logo

иқтисод

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА ИСТЕҲСОЛОТ

РУШДИ САНОАТИ КӮҲӢ ДАР НОҲИЯИ АЙНӢ
Неъматулло РАҲМАТУЛЛОЗОДА,
раиси ноҳияи Айнӣ

Ноҳияи Айнӣ, ки дар дили кишвар ҷойгир шуда, қисматҳои ҷанубу шимоли мамлакатро бо ҳам мепайвандад, бисёр фарзандони соҳибмаърифату донишманд ва баору номусро тарбия кардааст ва ҳар кадоми онҳо дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат кору фаъолият намуда, дар рушди илму маориф ва адабиёту фарҳанг саҳми босазо гузоштаанд.
Эмомалӣ РАҲМОН

Мардуми заҳматпешаи ноҳияи Айнӣ чун дигар сокинони мамлакат бо дарки баланди арзишҳои ватандорӣ ҷиҳати боз ҳам ободу зеботар намудани кишвари азизамон корҳои созандагиро тақвият бахшида, дар рушду нумуи диёри сарсабзи хеш саҳм мегузоранд. Сокинони сарбаланди ноҳия бо шукргузорӣ аз дастовардҳои беназири даврони Истиқлолияти давлатӣ беш аз ҳар вақти дигар дар татбиқи сиёсати бунёдгарои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки меҳвари асосии онро рушди бонизоми кишвар ташкил медиҳад, камари ҳиммат бастаанд. Ин аст, ки дар доираи ҳидоятҳои Сарвари давлат нишондиҳандаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия сол ба сол афзун гашта, сатҳу сифати зиндагии мардум беҳтар мегардад.
Қобили зикр аст, ки дар доираи ғамхориҳои Сарвари давлат ба манотиқи кӯҳистони кишвар дар замони Истиқлолияти давлатӣ ба ноҳияи Айнӣ зиёда аз 1870,0 миллион сомонӣ сармояи инвеститсионӣ ҷудо шуд, ки ба беҳдошти инфрасохтори кишвар, рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия заминаи мусоид гузошт. Дар натиҷаи тадбирҳои судманд ҳамаи бахшҳои хоҷагии халқ пеш рафта, устувории иқтисодиёт таъмин гашт ва зиёда аз 910 иншооти ҳаётан муҳим ва ҷашнии таъминоти истеҳсолӣ, иҷтимоӣ, ёрирасон ба истифода дода шуд. Дар ҳамин ҳол, қарор аст, ба пешвози 25 - умин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия 15 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шавад.
Дар соҳаи саноат, аз ҷумла саноати кӯҳӣ, солҳои охир як қатор пешравиҳо ба чашм расида, ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бахусус дар корхонаи муштараки Анзоб афзоиш ёфт. Чунончи, агар дар соли 2011 ҳаҷми истеҳсоли хокаи сурмаю симоб дар ин корхона 22141,2  тоннаро ташкил дода бошад, ин рақам дар соли 2014 ба 25553 тонна ва дар соли 2015 ба 29036,3 тонна расонда шуд. Гузашта аз ин, бо мақсади коркарди ниҳоии маҳсулоти корхона, коргоҳи нав - ҶММ «Комбинати металлургии Анзоб»  таъсис ёфт. Коргоҳи нав соли 2014 - ум 685 тонна, 2015-ум  913,8 ва дар 5 моҳи соли ҷорӣ 576,1 тонна металли сурма истеҳсол кард, ки ба ғанӣ гардондани  буҷет мусоидат намуд. Ҳамчунин, таъсиси коргоҳи нав ба муҳайё сохтани ҷойҳои нави корӣ шароит фароҳам оварда, наздик ба 100 нафар бо кор ва маоши хуб таъмин гардид.
Дар замони Истиқлолияти давлатӣ ҳаҷми истеҳсоли ангишт дар ноҳия ба таври бесобиқа афзоиш ёфт. Агар истеҳсоли ангишт дар соли 2011-ум  84,9 ҳазор тонна бошад, ҳаҷми истеҳсол дар соли 2015-ум 740945,4 тоннаро ташкил дод. Дар ин замина бояд гуфт, ки шурӯъ аз соли 2007 то ба имрӯз дар конҳои ангишт ба истеҳсоли кушоди коркарди ҳавзаи ангишт оғоз  карда шуд, ки ба афзоиши ҳаҷми истеҳсол ва паст шудани нархи маҳсулот замина гузошт. Дар кони тиллои Дуоба корҳои иктишофӣ ба анҷом расида, таъсиси корхона дар назар аст. Дар заминаи кони ангишти Работ бошад, таъсиси корхонаи нави истеҳсоли ангишт ва дар ҳавзаи Чулбоӣ корхонаи коркарди сурма ва тилло пешбинӣ шудааст.
Аз баракати соҳибистиқлолӣ роҳи Айнӣ - Панҷакент - сарҳади Ӯзбекистон навсозӣ, хати интиқоли барқи Хуҷанд - Айнӣ ва зеристгоҳи 220 кВт Айнӣ сохта шуда, бо иштироки бевоситаи Сарвари давлат мавриди истифода қарор гирифтанд. Ҳамзамон, неругоҳҳои барқи обии Марзич, Дижик ва Вешаб ба истифода дода шуданд, ки дар таъмини аҳолӣ бо неруи барқ муосидат намуданд.
Дар ин давра 82 километр роҳи аҳамияти ҷумҳуриявидоштаи ноҳия ба меъёрҳои ҷаҳонии роҳсозӣ мувофиқ сохта шуда, 8 кӯпруки ҳаҷми баробардориашон зиёда аз 70 тонна, 6000 метр хатҳои муҳофизатӣ сохта шуданд. Дар шоҳроҳи Айнӣ - Панҷакент бошад, дар ҳудуди ноҳия 9 кӯпруки калонҳаҷм, миёнаву хурд сохтаву навсозӣ  шуданд, 30 километр роҳҳои деҳаҳо низ мумфарш ва нуқтаҳои аҳолинишини шоҳроҳ ва маркази ноҳия чароғон шуданд. Ба дуртарин минтақаи  ноҳия - дараи Яғноб 30 километр роҳ сохта шуда, ду кӯпрук бунёд ва сохтмони роҳу пулҳои дигари деҳаҳои болооби водӣ идома дорад.
Тавре маълум аст, рушди соҳаи маориф сиёсати афзалиятноки Ҳукумати ҷумҳурӣ ба шумор рафта, дар партави талошҳои пайгиронаи роҳбарияти олии кишвар дар ин самт дастовардҳои қобили мулоҳиза ба миён омадаанд, ки дар ин миён ноҳияи Айнӣ низ истисно нест. Дар ноҳия 49 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, 17 мактаби асосӣ ва 4 муассисаи томактабӣ фаъолият мекунанд. Ҳамаи мактабҳо бо синфхонаҳои компютерӣ ва шароити хуби тадрис таъмин буда, дар замони истиқлолият ҳашт мактаб бо иншооти заруриашон аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ сохта шуданд. Ҳоло сохтмонҳо дар ин самт идома доранд.
Дар соҳаи тандурустӣ низ муваффақиятҳо кам набуда, дар ноҳия 57 муассисаи тиббӣ, аз ҷумла 8 беморхона, 22 маркази саломатӣ, 26 хонаи саломатӣ, маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ фаъолият мекунанд. Ба наздикӣ дар деҳаи Пишанза хонаи саломатӣ сохта шуда,  бинои  маркази саломатии Зарафшон таъмир гардид. Беморхонаҳои маркази ноҳия,  Урметан, Дарғ, Шаватки Боло, шаҳраки Зарафшон бо дастгоҳҳои муосири ташхисӣ таъмин шуданд. Аз ҳисоби маблағҳои буҷети ноҳия беморхонаҳои Урметан, Шаватки Боло, (бинои нав), Диҷик, шуъбаи сироятии  беморхонаи марказӣ таъмиру азнавсозӣ  гардиданд.
Бо ташаббуси Президенти маҳбубамон 150 - солагии шоири  шаҳири тоҷик Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ дар ноҳия таҷлил ва бинои боҳашамати Қасри фарҳанг бунёд гардида, бо пешниҳоди Пешвои миллат номи Нақибхон Туғрали Аҳрориро гирифт. Ҳамзамон, маҷмааи таърихию фарҳангии шоир аз нав бунёд гардид.
Мо  бояд  лаҳзае фаромӯш накунем, ки ободии Ватан, осудагию амнияти халқ, пешрафти иқтисодиёт вазифаи пурмасъулият ва пурифтихори ҳар шаҳрванди кишвар аст. Зарур аст, ки бо дарки ин масъулият ҳар яки мо дар татбиқи сиёсати созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муттаҳид гардида, дар гулгулшукуфии минбаъдаи Ватани азиз саҳмгузор бошем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 521

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед