logo

иҷтимоиёт

«КОМБИНАТИ ПАНИР» ТАЛАБОТИ ҚОНУНРО РИОЯ НАМЕКУНАД, ЧАРО?

Вакилони Маҷлиси  намояндагони Маҷлиси Олӣ дар ҷаласаи муҳокимаи ошкорои порлумонӣ, ки дар он масъулони як қатор вазорату идораҳои дахлдори мамлакат иштирок доштанд, ҷараёни татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» - ро мавриди баррасӣ  қарор доданд.

Ҳилолбӣ Қурбонзода, раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ, оила ва ҳифзи саломатӣ, зимни баррасии масъала, аз ҷумла иброз дошт, ки барои санҷидани ҷараёни татбиқи қонуни мазкур аъзои кумита якҷо бо намояндагони вазоратҳои тандурустӣ, кишоварзӣ ва Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вилоятҳои Суғду Хатлон ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари корӣ анҷом доданд. Онҳо бо шароити кор ва ҳолати бехатарии маҳсулоти хӯроквории як қатор корхонаҳои истеҳсолии мамлакат, назири “Афзали Суғд”, “Кабири Хуҷанд” - и вилояти Суғд, коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти ширӣ, машрубот, намаки оши ҶДММ “Хоҷа Муъмин”, ҶДММ “Лазиз”, ҶДММ “Намакдон”- и вилояти Хатлон, ҶСК “Комбинати панир”, ҶДММ “Покиза-М”, ҶСП “Комбинати шири шаҳри Душанбе”, ҶДММ “Шириниҳои Шарқ” - и шаҳри Душанбе, сехҳои истеҳсоли шир, ҳасиб, обҳои ташнашикани шаҳру ноҳияҳои Ваҳдат, Турсунзода, Шаҳринав, Файзобод ва Рӯдакӣ шинос гардида, барои ислоҳи камбудиҳои ҷойдошта пешниҳодҳои мушаххас ироа доштанд.
Вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Гулбаҳор Ашӯрова зикр кард, ки талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бехатарии маҳсулоти хӯрокворӣ» дар аксари корхонаҳо риоя ва иҷро мегардад. Масалан, инро мо дар мисоли ҶСП «Комбинати шири шаҳри Душанбе», ҶДММ “Покиза - М”, ҶДММ “Тоҷ -  мол” - и шаҳри Турсунзода, ҶДММ “Амирӣ”- и ноҳияи Рӯдакӣ, ҶДММ “Лазиз” ва ҶДММ “Шириниҳои Шарқ”-и  шаҳри Қӯрғонтеппа, ҶДММ “Кабири Хуҷанд” ва “Порсои Хуҷанд” мушоҳида намудем. Дар ин корхонаҳо раванди технологии коркард ва истеҳсоли маҳсулоти хӯрокворӣ риоя гардида, ҳолати маҳсулоти хом, нимхом ва тайёр таҳти назорати қатъӣ қарор дорад. Озмоишгоҳҳо бо асбобу анҷом ва лавозимоти зарурии муосир таъминанд. 
Гурӯҳи корӣ, ҳамчунин аз ҶСК «Комбинати  панир» - и шаҳри Душанбе дидан кард, ки талаботи қонуни мазкурро риоя намекунад. Дар ин корхона истеҳсоли панир ва раванди технологии истеҳсоли маҳсулот ба роҳ монда нашудааст. Иқтидори лоиҳавии корхона коркарди то 2000 литр шир дар як шабонарӯз бошад ҳам, айни замон аз 80 то 120 литр ширро коркард мекунаду халос, ки боиси нигаронист. 
Дар ҷаласаи муҳокимаи ошкорои порлумонӣ зимни баррасии масъала муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Наврӯз Ҷаъфаров, вазири кишоварзӣ Изатулло Сатторӣ ва директори Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ибодулло  Қурбониён ибрози назар намуданд.
Вакилони Маҷлиси намояндагон аз рӯи масъалаи муҳокимашуда бо назардошти пешниҳод ва эродҳое, ки баён гардиданд, қарор ва тавсияҳои порлумонӣ қабул карданд.
Ҳ. САНГОВА, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 708

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед