logo

ҳуқуқ

БЕМАСЪУЛИЯТИИ МАСЪУЛОН

СУХАН ДАР БОРАИ РИОЯ НАШУДАНИ ТАЛАБОТИ ҚОНУН ДАР МУАССИСАҲОИ ТАЪЛИМИИ ВИЛОЯТИ СУҒД МЕРАВАД
Прокуратураи вилояти Суғд ҳолати риоя ва иҷрои талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар фаъолияти муассисаҳои томактабии давлатӣ ва хусусии вилоят мавриди санҷиш қарор дод.

Муайян гардид, ки дар муассисаҳои томактабӣ дар баробари пешравиву дастовардҳо камбудиҳои ҷиддӣ низ ҷой доранд. Масалан, кӯдакистонҳои ғайридавлатии «Офтобаки Гулбаҳор» - и ноҳияи Ашт, рақами 2-и деҳаи Пастиғав ва Оббурдони ноҳияи Кӯҳистони Мастчоҳ бе иҷозатнома фаъолият доштаанд. Нисбат ба мудирони онҳо парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ оғоз карда шуд.
Дар масъалаи бо ғизои сервитамин, лазиз ва дар маҷмӯъ ба меъёр ҷавобгӯ таъмин намудани муассисаҳои томактабӣ низ ба камбудиҳои зиёд роҳ дода шудааст. Дар шаҳри Хуҷанд барои ҳар кӯдак дар як моҳ 60 сомонӣ муқаррар гардидааст, ки тибқи нархнома ба ҳар кӯдак 1.94 сомонӣ рост меояд. Ҳарчанд бо ин мақсад аз буҷети шаҳр маблағи муайян ҷудо шудааст, сифати хӯроки кӯдакон паст мебошад. Ин дар ҳолест, ки ғизои пастсифат ба камхунӣ, суст шудани иммунитет ва лоғаршавии кӯдак боис мегардад. Дар ин раванд вазъият дар кӯдакистони № 8 - и ноҳияи Спитамен, рақамҳои 7,14,13, муассисаи ғайридавлатии «Офтобаки Гулбаҳор» - и ноҳияи Ашт ташвишовар аст. Муассисаи ғайридавлатии «Баҳром Бобоев» - и шаҳри Конибодом нархномаро барои як кӯдак 190 сомонӣ дар як моҳ муайян ва тасдиқ карда бошад ҳам, онро бо Раёсати зиддиинҳисории вилоят мувофиқа накардааст.
Санҷиш нишон дод, ки ҳолати на ҳамаи муассисаҳои томактабӣ ба талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини амнияти санитарию эпидемиологии аҳолӣ” ҷавобгӯ мебошад. Аз ҷумла, дар муассисаҳои томактабии ноҳияи Зафаробод ҳаммом умуман вуҷуд надорад, хатҳои интиқоли об таъмирталаб буда, бо зарфҳо об мекашонанд. Мизу курсиҳо шикаставу зарфҳои хӯрокхӯрӣ куҳнаву фарсуда гаштаанд. Муассисаҳои томактабии ноҳияи Мастчоҳ бошанд, дар ҳолати садамавӣ ва ғайрисанитарӣ қарор доранд. Дар як қатор шаҳру ноҳияҳо таъмини ҳарорати номуътадили биноҳо, муайян накардани ҷойи партовгоҳҳо ва безараргардонии онҳо ошкор гардиданд.
Риояи қоидаҳои санитарию эпидемиологӣ барои кӯдакистонҳо зарур ва ҳатмӣ мебошад. Боиси нигаронист, ки аз муоинаи тиббӣ нагузаштани кормандон, бе либоси махсуси корӣ фаъолият намудани онҳо, таъмирталаб будани биноҳо дар шаҳри Панҷакент, ноҳияҳои Мастчоҳ, Бобоҷон Ғафуров, Спитамен ҷой дошта, боиси нисбат ба шахсони масъул оғоз кардани парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ гардидааст.
Дар ҷараёни санҷишҳои прокурорӣ муайян гардид, ки дар баъзе муассисаҳо маблағҳоро ғайриқонунӣ азхуд кардаанд. Масалан, ба мудири кӯдакистони № 1 - 2 - и ноҳияи Ашт ва ёрдамчии мураббия барзиёд додани музди меҳнат, дар муассисаи ғайридавлатии «Офтобаки Гулбаҳор» пардохт нагардидани андоз ба маблағи 9365 сомонӣ сабт гардид. Дар муҳосиботи Ҷамоати шаҳраки Пролетар вобаста ба истифодаи маблағҳои буҷетӣ ба қонуншиканӣ роҳ дода, ба кормандони муассисаҳои томактабии № 1, 2, 19 - и дар ҳудуди ҷамоат фаъолиятдошта музди меҳнат барзиёд пардохт шудааст. Зарари аз ин ҳисоб расида 32656 сомониро ташкил медиҳад. Ҳолатҳои нодуруст ҷамъоварии маблағҳо, пардохт накардани андозҳо дар муассисаҳои томактабии «Офтобак» - и ноҳияи Зафаробод, шаҳру ноҳияҳои Исфара, Гулистон, Истиқлол, Айнӣ, Бӯстон, Шаҳристон, Деваштич ошкор ва нисбат ба шахсони масъул чораҳои қонунӣ андешида шуданд.
Масъалаи ташвишовари дигар таъмини муассисаҳо бо кадрҳои соҳавӣ мебошад, ки боиси нигаронист. Санҷишҳои прокурорӣ собит сохтанд, ки дар ноҳияи Ашт аз 14 мудир танҳо 3 нафар соҳиби маълумоти олӣ мебошад. Вазъият дар ноҳияи Зафаробод низ чандон хуб нест. Мудири кӯдакистони № 57 ғоибхони факултаи ҳуқуқшиносӣ буда, 9 нафар маълумоти олӣ, се нафар олии нопурра, 47 нафар миёнаи махсус дошта, ноҳия ба 21 нафар мутахассиси дигар ниёз дорад. Айнан чунин вазъият дар муассисаҳои рақамҳои 3, 5, 9, 13, 14 - и шаҳри Конибодом ба қайд гирифта шуданд.
Прокуратураи вилояти Суғд баҳри бартараф намудани камбудиҳои ҷойдошта 29 амр, 6 эътироз оварда, 128 парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва 2 парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардааст.

Зафар ҚАЮМЗОДА,
сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо оид ба ноболиғон ва ҷавонони прокуратураи
вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 392

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед