logo

сиёсат

АСЛИҲАИ МУҲИМИ ҲАЛЛИ МУШКИЛОТ

Дар марҳилаи аввали истиқлолият, замоне ки дар минтақаҳои ҷудогонаи ҷумҳурӣ даргириҳо идома доштанд ва мардум ҳанӯз пурра ба ҳаёти осоишта нагузашта буд, мушкилоти иҷтимоӣ ва набудани амнияти комил фаъолияти пурра ва самараноки сохторҳои давлатӣ, аз ҷумла мактабҳои таҳсилоти олии касбӣ ва муассисаҳои илмӣ - тадқиқотиро низ халалдор месохт. Соҳаи фаъолияти илмӣ дар ин давра ба дастгирии давлат ва ба роҳ мондани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар ин самт эҳтиёҷи зиёд дошт.

Бо вуҷуди мураккабии вазъият, дар ин давра аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ баъзе тадбирҳои муҳим ва муфид амалӣ гардиданд, ки онҳо барои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи илм мусоидат намуданд. Аз ҷумла, 13 марти соли 1992 дар шаҳри Москва миёни 12 ҷумҳурии собиқ Шӯравӣ (ба истиснои ҷумҳуриҳои соҳили Балтик) “Созишнома дар бораи ҳамкориҳои илмӣ - техникӣ дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил” ба имзо расонда шуд ва ин аввалин ҳуҷҷати расмӣ дар бораи ҳамкориҳои илмӣ миёни ҷумҳуриҳои номбурда дар шароити истиқлолият ба шумор меравад. Дар заминаи ҳуҷҷати мазкур 15 майи ҳамон сол дар шаҳри Тошканд “Протокол дар бораи тасдиқи Низомнома оид ба Шӯрои байнидавлатии илмӣ - техникӣ” аз ҷониби 12 ҷумҳурии собиқ Давлати шӯравӣ ба имзо расид, ки ин ду ҳуҷҷат барои ҳамкориҳои минбаъдаи кишварҳои узви ИДМ дар самти тадқиқотҳои бунёдӣ, тарбияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогӣ, тарбияи мутахасассони дорои таҳсилоти олӣ, ҳимояи моликияти зеҳнии миллат ва мубодилаи иттилооти илмӣ-техникӣ нақши муҳим гузоштанд.
Аз соли 1995 ҳамкориҳои илмии миёни Тоҷикистону кишварҳои хориҷӣ, алалхусус кишварҳои узви ИДМ вусъати тоза пайдо намуд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми сафарҳои хориҷӣ ва вохӯриҳо бо назардошти вазъи мавҷуда ба ин масъала таваҷҷуҳи бештар зоҳир мекарданд. Чунончи, 7 сентябри соли 1995 дар вохӯрии Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия В. С.Черномирдин мавзӯи ҳамкориҳои миёни ду кишвар дар соҳаи илму тарбияи кадрҳои илмӣ мавриди баррасии махсус қарор дода шуд ва тибқи натиҷаҳои ин вохӯрӣ, тарафҳо барои омода намудани созишномаи байнидавлатӣ оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи номбурда уҳдадор гардиданд. Тибқи натиҷаҳои ҳамин вохӯрӣ Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» аз 30 марти соли 1996 № 126 қабул гардид, ки он дар ҳамкориҳои минбаъдаи ин ду кишвар дар самти илм ва тарбияи кадрҳои илмӣ нақши калидӣ дошт. Ҷиҳати иҷрои қарори мазкури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созишнома бо Ҳукумати Федератсияи Русия оид ба ҳамкориҳо дар самти илм аз 12 феврали соли 1997, ки дар шаҳри Душанбе ба имзо расида буд, 1 сентябри соли 1997 № 395 Қарори навбатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тасъсиси Комиссияи аттестатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» қабул карда шуданд.
Дар ин давра (1996-2000) созишномаҳо «Дар бораи барномаи ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаи ташкил ва истифодаи техника ва технологияи нав, мубодилаи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-техникӣ дар давраи то соли 2000-ум», «Дар бораи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Федератсияи Русия дар бораи таъсис ва фаъолияти ташкилоти илмии байналмилалии «Помир-Чақалтой» ба имзо расонда шуданд. Инчунин, бо мақсади нигоҳдорӣ ва рушди неруи илмӣ-техникии ҷумҳурӣ ва таҳким бахшидани ҳамкориҳои илмӣ, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Пажӯҳишгоҳи муттаҳидаи таҳқиқоти ядроӣ» аз 2 июни соли 1997 № 257 қабул гардид, ки ин, бешубҳа, барои анҷом додани таҳқиқотҳои муштараки олимони тоҷик бо ҳамкасбони хориҷии худ, ҳамзамон фаъолияти олимони тоҷик дар ин маркази байналмилалии илмӣ воқеъ дар шаҳри Дубнаи вилояти Москва, барои илми тоҷик ва тарбияи кадрҳо дар ин самт аз аҳамият холӣ нест. Мавриди ёдоварист, ки айни ҳол чанд нафар муҳаққиқони тоҷик дар ин маркази бонуфузи илмӣ ба омӯзиш ва таҳқиқот машғуланд.
Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамкориҳои байналмилалиро дар соҳаи илм вусъат бахшида, бо қарорҳои худ «Созишномаи миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи тарбия ва аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмӣ-педагогии тахассуси олӣ» (1996), «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Штатҳои Муттаҳидаи Америка оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва технология» (1996), «Дар бораи тасдиқи Созишномаи байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Арабии Миср оид ба ҳамкориҳо дар соҳаи илм ва фарҳанг» (1997) ва «Дар бораи тасдиқи Созишнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба тартиб ва шароитҳои ҷалби ташкилотҳои илмӣ, олимон ва мутахассисони давлатҳои ширкаткунанда ҷиҳати иҷрои барномаҳои миллии илмӣ-технологӣ» (1998) -ро тасдиқ намуд.
Яке аз қадамҳои устувор ва ҷасуронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт, қабули қарор аз 15 марти соли 1999 № 86 «Дар бораи ворид намудани иловаҳо ба Қарори Девони Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 январи соли 1992 № 23 «Дар бораи ба ихтиёрдории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузарондани муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеи собиқ Шӯравӣ, ки дар ҳудуди ҷумҳурӣ қарор доранд» маҳсуб мешавад. Ҳукумати Тоҷикистон бо ин қарори худ «Стансияи илмии таҳқиқоти кайҳонии «Помир-Чақалтой» (воқеъ дар ноҳияи Мурғоб) -ро, ки то ин вақт ҳамчун мероси замони шӯравӣ аз ихтиёрдории Ҷумҳурии Тоҷикистон берун буд, ба моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намуд ва баъдтар он бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилоти илмии байналмилалии «Помир-Чақалтой» табдил дода шуд.
Дар маҷмӯъ, дар замони истиқлолият аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 70 санади муҳими давлатӣ оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи илму техника ва тарбияи кадрҳои илмӣ қабул гардида, айни ҳол дар ин самт бо зиёда аз 30 кишвари дунё ҳамкориҳои судманд ба роҳ монда шудаанд.
Муҳим будани қабули санадҳои мазкур, пеш аз ҳама, аз он бармеояд, ки илми асри ХХI дар ҳалли масоили рушди устувори иқисоди ҷаҳон, кашфи кайҳон, ҳалли мушкилоти глобалӣ ва хусусан, масоили рушди инсон нақши муҳимтаринро мегузорад.

Абдураҳмон ҚУРБОНОВ,
доктори илми фалсафа,
сардори раёсати таҳлили масъалаҳои иҷтимоии МТС назди Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 578

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед