logo

ҳуқуқ

РАҚАМҲОИ ҚАЛБАКӢ: НАЗОРАТ ПУРЗӮР МЕШАВАД

Аз таҳлили вазъи тартиботи ҳуқуқӣ бармеояд, ки аксари қоидавайронкуниҳо дар соли 2015 бо истифода аз воситаҳои нақлиёт содир шудаанд, ки 85 дарсади шумораи умумии ҳуқуқвайронкуниҳо ё 1597791 ададро ташкил медиҳанд. Қоидавайронкуниҳое, ки бо истифода аз рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ содир гардидаанд, боиси нигаронист, - иброз дошт Аъламшоҳзода Абдураҳмон, муовини якуми вазири корҳои дохилӣ, зимни ташреҳи лоиҳаи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ба гуфтаи ӯ, баъди ба фаъолият шурӯъ намудани Маркази автоматикунонии идораи нақлиёт ва тартиботи ҷамъиятии Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ ҳолатҳои бо рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ идора намудани воситаи нақлиёт зиёд ба чашм мерасад. Ронандагони воситаҳои нақлиёт ба мақсади пардохт накардани маблағи ҷаримаи маъмурӣ вобаста ба вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, инчунин, ба хотири рӯйпӯш намудани кирдорҳои ҷиноятӣ ва ё дигар ҳуқуқвайронкуниҳо, ки тавассути таҷҳизоти техникӣ сабт мегардад, аз рақамҳои қайди давлатии бегона ё қалбакӣ истифода мебаранд. Теъдоди чунин ҳуқуқвайронкуниҳо дар соли 2015 нисбат ба соли қаблӣ қариб се маротиба афзуда, ба 2502 мерасад. Бинобар ин, моддаи 333 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар таҳрири нав таҳия ва санксияи он пурзӯр гардид. Тибқи лоиҳаи пешниҳодшуда ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима ба андозаи аз 10 то 15 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё маҳрум кардан аз ҳуқуқи идора намудани воситаи нақлиёт ба муҳлати аз 6 моҳ то 1 сол пешбинӣ шудааст.
Қисми дуюми моддаи мазкур, ки такроран содир намудани кирдори қоидавайронкуниро пешбинӣ менамояд, хориҷ ва меъёри он ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид мегардад.

Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 30.06.2016    №: 129    Мутолиа карданд: 465

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед