logo

иқтисод

Улуғбек Умаров: «МУТАХАССИСОНРО НИГОҲ ДОШТА НАМЕТАВОНЕМ»

Дар ҷаҳони муосир, ки рушди технология ва пажӯҳишҳои илмӣ дар авҷ аст, дар қатори дигар соҳаҳо дар соҳаи сохтмону меъморӣ ҳам кашфиётҳо зиёданд. Мутахассисони соҳа ва пажӯҳишгоҳҳои илмиро зарур аст, ки ин навгониҳоро мавриди  омӯзишу таҳлил қарор дода, онҳоро бо назардошти меъёрҳои шаҳрсозӣ ва шароити минтақаю меъмории суннатӣ истифода бубаранд.
Корхонаи воҳиди давлатии «Пажӯҳишгоҳи илмию тадқиқотии сохтмон ва меъморӣ» дар ин самт корҳои тадқиқотию омӯзишӣ гузаронда, савияи донишу малакаи касбии  кормандони  сохтмону меъмориро баланд бардошта, барои истеҳсолот мутахассис омода мекунад.
- Чӣ бояд кард, ки  дар соҳа ҳамқадами замон бошем ва мушкили камбудӣ мутахассисонро бартараф созем? - пурсидем аз Улуғбек Умаров, сарвари пажӯҳишгоҳ.

Бояд гуфт, ки имрӯз дар самти дастрасӣ ба кадрҳои баландихтисос мушкилӣ вуҷуд дорад. Аз ин рӯ, дар назди факултаи сохтмон ва меъмории Донишгоҳи техникии ҷумҳурӣ як сол боз маркази омода кардани мутахассисон барои истеҳсолот фаъолият дорад, ки омӯзиш ба таври ройгон сурат мегирад. Соли гузашта 20 донишҷӯро ба марказ ҷалб намудем. Дар оянда мақсад дорем, ки дар заминаи пажӯҳишгоҳ як базаи таъмини кадрӣ ташкил кунем.
Алҳол, ки дар раванди иқтисоди бозорӣ қарор дорем,  бо сабаби  дар ташкилотҳои сохтмонӣ мавҷуд набудани ҳаҷми кори доимӣ мутахассисонро  нигоҳ дошта наметавонем. Дар бисёр маврид ташкилотҳои сохтмонӣ коргаронро мавсимӣ аз бозорҳои меҳнат пайдо мекунанд. Ҳангоми муваққатӣ фаъолият кардан дар таъминоти  сифат хатарҳо вуҷуд доранд. Ба хотири он, ки кадрҳо ҳама вақт дар мадди назар бошанд, тасмим гирифтаем оид ба мутахассисони мавҷуда дар интернет як сомонаи махсус кушоем, то хоҳишмандон дар мавриди зарурат ба он муроҷиат намоянд. Ҳоло дастрас набудани биноҳои истиқоматӣ ба ашхоси  маъюб, пиронсолон, кӯдакону занони ҳомила як мушкилотест, ки бояд ҳалли худро ёбад. Дар ин самт бо Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе «Имконият» ва баъзе ташкилотҳои хориҷӣ ҳамкорӣ дорем. Оид ба дастрасии  ин  гурӯҳ меъёри қоидаҳои шаҳрсозиро омода карда, мавриди истифода қарор додем. Назорат бурда истодаем, ки биноҳои минбаъд сохташаванда ба талаботи ин меъёрҳо ҷавобгӯ бошанд. Гарчанде ки қонун «Дар бораи ҳифзи маъюбон» аз соли 2010 мавриди амал қарор гирифта бошад ҳам, лекин аз ҷониби бисёр субъектҳои фаъолияти  шаҳрсозӣ ин қонун бо сабаби зерсанадҳои соҳавӣ надоштан риоя намешуд. Ҳоло ин зерсанадҳоро омода кардем ва дигар ягон лоиҳа аз ҷониби ташхиси давлатӣ бе мавҷудияти  дастрасии бино ба ин гурӯҳ гузаронда намешавад. Аз ҷумла, тибқи фармоиши Кумитаи меъморӣ ва сохтмон минбаъд биноҳои аз ду ошёна бештар бо лифт сохта мешаванд. Пештар талаботи меъёрҳо аз 5 ошёна боло буд.
Пажӯҳишгоҳ корҳои лоиҳакаширо низ анҷом медиҳад. Ҳоло барои биноҳои баландошёна тибқи талаботи меъёр ва қоидаҳои шаҳрсозӣ дар ҳолати бино аз 54 метр баланд будан шартҳои махсуси техникӣ вуҷуд дорад. Ин ҳам аз ҷониби корхонаи мо пешбинӣ шуда,  талаботи асосӣ бехатарии бино ҳангоми заминларза мебошад. Хусусиятҳои минтақавӣ ва тарзи аз бино хориҷ шудани сокинон низ аз шартҳои дигари техникист.
Дар он ҷое, ки кор ҳаст, мушкилӣ низ вуҷуд дорад. Имрӯз мушкилии асосӣ камбуди мутахассисони касбист, ки дар роҳи бартараф кардани он тадбирҳои амалӣ андешида истодаем.

У. МУРОД,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 517

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед