиндагиро пешбинӣ ва ё пешгӯӣ карда наметавонист. Аммо ҳодисаи нангине, ки моҳи сентябри соли 2015 ба амал омад, амали зишту хиёнаткоронаест, ки мардуми сулҳпарвари тоҷикро нигарон кард. Зеро тарроҳону иштирокчиёни ҳамлаи мусаллаҳона қасди анҷом додани табаддулоти давлатӣ доштанд, ки дар ниҳоят кӯшиши аз байн бурдани сулҳу субот дар ҷомеа буд. Хушбахтона, мардуми огоҳ ин бор фирефтаи гурӯҳҳои манфиатҷӯ нагардида, бо рахнагарони ваҳдату якпорчагии давлат муқовимат ва дар амри саркӯб намудани хиёнаткорон ба неруҳои низомии кишвар ёрии амалӣ хешро расонданд. Ин ҳодисаи нангин нишон дод, ки мардуми тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ намегузорад, ки сулҳу субот дар кишвар халалдор гардад.
Тири хокхӯрдаи собиқ муовини вазири мудофиаи кишвар Абдуҳалим Назарзода нишон дод, ки ӯ бо сарварии роҳбари собиқ ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ ва дигар фаъолони он нақшаи табаддулоти давлатиро тарҳрезӣ карда, аллакай санаву соатро муайян намуда, ба тарафдорону хоҷагонашон номаҳо ирсол карда будаанд. Қасд доштанд бори дигар ба сари миллати тоҷик чодари ғаму ғуссаро бипӯшонанд. Аммо номусу кордонӣ ва хираду нанги миллати тоҷик ба ин амали разилона роҳ надод!
Мунтаҳо тарроҳону гунаҳкорон, ки дар натиҷаи амали ваҳшиёнаи онҳо чанд нафар аз кормандони мақомоти қудратӣ ба шаҳодат расидаву қисмати дигар захмдор шуданд, ба сазои аъмоли худ расиданд. Ҳанӯз роҳбари ин гурӯҳи муташаккили террористӣ Муҳиддин Кабирӣ, ки якчанд моҳ қабл аз амалӣ кардани нақшаи худ дар табаддулоти давлатӣ тарки Тоҷикистон карда буд, дар хориҷи кишвар қарор дорад. Аъзои дигари ин гурӯҳи ҷиноятпеша боздошт ва ҳабс шуданд. Хушбахтона, Худованд моро аз он рӯзи бад нигаҳ дошт ва гунаҳкоронро ба дасти адолат супурд. Пас чаро имрӯз мо хурсанд аз он набошем, ки душманони миллат ба ҳадафи нопоки худ нарасиданд ва ҷазои сазоворро гирифтанд.
Баръакс барои ҳифзи ин арзишҳо моро зарур аст, ки дар таҳкими ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошем. Нагузорем, ки хиёнаткороне, чун пешвоёну пайравони собиқ ҲНИТ камари ваҳдатро бишкананд, сулҳу салоҳи пойдорро халалдор ва Тоҷикистони азизро аз роҳи рушд боздоранд.

Зафар НИЗОМОВ,
омӯзгори собиқадор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 456

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед