logo

мулоқотҳо

МУЛОҚОТИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН БО ПИЕТРО САЛИНИ

1 июл дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбари Ширкати “Салини Импреҷило” ҷаноби Пиетро Салиниро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масъалаҳои вобаста ба ҳамкории ҷониби Тоҷикистон бо Ширкати «Салини Импреҷило» дар соҳаи гидроэнергетика, хусусан ҳамкорӣ дар сохтмони Неругоҳи барқи обии Роғун баррасӣ шуд. Зикр гардид, ки аз рӯи баҳогузориҳои техникиву иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоии лоиҳаи ин неругоҳ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ амалӣ гардид, сохтмони неругоҳ аз ҷиҳати бехатарӣ, техникӣ, иқтисодӣ ва экологиву иҷтимоӣ манфиатнок арзёбӣ шудааст.
Бо назардошти таҷрибаи ғанию имконияти васеи сармоягузорӣ ва ғолиби озмуни байналмилалӣ оид ба сохтмони иншооти НБО «Роғун» гардидани Ширкати «Салини Импреҷило” ин корпоратсияи сохтмонӣ ҳамчун шарики умедбахши Тоҷикистон дар идомаи сохтмони НБО «Роғун» арзёбӣ гардид. Дар ҳамин замина, иттилоъ дода шуд, ки байни Тоҷикистон ва Ширкати «Салини Импреҷило» доир ба лоиҳакашӣ, харид ва сохтмони иншооти НБО “Роғун” ба маблағи 3,900 миллиард доллари ИМА шартномаи ҳамкорӣ ба имзо расидааст.
Ҷонибҳо изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти Ширкати «Салини Импреҷило» дар Тоҷикистон боз як омили пешравӣ дар рушди иқтисодиёт гардида, ба ҷалби ин корпоратсияи бонуфузи сохтмонӣ дар татбиқи дигар лоиҳаҳои сармоягузории кишвари мо мусоидат менамояд.

 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 2.07.2016    №: 130    Мутолиа карданд: 7921

25.09.2018


Тавсеаи равобити байнипарлумонии Тоҷикистону Корея

Баргузории ҷамъомад оид ба пешгирии ҷинояткорӣ

Анҷоми марҳилаи якуми амалиёти «Кӯкнор-2018»

Гутерриш ба муборизаи фаъолтар алайҳи маводи мухаддир даъват сохт

Теъдоди қурбониёни садамаи киштӣ дар Танзания ба 225 нафар расид

Сеул барои дучандсозии теъдоди сайёҳон $640 миллион харҷ карданист

Фаронса қатораи дуошёнаи тезгард месозад

Ҷаҳон дар як сатр

Ҷом насиби кӣ мешавад?

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед