ҳуқуқ
ПУРСИШ ВА ПОСУХ
Ба саволҳо Фарҳод Тоиров - роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон ва Ғуфрон Бойматов, узви мушовараи адвокатҳои вилояти Суғд, ҷавоб доданд, Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238 - 54 – 16 ба мо муроҷиат намоянд.
- Манзили истиқоматии сеҳуҷрадор дорам, ки дар ошёнаи якум ҷойгир аст. Мехоҳам, ки аз тарафи кӯча дар боз намуда, манзили истиқоматиамро ба нуқтаи хизматрасонии компютерӣ, масҳи муолиҷавӣ ва кошонаи ҳусн табдил диҳам. Барои амалӣ намудани ин ниятам ба куҷо муроҷиат намоям?
Муҳаббат, сокини шаҳри Қӯрғонтеппа
- Дар асоси моддаи 54 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон азнавсозӣ ва дигар кардани тарҳи манзили истиқоматӣ танҳо бо иҷозати мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ва молик анҷом дода мешавад. Мутобиқи моддаи 12 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад, давлат фаъолияти озоди иқтисодӣ ва соҳибкориро кафолат медиҳад. Аз ин рӯ, шуморо лозим аст, ки барои гирифтани иҷозат ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Қӯрғонтеппа муроҷиат намоед. Оид ба нуқтаи масҳи муолиҷавӣ бошад, ғайр аз иҷозати расмии мақомот ва бақайдгирӣ дар нозироти андоз, иҷозатномаи махсуси хадамоти тиббиро низ бояд дастрас кард.
* * *
- Соли 2006 бо Дилшод Яҳёев оила барпо кардаму соҳиби 3 фарзанд шудем. Манзили зистамон аз ду ҳуҷра иборат аст. Дар он ҳамаи аъзои оила, яъне 5 фарзанди хусурам ва мо - ду келин бо фарзандонамон (3 - то аз бачаи калонӣ ва 3 - то аз ман) дар қайди ҳамин хона ҳастем. Фарзанди калонӣ замин гирифта, хона сохт, вале бо мо зиндагӣ мекунад. Се духтараш оиладор бошанд ҳам, дар қайди ҳамин манзили истиқоматианд. Онҳо низ даъвои хона доранд. Хусурам моро пеш карда истодааст ва мегӯяд, ки хона ба номи ман асту шумоён баромада равед. Вай ба наздикӣ калиди хонаро иваз карда, намемонад, ки ба он дароем. Дар чунин ҳолат ману кӯдаконам чӣ кор бояд кунем?
М. Яҳёева, сокини ноҳияи Рӯдакӣ
- Ба саволатон посух чунин аст, ки бинобар аз лаҳзаи арӯс шуда ба ин хона омадан, то имрӯз дар ҳамин ҷо зиндагӣ дореду соҳиби се фарзанд ҳастед, аъзои оилаи хусуратон ҳисоб мешавед. Шумоён ҳуқуқи пурраи дар ин манзил зиндагӣ кардан доред. Зеро тибқи муқаррароти моддаи 122 Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои оилаи молик, ки дар бинои истиқоматиаш (квартирааш) ҷой дода шудаанд, ҳақ доранд баробари ӯ аз манзили истиқоматӣ истифода баранд. Дар сурати минбаъд шуморо ба хона роҳ надодан, ҳуқуқ доред ҳуҷҷатҳои заруриро омода карда, ба суди маҳали зистатон бо аризаи даъвогӣ «Оиди маскун кардан ба манзили истиқоматӣ» муроҷиат намоед.
* * *
- Барои машғул шудан ба фаъолияти дорусозӣ ва тибби халқӣ чӣ ҳуҷҷат лозим аст?
Камолиддин, сокини ноҳияи Бохтар
- Дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият барои фаъолияти дорусозӣ ва тибби халқӣ бояд иҷозатномаи махсус гирифт. Ба шахсе, ки барои чунин намуди фаъолият иҷозатнома надорад, дар асоси моддаи 122 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷарима ба андозаи аз 400 то 600 сомонӣ пешбини шудааст.
Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи «Ҷумҳурият»
Баёни ақида (0) Санаи нашр: 7.07.2016 №: 132 Мутолиа карданд: 474