logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

СЕ ЭЛАКИ СУҚРОТ
Нафаре назди Суқрот омаду гуфт:
-  Оё  медонӣ, ки фалон дӯстат дар бораи ту чӣ мегӯяд?
- Хомӯш бош! - нидо кард Суқрот, - он чиро ки мехоҳӣ ба ман расонӣ, аввал аз се элак гузарону сипас гӯй.
- Се элак? – ҳайрон шуда  пурсид  мухотаб.
- Бале! Пеш аз он ки мехоҳӣ чизе бигӯӣ, онро ибтидо аз элаки ростӣ гузарон. Оё ба ҳақиқат будани хабарат  мӯътақид ҳастӣ?
- Не… Аммо аз як манбаи ҷиддӣ шунидам…
- Хеле хуб! Аз ин бармеояд, ки намедонӣ хабарат рост аст ё дурӯғ. Онро дар элаки дуюм - элаки  накӯӣ бибез. Оё дар бораи дӯсти  ман  чизи  мусбат мегӯйӣ? 
- Баръакс...
- Аҷиб! Пас мехоҳӣ  дар бораи дӯсти ман чизи баде гӯйӣ, ки рост ё дурӯғ буданашро  намедонӣ. Элаки сеюм - элаки зарурат аст.  Мутмаинӣ, ки он гуфтаро бояд ман донам?
- На, зарур намедонам…
- Он чи ки ту мехоҳӣ ба ман гӯӣ, - гуфт Суқроти ҳаким,  - на рост аст,  на нек ва на зарур. Пас чӣ  лозим аст, онро ба ман  расондан…
Таҳияи Одили НОЗИР

 

ПАНДИ ЛУҚМОНИ ҲАКИМ БА ПИСАРАШ
Эй писар, ман бузургони зиёдеро вохӯрдаам ва аз онҳо чанд чизро омӯхтаам. Инак, барои ту мегӯям:
Дар маҷлиси ҳар касе бошӣ, забонатро ҳифз намо!
Дар хонаи ҳар касе бошӣ, чашмонатро ҳифз намо!
Барои хӯрдан нишастӣ, меъдаатро ҳифз намо!
Аммо ду чизро ҳаргиз ба ёдат наовар ва набигӯй. Нахуст, бадиҳои мардумро, ки ба ту раво дидаанд ва дувум некиҳоеро, ки барои дигарон кардаӣ.

 

 

БУЗУРГОН ЧӢ КОР МЕКУНАНД?
Бузургеро пурсиданд:
 - Ту барои тарбияи фарзандонат чӣ мекунӣ?
Гуфт:
- Ҳеҷ!
Гуфтанд:
- Магар мешавад? Пас чаро фарзандони ту чунин хубанд?!
Гуфт:
- Ман дар тарбияи худ кӯшидам, то тарбиятгари хуб барои онон бошам. Фарзандон гуфтори рост ва рафтори дурусти падару модарро мебинанд. На амру рафторҳои беҳудаи волидайнро, ки худ  аз рӯи онҳо амал намекунанд!
Таҳияи Бузургмеҳри БАҲОДУР


ШУҲРАТИ Ӯ ТАНҲО ДАР ИҶРОИ НАҚШИ ШТИРЛИС НАБУД
Вячеслав Тихонов. Ин ном барои ҳама ошност. Ҳамагон медонанд, ки ӯ Штирлиси оромтабиат ва ба кори худ усто буда, бо ҳамин хислаташ маҳбуби миллионҳо шудааст. Соли 1948 барои ҳунарпеша ибтидои ба синамо гаравиданаш буд. Дар ҳамин сол ӯ дар филми «Гвардияи ҷавон» яке аз нақшҳои марказиро иҷро кард. Аз филми аввал Вячеслав маҳорати хуб нишон дода, шуҳратманд гашт. Паси ҳам ӯро режиссёрҳо ба ҳамкорӣ мехонданд. Қуллаи шуҳратмандшавии Тихоновро солҳои 60 - ум мешуморанд.
«Барои ҳунарпеша давр вуҷуд надорад. Агар барои ягон ҳунарманд ин вуҷуд дошта бошад, фикр мекунам, ин давр на қуллаи шуҳратёбӣ, балки интиҳои давронаш аст», - мегӯяд Тихонов. Ба ин ақидаи ҳунарпеша розӣ шудан мумкин аст. Мақсади Тихонов доимо як зайл хизмат расондан ва бо тадриҷ тараққӣ кардани ҳунарманд ва ҳама даври фаъолияташ яксон будан мебошад.
Тихонов ҳунарпешаи сермаҳсул аст. Аз ҷумла, дар филмҳои «Гвардияи ҷавон», «Максимка», «Воқеае дар Пенково», «Ҳодисаи фавқулода», «Ахтари моҳи май», «Муштоқи дидор», «Мичман Панин», «Ҳаёти дубора», «Шамол аз ҳафт ҷониб», «Ҷанг ва сулҳ», «То рӯзи душанбе зинда хоҳем монд», «Фронти беканор», «Бими сафеди гӯшсиёҳ», «Ҳарб ба муқобили ҳарб», «Онҳо сарбози Ватан буданд», «Тахассуси ҳунарпешаи синамо», «Ҷанг дар ақибгоҳи душман», «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор», «Воқеаи некбинона» ва ғайра нақшофарӣ намудааст. Вақте ки аз Тихонов пурсиданд, чаро ту дар филмҳо шахси табиатан ором ва сулҳхоҳӣ, чунин ҷавоб додааст: «Аввалан, режиссёр қабл аз тақсим намудани нақшҳо бояд истеъдоду имконият ва хоҳиши ҳунарпешаро ба эътибор гирад. Баъд нақшро ба ӯ супорад. Ман оромтабиатам. Режиссёрҳо ин ҷиҳатро ба назар гирифта, ба ман мувофиқи худам нақш медиҳанд».
Тихонов нақшҳои зиёд офарида, аксаран муваффақ шудааст. Аммо нақши разведкачии шӯравӣ - Штирлис (Максим Максимович Исаев) дар филми «Ҳабдаҳ лаҳзаи баҳор»  дар ҳаёти эҷодии ӯ нақши барҷаста дорад. Филми мазкур, ки Тихоновро шуҳратёр кард, режиссёр Татяна Лиознова аз рӯи асари адиби шинохта Юлиан Семенов таҳия намудааст.
Пури САЙИД

 

НАХУСТИН БАЛЕРИНАИ ТОҶИК
Лутфӣ Зоҳидова нахустин раққосаи тоҷик аст, ки техникаи мушкили рақси классикӣ – балетро аз бар намуда, рӯи саҳна нӯги по (пуанты) истодааст.
Ӯ ҳунарнамоии худро аз соли 1941 дар ҳайати балети Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ оғоз намудааст. Нахустин партияи балети офариадааш Лиза аз балети «Эҳтиёткории аз ҳад зиёд» - и Л. Гертел буд.
Ба балерина партияҳои дар балети миллӣ офаридааш шуҳрати беандоза овардаанд. Лутфӣ Зоҳидова нахустин иҷрокунандаи партияи Лайлӣ дар балети машҳури «Лайлӣ ва Маҷнун» - и С. Баласанян мебошад. Ӯ, ҳамчунин, партияҳои Нозгул ва Дилбарро аз балети «Дилбар» - и А. Ленский ва Ҳаётро аз «Гилеми кабуд» - и М. Волберг бо маҳорати баланд офаридааст.
Нафосат ва ҷаззобияти ҳунараш бо пластикаи нозук ва маҳорати хуби артистиаш тавъам омада, ба ҳунарманд кумак мерасонданд, ки эҳсосоти қаҳрамонҳояшро хеле табиӣ инъикос намояд. Л. Зоҳидова аз зумраи он ҳунармандоне буд, ки малака ва маҳорати дар балет бадастовардаашро бо тарзу усулҳои рақси миллӣ омезиш дода, образҳои саҳнавиашро рангин менамуд. Муҳаққиқон ӯро ҳамчун беҳтарин иҷрокунандаи рақсҳои миллии «Занг» ва «Шодиёна» муаррифӣ намудаанд.
Л. Зоҳидова нахустин зани тоҷик буд, ки бо Ҷоизаи давлатии СССР (соли 1949) мукофотонида шудааст. Ҳамчунин ӯ аввалин бонуест, ки сазовори унвони баланди «Артисти халқии СССР» (1957) гардидааст.
Умари ШЕРХОН   

 

ПИРӮЗИИ ФАВҚУЛОДА
Соли 1992 Ҷоми мусобиқоти аврупоии футболро дастае бурд, ки набояд дар он ширкат мекард. Гап дар сари он аст, ки барканории тими миллии Югославия аз иштирок дар мусобиқоти Ҷоми Аврупо даҳ рӯз қабл аз шурӯи он мушаххас гардид. Он замон дар ҳудуди ин кишвар бархӯрдҳои мусаллаҳона ҷараён дошт ва Созмони Милали Муттаҳид алайҳи Югославия муҷозотро эълом намуд.
УЕФА низ ин иқдомро дастгирӣ кард ва бар ивази югославиҳо барои иштирок  дар мусобиқа мунтахаби Данияро, ки дар бозиҳои интихобӣ  дар  як гурӯҳ бо Югославия бозӣ менамуд, иҷозат дод.
Бо тааҷҷуби бузурги тамоми мухлисон мунтахаби Дания ба финал баромад ва дар он бар Олмон бо ҳисоби 2:0 пирӯз гардид. Ин ғалаба дар мавриде ба даст омад, ки футболбози беҳтарини Дания Микаэл Лаудруп бо сабаби ҷанҷол бо мураббиён дар бозиҳо ҳузур надошт.
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 

ДУ ОИЛА
Ду оила дар ҳамсоягӣ мезистанд. Дар яке зану шавҳарро кор ҳамеша ҷангу ҷидолу хархаша буд, дар дигаре бо меҳру муҳаббат, эҳтироми якдигар ва оромӣ ба сар мебурданд. Зани қайсарро рӯзгори осудаи ҳамсояаш устухони гулӯ буд ва ҳеҷ ақлаш намегирифт, ки онҳо чӣ тавр бе ҷанҷолу кашмакаш зиндагӣ мекунанд. Дар дил ба ҳамсоя ҳасад мебурд. Чун тоқаташ тоқ шуд, шавҳарашро фармуд, ки рафта сирри ин рӯзгори осударо бифаҳмад.
Мард ба ҳавлии ҳамсоя рафта, аз тиреза ба дарун чашм дӯхт. Дар ҳуҷра соҳибхоназан машғули рӯбучин буд. Ин лаҳза телефон занг зад ва зан саросема гулдони қиматро гирифта канори миз гузошт. Баъди чанд дақиқа шавҳараш ба ҳуҷра даромад. Ӯ гулдонро надида ба он дакка хӯрд. Ашёи қимат парчини фарш шуду пора - пора.
Марди ҳамсоя ин ҳодисаро дида яқин кард, ки зан ба хашм омада ба шавҳараш дармеафтад. Аммо ғайричашмдошт зан назди ҳамсараш омада бо мулоиматӣ гуфт: «Бубахш, азизам! Ман гунаҳгорам, ки гулдонро сари роҳ гузоштам». Ҷавоби шавҳар узри бештаре дошт: «На, ҷонам, гуноҳ аз ман гузашт. Бубахш, ки онро надида мондам».
Марди ҳамсоя бо димоғи сӯхта ба хонааш баргашт. Занаш гӯш ба даҳони шавҳар шуд, ки сирри хушбахтии оилаи он тарафи девор чӣ будааст. Мард ба ӯ тӯлонӣ нигариста, гуфт: «Ҳама гап дар он, ки дар ин оила ҳама гунаҳгоранду дар оилаи мо ҳама бегуноҳ».
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

Ғоиб САФАРЗОДА
ДАР МАЗАММАТИ ХОЛАБЕҒАМҲО
Кам кардем, бад накардем,
Шумораи чорворо
Корамон шуд сабуктар,
Паси алаф нагардем.

Дар хонаҳо гунҷишкон,
Аз коҳ лона карданд.
Мӯрчаҳо хонаҳо пур
Кайҳо зи дона карданд.

Дар адир хушк алаф шуд,
Алаф ҳама талаф шуд.
Ҷуворӣ мисли чӯб шуд,
Юнучқа ҳам ҷорӯб шуд.

Мошинҳо як сӯ бекор,
Бас вайрону валангор.
Сол ҳам қариб охир шуд,
Коҳу алаф нодир шуд.

Беғам чаро шумоед!
Бар аҳд бевафоед?
Ё гӯшту шир нафорид?
Ё шумо ғам надоред?
Фурсат кам аст, шитобед,
Илоҷи кор ёбед!

 


Дейл КАРНЕГӢ
ТАРС ТАШВИШРО МЕЗОЯД
Шумо ба суҳбат омодаед ва мехоҳед бидонед, ки чӣ тавр ба саломат умри зиёд дид? Ман боз суханони Алексис Карелро меорам. Ӯ гуфтааст: «Онҳое, ки дар муҳити пурдавуғеҷ ва пурмоҷарои шаҳр оромии худро аз даст намедиҳанд, ба касалиҳои асаб хеле кам гирифтор мешаванд». Оё шумо муқтадиред, ки дар ин гуна муҳит худро ором нигоҳ доред? Агар одами комил бошед, хоҳед гуфт: «Бале, ман нисбат ба муҳит зӯртарам, неруи ботинӣ дорам ва бо ёрии он бар ҳама чизи манфӣ ғолиб меоям». Яъне ҳар кадоми мо неруи дохилӣ дорем, вале ба он хеле кам муроҷиат мекунем. Агар қотеона ҷониби амали орзуҳои худ қадам занем ва баҳри беҳбудиҳои ҳаёт ҷидду ҷаҳд намоем, ҳатман ба комёбӣ ноил мегардем.
Вақти хушу димоғи чоқ ба ботини одам ёрӣ мерасонад, ки ба муқобили ҳар гуна бемориҳо мубориза барад. Агар хоҳед, ки аз ташвишу изтироб ва ҳаяҷон халос шавед, тарсро аз худ дур созед ва шукронаи ҳар рӯзи зиндагӣ кунед, аз субҳ то вақти хоб ором бошед, ғами фардо махӯред. Агар бадбахтие рӯй диҳад, худро аз даст надиҳед, фикр кунед, ки аз ин ҳам бадтар шуданаш мумкин буд. Душворие пеш ояд аз худ бипурс: «Агар мушкилоти худро ҳал накунам, ҳолати аз ин бадтар кадом хоҳад буд?». Хаёлан худро ба ҳолати бадтарин омода созед ва ба қисмат тан диҳед, он гоҳ оромӣ ёфта, ба ҳалли мушкилот даст занед.
Зарареро, ки ташвишу ҳаяҷон ба шумо мерасонанд, ба боди фаромӯшӣ наспаред. Дар ёд доред: «Одамоне, ки ба ташвишу ҳаяҷон мубориза бурда наметавонанд, ҷавон мемиранд». 
Тарҷумаи Нозирҷон ЁДГОРӢ

 

БЕРЁЗА ДАР БОРАИ ОН РИВОЯТҲО ЗИЁДАНД
Берёза ё буруж, яке аз дарахтони камёб буда, мансуб ба оилаи дарахтони сафедор аст. Дарахти буруж  хосияти шифобахшӣ низ дорад.  Дар Сибири Русия ин дарахтро ҳама хуб мешиносанд ва маззаи шарбаташро чашидаанд. Ба гуфтаи мутахассисон дар баҳорон аз ин дарахт то 10 литр шарбат гирифтан мумкин аст, ки онро барои санги гурда ва вараму шамолхӯрии шуш дармони хубе мешуморанд. Мутахассисон шарбати буружро дар тиб васеъ истифода мебаранд.
Он аз 30 то 45 метр қад кашида, то 100 ё 150 сол умр мебинад. 
Решаи буружро дар косметология истифода мебаранд. Малҳами он доғи пӯстро гирифта, онро сафеду маҳин менамояд.
Дар атрофи буруж ривоятҳо зиёданд. Иддае мегӯянд, ки агар он хушк шавад қашшоқӣ меорад. Ин дарахт гӯё ҳар гуна бадии ба шаҳр наздик омадаро дур мекардааст. Дар қадим аз пӯсти он ҳар гуна лӯхтакҳо месохтанд. Дар пӯсти буруж нома менигоштанд.
Ҳарчанд ин дарахт дар кишвари  мо кам ба чашм мерасад, лекин онро дар Боғи Ирами пойтахт дидан мумкин аст.
Сафаргул АЛИМОВА

 

«ҚИССАҲОИ КЕНТЕРБЕЙРИСК»
КИТОБЕ, КИ БО НАРХИ БЕШ АЗ 7 МИЛЛИОН ДОЛЛАР ФУРӮХТА ШУД
8 июли соли 1998 дар музоядаи «Кристис» ки дар шаҳри Лондон баргузор гардид, китоби Ҷефри Ҷосер бо номи «Қиссаҳои Кентербейриск» бо нархи 7 миллиону 394  ҳазор доллар  фурӯхта шуда, яке аз  серхаридтарин асар дар олам  маҳсуб ёфт. Нусхаи ин китоб соли 1477 аз тарафи Уилям Кэкстон дар Англя ба табъ расида, нахустин асари калонҳаҷми адабӣ эътироф гардида буд.
 Гулнисои САЪДОНШО

 

МӮРЧАҲО МАТЕМАТИКАРО МЕДОНАНД?
 Олимони энтомолог доир ба тарзи ҳаёти мӯрачаҳои «Cataglyphis fortis», ки дар биёбони Сахара умр ба сар мебаранд, соли 2006 таҳқиқоте гузаронданд ва тарзи роҳгардиву ҳиссиёти мӯрчаҳо таваҷҷуҳи онҳоро бештар ҷалб кард.
Пажӯҳиш нишон дод, ки мӯрчаҳо дар биёбони Сахара ба кофтукоби ғизо баромада, аз лонаҳояшон зиёда аз 10 метр дур мешаванд, вале ҳангоми баргашатан ба хона роҳи манзилро ба зудӣ пайдо мекунанд.
Олимони ҳашаротшинос исбот намудаанд, ки мӯрчаҳо ҳангоми баромадан аз хона қадамҳои худро ҳисоб мекунанд ва дар ҳолати баргаштан онҳо аз  рӯи натиҷаи рақами охирин қадам мезананд. Ҳатто торикии шаб ба онҳо халал намерасонад. Мӯрчаҳо бо ин роҳ ба лонаҳояшон ба зудӣ бармегарданд.
Муҳаққиқони соҳаи мазкур барои исботи ин амалиёташон яке аз мӯрачаҳоро ҷарроҳии пластикӣ намуданд. Олимон пойҳои мӯрчаҳои «Cataglyphis fortis» - ро бурида дар ҷояш, пойҳои мӯрчаҳои дигарро пайванд намуданд. Пас аз бо муваффақият ба итмом расидани ҷарроҳӣ онҳо мӯрчаро озмоиш намуданд. Мӯрча барои кофтукоби ғизо аз лонааш дур шуд ва ҳангоми баргаштан ба он ягон мушкил пеш наомад,  мӯрча ба осонӣ хонаашро пайдо кард. Аз ин ҷо бармеояд, ки мӯрчаҳо аз илми ҳисобу китоб бохабаранд, яъне математикаро медонанд.
Р. КАРИМОВ

 

10 БИНОИ БАЛАНДТАРИНИ ДУНЁ
Андеша доред, ки биноҳои баландтарини дунё дар қитъаи Амрико ҷойгиранд? Хато мекунед. Ҳоло аксарияти биноҳои осмонбӯс дар мамолики Шарқ қомат афрохта истодаанд.

1. Дар шаҳри Дубайи Аморати Муттаҳидаи Араб баландтарин бино дар рӯи Замин қомат афрохтааст. Burj Dubai мазмуни «Манораи Дубай» - ро дошта, баландиаш 818 метрро ташкил менамояд. Бино соли 2009 сохта шуда, аз 167 қабат иборат аст. Аҷибаш ин аст, ки вақти аз осмон нигаристан бинои Burj Dubai шакли гули гимменокаллисро ба ёд меорад.
2. Баландии манораи телевизионии воқеъ дар Гуанжоу (Чин) ба 610 метр мерасад. Бино соли 2009 мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
3. Баландии бинои CN Tower дар шаҳри Торонто (Канада) - 553,4 метр буда, онро соли 1975 сохтаанд.
4. Манораи телевизионии Останкинои Москва 540 метр баландӣ дошта, соли 1967 сохта шудааст.
5. Бинои 110 қабатаи маҷмӯаи Sears Tower воқеъ дар Чикаго (ИМА) 527,3 метр баландӣ дошта, онро соли 1974 бунёд кардаанд.
(Давом дорад)
Таҳияи Муҳаммадраҷаб БЕРДИЁРОВ

 

ДУЗДОНИ БОИНСОФ
1. Дузде, ки ноутбуки профессори Донишгоҳи Umeа (Шведсия) - ро дуздида буд, ҳамаи маводи дохили онро ба соҳибаш баргардонд. Вақте профессор аз гум шудани ноутбуки худ дарак ёфт, аз ҳуш рафт, зеро дар он заҳмати 10 - солаи ӯ сабт гардида буд. Дузд пас аз чанд вақт ба профессор флэшкаеро баргардонд, ки дар он ҳамаи маводи ноутбук мавҷуд буд.
2. Ба яке аз хонаҳои Саксонияи Поёнӣ ғоратгари яроқдор зада даромад. Вақте ӯ ба мураббӣ, ки кӯдакони ин хонаро тарбия мекард, таҳдид намуд, як кӯдаки 7 - сола тамоми пасандозҳои дар хона бударо оварда ба ғоратгар медиҳад, то мураббиашро озор надиҳад. Ғоратгар аз ин амали кӯдак чунон мутаассир гардид, ки ягон танга ҳам нагирифта, аз хона баромада рафт.
3. Шаҳрванди Бразилия, ки автомобилеро рабуда буд, онро ба соҳибаш баргардонд. Телефони соҳиби автомобил дар дохили он будааст ва соҳиби автомобил ба воситаи он бо дузд дар тамос шуда мефаҳмонад, ки айни ҳол дучори буҳрони сахти молиявӣ мебошад ва аз дузд хоҳиш кард, ки мошинашро баргардонад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

 

Саргузашти ибратомӯз
ГЕНРИ ФОРД
Генри Форд дар тамоми ҷаҳон бо гузоштани пояи саноати автомобилӣ машҳур аст. Волидайни ӯ барзгарони одӣ буданд, аммо Форди ҷавон ба зудӣ дарк кард, ки дар дилаш  хоҳиши тамоми умри худро дар корҳои саҳроӣ гузарондан вуҷуд надорад. Генри дар бачагӣ ба механика шавқ пайдо карда, ба таъмири соатҳо машғул гашт. Соли 1879 ӯ хонаро тарк карда, дар яке аз заводҳои Детройт ба кор даромад ва шабона таъмири соатҳоро идома дод. Он замон вай ҳафтае 3 доллар кор мекард.
Дар синни 28 - солагӣ Генри Форд ба ширкати Томас Эдисон, ки аввалин таҷрибаҳои худро бо муҳаррикҳо мегузаронд, ба кор омад. Вақте Генри ба синни 36 қадам гузошт, ӯ аввалин ширкати автомобилии худро таъсис дод, ки «Detroit Automobile Company» ном дошт. Баъди ду сол ширкат варшикаста шуд. Сипас, якҷоя бо шарики худ Леланд Форд ширкати «Henry Ford Company» - ро таъсис доданд, аммо шарикон байни худ  пархош карда, ширкатро ба зудӣ аз даст доданд. Дар синни 39 – солагӣ Форд дар ҳисоби шахсии худ ду кӯшиши нобарори оғоз кардани корро дошт.
Ӯ танҳо аз севумин ширкати таъсисдодааш дар соли 1903 комёб гаштанро мунтазир буд.
Дар он солҳо барои истеҳсоли як автомобил вақти бисёр ва заҳмати даҳҳо коргар сарф шуда, арзиши автомобилҳоро барои аҳолӣ баланд мегардонд. Вақти сохтани автомобилҳоро то ҳадди имкон кам кардан зарур буд. Форд тамоми раванди истеҳсолотро бозсозӣ карда, истеҳсоли зудамал ва самараноки муттасилро дар ҷаҳон ташкил кард. Бар замми ин, ӯ аз бартарияти тафаккури дастҷамъӣ истифода бурда, сехи истеҳсолиро ба майдони таҷриба табдил дод. Муҳандис Густав Свифт идеяи васлкунии конвейериро пешниҳод кард. Сэмуэл Колт ва Генри Лиланд истифодаи ҷузъҳои мутақобил ивазшавандаро пешниҳод карданд, Форд бошад, ин идеяҳоро дар истеҳсолоти оммавӣ ҷорӣ мекард. Дар натиҷа вақти васлкунии автомобилҳо аз 728 то 93 дақиқа кам карда шуд. Нархи автомобилҳо аз 1000 доллар  то 345 доллар поён рафт. Автомобил аз ашёи шукӯҳу шаҳомат барои давлатмандон ба як абзори муқаррарии синфи миёна бадал гашт. Ва асосгузори ширкати  «Форд моторс» яке аз одамони доротарини дунё гардид.
Таҳияи М. ТАБАРӢ


 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 610

21.11.2018


Аз таркиш дар Кобул беш аз 50 нафар ҳалок шуд

Ӯзбекистон нахустин намоишгоҳ-ярмаркаи байналмилалии содиротӣ мегузаронад

Могерини: «Иттиҳоди Аврупо «артиши аврупоӣ» ташкил карданӣ нест»

Табобати гепатити С дар Беларус аз арзонтарин дар Аврупост

Ҷаҳон дар як сатр

ДУШАНБЕ. Таҷлили нахустин ҷашни занони соҳибкор

ДЕВАШТИЧ. Тантанаи Рӯзи Президент

Иштироки мунтахаби футболи бонувон дар CAFA

20.11.2018


СУҒД. Оғози сохтмони раёсати маориф

ЛЕВАКАНТ. Конфронси илмӣ - назариявӣ ба ифтихори Иҷлосияи XVI

"Парасту" дар Тоҷикобод

Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои машварат дар Тошканд ҷамъ меоянд

Финляндия ҷонибдори ҳузури Россия дар Шӯрои Аврупо

Вазорати маорифи Афғонистон 30 ҳазор занро ба кор мегирад

Баррасии рушди инклюзивии иқтисоди қитъа дар Гвинея Папуаи Нав

Ҷаҳон дар як сатр

АНВАР ЮНУСОВ СОҲИБИ КАМАРБАНДИ WBF

"СОРО КОМПАНИЯ" ҒОЛИБИ ЛИГАИ КАСБИИ ФУТЗАЛИ ТОҶИКИСТОН

19.11.2018


ДЕВАШТИЧ. Авҷи созандагиҳо дар Ҷамоати деҳоти Яхтан

Артиши Сурия охирин истеҳкоми «ДИ» дар ҷануби кишварро зери назорат гирифт

Дар ҳама минтақаҳои Ӯзбекистон «мактаби президентӣ» месозанд

Роҳандозии барномаи махсуси давлатии ипотекӣ барои дӯзандагони Қирғизистон

Киштии зериобии «Сан Хуан» - ро дар уқёнуси Атлантика ёфтанд

Ҷаҳон дар як сатр

Кулишов: «Марзҳои ИДМ бо таҷҳизоти муосир таъмин карда мешаванд»

Дар Тоҷикистон омӯзгори забони англисӣ барои таблиғи «ДИ» 19 сол гирифт

Қазоқистон мубориза бо машруботро сахттар мекунад

Фоидаи туризм ба кадом шаҳри дунё бештар аст?

Ҷаҳон дар як сатр

"ИСТИҚЛОЛ" бори аввал барои Ҷоми чемпионҳои КФО мубориза хоҳад бурд

Омодагии тими миллӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон – 2022

УСМОН ТОШЕВ САРМУРАББИИ НАВИ ДАСТАИ МУНТАХАБ

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед