logo

иҷтимоиёт

МЕДАЛИ ТИЛЛО ИН ДАФЪА БАРОИ БОНУВОНИ ИХТИРОЪКОРИ ТОҶИК

Муассисаи давлатии «Маркази миллии патенту  иттилоот» - и Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии  Тоҷикистон дар 9 – умин намоишгоҳи ихтироот, ки дар пойтахти Ҷумҳурии Корея – шаҳри Сеул баргузор шуд, ихтирооти 3 бонуи тоҷикро пешниҳод намуд, ки баҳои баланди Кумитаи тадорукотро сазовор  гардиданд. 
Ихтироъкорон Биҳамида Маҳкамова барои ихтирои ««Маҳлули  «Фитосуман»,  ҳамчун маводи зиддимикробӣ» бо медали тилло ва дипломи президенти Ассотсиатсияи ихтироъкорон ва навоварони Тайван, Заррина Яминова барои ихтирои «Тарзи ҳосилкунии оҳор барои нахи пахтагӣ» бо медали нуқра ва Мубаширахон Раҳимова барои ихтирои «Тарзи ҳосил кардани равғани зағир» бо медали биринҷӣ қадрдонӣ шуданд. 
Тибқи иттилои Ибодатхон Умедова, сармутахассиси Раёсати санҷиши давлатии ихтироот ва намунаҳои саноатии муассиса, соли ҷорӣ баҳри дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  дар самти дастгирии ҳамаҷонибаи кадрҳои лаёқатманд, навовару эҷодкор дар муассиса ташаббуси хуберо роҳандозӣ намуд:  аввалин маротиба ҷиҳати иҷрои тадбирҳо оид ба татбиқи «Стратегияи миллии рушди моликияти зеҳнии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои  2014 – 2020»  ва нақшаи  кори Шӯрои миллӣ оид  ба ҳамоҳангсозӣ ва рушди моликияти зеҳнии кишвар барои  соли 2016 озмуни ҷумҳуриявии «Навоварон ва ихтироъкорони наврас ва ҷавон»  гузаронда мешавад. Мақсади асосии озмун дарёфт намудани истеъдодҳои ҷавон, тарғибу ташвиқи соҳа дар байни толибилмон, донишҷӯён, унвонҷӯён, ҳамчунин, дастгирӣ ва ҳавасманд намудани ҷавонони лаёқатманде мебошад, ки ба фаъ-олияти навоварию ихтироъкорӣ шавқу рағбат доранд. 
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 471

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед