logo

порлумон

МАҲСУЛОТИ ЗАРГАРӢ. ҚОЧОҚИ ОН ПЕШГИРӢ МЕШАВАД

Дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров баргузор гардид, вакилон ду созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистонро бекор карданд. Инҳо Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон дар бораи ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи  ба таври сода баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба онҳо додани ҳуқуқи ба таври сода қабул кардани шаҳрвандии Ҷумҳурии Қирғизистон ва Созишномаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Қирғизистон оид ба тартиби содаи гирифтани шаҳрвандӣ мебошанд.

Маҳмадшариф Ҳақдод, муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, моҳияти бекор кардани ин созишномаҳои байнидавлатиро шарҳ дода, гуфт, ки онҳо бо назардошти ҳусни ҳамҷаворӣ, нигоҳдорӣ ва таҳкими муносибатҳои дӯстона ва неки ҳамсоягӣ қабул гардида, дар зарфи  14 сол амали таърихии худро пурра иҷро карданд. Назар ба гуфтаи мавсуф, ин амал ҳуқуқи соҳибихтиёрии гирифтани шаҳрвандии дигар давлатро маҳдуд намекунад, танҳо тибқи Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон», ки соли 2015 қабул гардида буд, татбиқ карда мешавад. Зикр гардид, ки Тоҷикистон бо Қирғизистон оид ба душаҳрвандӣ шартнома надорад.
Дар ҷаласа, ҳамчунин, лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2016» баррасӣ гардид. Ҷамшед Каримзода, муовини якуми вазири молия, иброз дошт, ки он ба мақсади роҳ надодан ба қочоқи маҳсулоти заргарӣ, кам кардани андозҳои пардохтҳои гумрукӣ ба он, инчунин, пешгирии  ҳолатҳои корруп-сионӣ, паҳн гардидани маҳсулоти бесифати заргарӣ ва ҷалби бештари маблағҳо ба буҷети давлатӣ таҳия гардидааст. Тибқи илова, бар ивази андоз аз арзиши иловашуда, аксиз ва боҷи гумрукӣ ҳангоми воридоти маҳсулоти заргарӣ, пардохтҳои махсуси гумрукӣ барои як грамм тилло 18 сомонӣ ва нуқра 3,6 дирам муқаррар шудааст. Таҳлили нишондиҳандаҳои барасмиятдарории маҳсулоти заргарӣ дар солҳои охир нишон медиҳад, ки ҳангоми воридот, бо сабаби баланд будани пардохтҳои давлатӣ, ки аз 40 то 42 дарсад арзиши молро дар бар мегирад,  ба таври қочоқ воридшавии ин маҳсулотро зиёд кардааст. Гуфта шуд, ки дар нуҳ моҳи соли 2015 аз Туркия тавассути ҳавопаймо соҳибкорони ватанӣ ба кишвар беш аз 700 килограмм маҳсулоти заргарии танҳо аз тилло ворид кардаанд, ки аз он 15 килограмм ба таври расмӣ ба қайд гирифта шудаасту халос. Аз 685 килограми он пардохтҳои гумрукӣ ба маблағи 39,7 миллион сомонӣ ба Буҷети давлатӣ ворид нагардидааст. Иловаҳои воридшуда ба таъсиси корхонаҳои муштараки коркарди ашёи хоми ватанӣ, бештар гардидани  ҷойҳои нави корӣ ва имкони ба кишвари содиркунандаи маҳсулоти дохилӣ табдил додани  Тоҷикистон шароит фароҳам меорад.
М. САФАР, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 10579

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед