logo

фарҳанг

МАРО БО КӮҲСОРАМ НОМ ГИРЕД

(Ба озмун)

Табиати зодгоҳ манбаи илҳому сароғози ашъори шоир Ғоиб Сафарзода будааст.
Мурғони диёри ман шиносанд маро,
Овози ман аз навои онон шунавед,- мегӯяд худи шоир.
Зодгоҳи шоир деҳаи Муллоҷон барҳақ макони афсонавӣ аст. Қад - қади дара ҳазору як гулу буттаи доругӣ мерӯяд. Олами бои наботот ва ҷонварон дорад. Зодгоҳи шоир қабои сабзгуна ба бар намудааст ва хаёле аз дуриҳои дур, аз нишебу фарози кӯҳистон овози ошнои ӯ ба гӯш мерасад. Уқоби тезпарвоз дар умқи осмони нилгун болафшонӣ намуда, аз забони шоир мегӯяд:
Суруди ман ба як овоз бигзашт,
Уқобе буд дар парвоз бигзашт.

Барҳақ, Ғоиб Сафарзода мисли уқоб умри кӯтоҳу зебое дидааст. Ва деҳа, уқоб, долу дарахтони Муллоҷон гӯё то ҳанӯз ӯро ёд доранд. Шеърҳои нотамоми ӯ то ҳол дар қалби кӯҳсорон, чашмаю рӯди равон боқӣ мондаанд. Ӯ дӯстдори табиати зодгоҳаш буд. Тамоми ашъори ба ёдгор мондаи Ғоиб Сафарзодаро васфу тараннуми зебоиҳои табиат, кӯҳу дамани диёраш ташкил додааст. Аз аввал ин кишвари рӯ ба хуршед манбаи илҳоми адиби навҷӯ буд. Ӯ ҳар сангу алаф, ниҳолу буттаи диёрро дӯст медошт ва дилдодаи розу ниёзи табиат буд. Ғоиб Сафарзода то охирин нафас, чун шайдои мулки меросӣ, ҳусну назокати кӯҳистонро сароидааст. Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад табиатдӯстии ӯро чунин тавсиф мекунад: «Воқеан Ғоиб Сафарзода ба кӯҳистони Ховалинг дилбастагӣ, меҳру муҳаббати хоса дошт. Ҳар сол як ё ду карат гӯё болу пар бароварда, зодгоҳаш дараи Шикоргоҳ, деҳаи Муллоҷонро, ки солҳо боз он ҷо касе намезист, зиёрат мекард. Аз дидани деҳаҳои матрук, боғоти хароб, чашмаҳои хушкида оҳи сард мекашид ва андешамандона мегуфт:  «Ҳама чиз бо инсон зебу шукӯҳ доштааст. Пеш ин дараҳо аз хониши кабку нағмаи мурғон пур буд. Аз бекасӣ мурғон ҳам фирор кардаанд. Ҳайф, сад ҳайф!»
Ғоиб Сафарзода на танҳо ба тозагии забони тоҷикӣ ва фарҳанги ниёгон диққат медод, балки дилаш ба ҳар як гулу гиёҳ месӯхт ва ошиқи табиати кӯҳистон буд. Ба ин тасвирҳо, шоҳкориҳои адиби зиндаёд тавваҷҷуҳ намоед, ки онҳо аз истеъдоди фавқулодаи Ғоиб Сафарзода дарак медиҳанд:
Кӯҳҳо чун одами дардошно,
Якдигарро пуштибонӣ мекунанд.

*  *  *
Ин абр ба сони духтари гулдӯз аст,
Шогирд ва ё ки духтари Наврӯз аст,
Дар дӯхтани пироҳани ранги ба ранг,
Овора ба кӯҳу дашт шому рӯз аст.

Солҳои 60-уми асри гузашта, ҳанӯз айёми донишҷӯии Ғоиб Сафарзода олими шинохтаи тоҷик Соҳиб Табаров ба шеъри ӯ баҳои баланд дода, атрофи пайвастагии Ғоиб ба табиат чунин нигоштааст: «Одаму табиат, ҳампайвандии абадии онҳо, яке аз масъалаҳои муҳимест, ки дар қисми зиёди шеърҳои Ғоиб Сафарзода инъикоси бадеии худро ёфтаанд. Аз ин ҷост, ки лирикаи пейзажӣ - манзаравии шоир бо лирикаи ишқӣ ва махсусан граждании ӯ бисёр вақт омезиш меёбад. Шеъри «Дарахтон» бо марбутият, алоқамандии қавии худ, равшании эҳтиросоти инсон, бо баландии мақсади эстетикӣ ва мадҳи зебоӣ намунаи хуби чунин шеърҳои ҳозиразамони назми тоҷик ба шумор меравад. Агар шоир дар матлаи шеър:
Дарахтон ҳам ба мисли одамонанд,
Фақат онҳо хамӯшу безабонанд, -
гӯён қаробату ҳампайвандии одаму табиатро ба миён гузошта бошад, дар мақтаъ ҳалокати дарахтонро чун дараҷаи баланди фоҷиа ба қалам додааст:
Ки аввал мисли ҳар инсон бимирад,
Сипас дар оташи сӯзон бимирад».

Дар ҳақиқат Ғоиб Сафарзода ошиқи кӯҳу дара ва табиати диёр мебошад. Ӯ худашро бе боғу чаман ва диёри файзбахш ҳеҷ медонад ва бо завқ аз бачагӣ, кӯҳгардӣ, айёми гулчинӣ ёд мекунад:
Кӯҳгардӣ кардаам дар бачагӣ,
Қуллаи бисёрро тай кардаам,
Аз бари кӯҳу камар гул чидаам,
Чун паёми навбаҳор овардаам.

Пайдост, Ғоиб Сафарзода аз илми зистшиносӣ огоҳии комил дорад ва ӯ аз нозукиҳои табиат, тағйирёбии иқлим ва ҳодисаҳои он ба дард шеър мегӯяд. Масалан, таъбири кӯҳ дар ашъораш хеле фаровон омадааст.
Ғоиб Сафарзода барҳақ ошиқи табиат, ҳар пораи хоки Ватан – модар ва Тоҷикистони азиз буд. Ӯ диёрашро, зиндагиро дӯст медошт ва пайваста месароид. Шояд пешакӣ аз кӯтоҳии умри хеш огоҳӣ дошт, ки ҳар як лаҳзаро ғанимат медонист ва мехост ба қадри ҳар як қатраи обу хоки Ватан бирасад:
Маро бо кӯҳсорам ном гиред,
Ки ӯяст ошёну ман уқобам,
Маро бо кишварам сарсабз донед,
Ки ман лабташна, нахли ӯст обам.
Шавам як рӯз агар дур аз уфуқаш,
Ба ҳукми нодамида офтобам…

Дар шеърҳои ба васфи табиат, муҳити зист ва олами наботот бахшидаи Ғоиб Сафарзода маъниҳои бисёри фалсафӣ бо тахайюлоти амиқи муаллиф ва дарки маъниҳои рамзнок нуҳуфтаанд.
Қалби нозуки шоирро бо шеъру сухани воло сиришта буданд, ки ӯ лаҳзае бе ёди Ватан набуд ва Тоҷикистон, табиати нозанину сарватҳои бебаҳои онро бо шавқ тараннум мекард. Меболид, ки дар чунин диёри афсонавӣ кору зиндагӣ дорад:
Шодии Ватан мудом лабханди ман аст,
Ҳастии Ватан ҳаёту пайванди ман аст.
Аз бахт сарам ба осмон месояд,
К-ин мулки диловарон Худованди ман аст.

Маҷид САЛИМ,
мудири шуъбаи очерк ва
публитсистикаи Иттифоқи
нависандагони Тоҷикистон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 752

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид

ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН. Гардиши савдо ду баробар афзуд

Тоҷикистон миёни кишварҳои ИДМ ба афзоиши баландтарини ММД муваффақ гашт

Дар Тошканд конфронси байналмилалӣ оид ба Осиёи Марказӣ баргузор мегардад

Қасри сафед: "Музокироти тиҷоратӣ дар Пекин ба пешравӣ мусоидат кард"

Трамп мехоҳад ҷангиёни «Давлати исломӣ» - ро ба Аврупо барои суд кардан баргардонад

Кумитаи амнияти иттилоотии Қазоқистон беш аз 90 сомонаи хавфнокро ошкор сохт

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед