ҳуқуқ
ГУРЕЗ РОҲИ ХАЛОСӢ НЕСТ.
АКНУН ҶИНОЯТКОРОН ҒОИБОНА ҲАМ МАҲКУМ МЕШАВАНД
Таҳлили равандҳои ҷинояткорӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки шахсони алоҳида ва гурӯҳҳои ҷинояткор пас аз содир намудани ҷиноят, алалхусус ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин, бо мақсади аз ҷавобгарии ҷиноятӣ дар канор мондан, ба хориҷи кишвар фирор менамоянд ва парвандаҳои ҷиноятӣ нисбат ба онҳо солҳои тӯлонӣ беҳаракат мемонанд. Нисбат ба ин ҷинояткорон кофтуков эълон шуда, ба мақомоти дахлдори байналмилалӣ дархост ирсол шавад ҳам, натиҷаи дилхоҳ намедиҳад, - иброз дошт Раҳмон Юсуф Аҳмадзод, прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, зимни баррасии лоиҳаи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Мавсуф тазаккур дод, ки бо назардошти ин ҳолатҳо аксари кишварҳо, аз ҷумла Федератсияи Русия, Қазоқистон, Украина ва Қирғизистон, қонунгузории худро дар ин самт такмил дода, амалияи ғоибона баррасӣ намудани парвандаҳои ҷиноятии категорияи мазкурро истифода мебаранд. Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе иштироки судшаванда баррасӣ намудани парвандаи ҷиноятиро дар моддаи 280 пешбинӣ намуда бошад ҳам, муқаррароти алоҳидаи он барои бе иштироки айбдоршаванда анҷом додани тафтишоти пешакӣ ва ба суд ирсол намудани парвандаи ҷиноятӣ мамониат пеш меовард. Лоиҳаи мазкур ба бартараф намудани ин мамониатҳо равона шуда, имкониятҳои мурофиавии тафтиши пешакӣ ва баррасии судии парвандаҳоро оид ба ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин нисбат ба айбдоршавандагоне, ки берун аз ҷумҳурӣ қарор дошта, аз ҳозир шудан ба тафтишоти суд саркашӣ мекунанд, таъмин менамояд. Дар баробари ин, бо назардошти таъмини риояи ҳуқуқҳои шахсони ғоибона маҳкумшуда, лоиҳа бо роҳи ба моддаи 280 - и кодекс ворид намудани қисми нави 5 имконияти ҳангоми ҳозир шудани маҳкумшуда бо дархости ӯ ё ҳимоятгараш аз нав мавриди баррасӣ қарор додани парвандаи ҷиноятиро имконпазир менамояд. Зикр гардид, ки хароҷоти чунин мурофиаҳо аз ҳисоби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо пардохт мегардад.
Мунаввари САФАР, «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 2.07.2016 №: 130 Мутолиа карданд: 482