logo

иҷтимоиёт

ЛАГЕРҲОИ ТОБИСТОНА. АЗ “ПАРАСТУ” - И БЕСАРУСОМОН ТО НИЁЗҲОИ “БОБОДАРХОН”

Бо ин ном раёсати маорифи вилояти Суғд маводи танқидии хабарнигор Ҷовиди Аштиро, ки 4 июни соли 2016 дар рӯзномаи  “Ҷумҳурият” ба табъ расидааст, мавриди баррасӣ қарор дод.

Мавриди зикр аст, ки лагери «Парасту» - и шаҳри Конибодом  солҳои 60 - уми асри гузашта ба тариқи ҳашар сохта, ба ихтиёри Раёсати маорифи шаҳр вогузор шудааст. Бо гузашти вақт, дар воқеъ, биноҳо куҳнаву фарсуда гашта, ба талаботи рӯз ҷавобгӯ  нестанд.
Тибқи қарори раиси шаҳр дар истироҳатгоҳ як  қатор корҳо  ба  сомон  расиданд. Аз ҷумла, барои кабудизоркунӣ ва таъмиру тармим аз моҳи феврал корҳои омодагӣ ҷараён гирифт, 78 бех ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонда шуданд.
Бо ҳидояти шаҳрдорӣ ва муассисаҳои таълимии шаҳр лагер соҳиби100 адад кӯрпа гардид. Бо кумаки омӯзгорони фанни технологияи муассисаҳои таълимӣ барои кӯрпаҳо абраву астари нав дӯзонида шуд. Бо ин мақсад аз ҷониби раёсати маориф 1200 сомонӣ маблағ ҷудо гардид.
Илова бар ин, толори дуюми хӯрокхӯрӣ, ки  дар ҳолати садамавӣ қарор дошт, аз таъмири асосӣ баромад. Инчунин, 120 метр қисмати шимолии лагер панҷарабандии оҳанӣ гардид.
Боронҳои пай дар пайи моҳи май ба таъмири лагер латма зада, деворҳои сафедкардашударо шуст.  Ошхонаи лагерро низ ҳоло аз таъмир бароварда, дар атрофи пайроҳаҳо гулҳои ороишӣ шинонданд
Баъди ислоҳи ҳамаи он камбудиҳо ва эродҳои зикргардида лагер дар басти якум 100 нафар кӯдаконро ба истироҳату фароғат фаро гирифт.
Дар ноҳияи Ашт як лагери берун аз шаҳр дар деҳаи “Бободархон”- и Ҷамоати деҳоти Понғоз мавҷуд буда, ҳар сол 60 - 80 хонанда дар ин лагер истироҳат менамояд.
Бо мақсади боз ҳам беҳтар намудани шароити лагери мазкур таъмиру тармим ва таҷҳизонидани он корҳои таъмирию ободонӣ анҷом ёфт. Дар боғи лагер зиёда аз 120 бех дарахтони мевадиҳанда шинониданд.
Корҳои рангубори ҷойҳои хоб ва ошхона ба анҷом расид. Лагери мазкур баъди таъмир  санаи 15 июни соли 2016 ба фаъолият оғоз ва  60 нафар хонандагонро ба истироҳати бофароғат фаро гирифт.
     Раёсати  маорифи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара баҳри дар сатҳи зарурӣ омода намудани биною иншоотҳои истироҳатию солимгардонӣ ва ташкили истироҳати кӯдакону наврасон дар мавсими тобистони соли 2016 тибқи нақша - чорабиниҳо дар истироҳатгоҳи берун аз шаҳрии ба номи “Гагарин” корҳои зиёдеро ба сомон расонд. Аз ҷумла, ҳуҷраи оббозӣ (душ) ба маблағи 3000 сомонӣ аз нав барои шаш ҷой сохта шуд. Ошхона    бо маблағи 1800 сомонӣ таъмир ва  бо таҷҳизоти технологӣ ва яхдонҳо таъмин гардид. Чор бино бо лавозимоти хоб ҷиҳозонида, шаш айвончаҳои истироҳатии баҳорӣ таъмир ва рангубор гардиданд.
Умуман, барои омода намудани истироҳатгоҳ ба мавсими истироҳати тобистона бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Исфара 26050 сомонӣ сарф намуданд.
Абдумухтор Ғаффоров - сардори истироҳатгоҳи “Гагарин” барои хунукназарӣ ба вазифаи хизматӣ аз вазифа озод гардид.
Имсол дар вилоят 20 лагери беруназшаҳрӣ фаъолият менамояд, ки аз ин шумора 12 адади он дар тобеияти шуъбаҳои маорифи шаҳру ноҳияҳо ва кумитаи вилоятии иттифоқҳои касабаи маориф ва илм қарор доранд.
Умуман,  дар ҳамаи ин истироҳатгоҳҳо тибқи нақшаи пешакӣ фарогирии 102322 нафар хонандагони муассисаҳои таълимии вилоят ба истироҳат ва солимгардонӣ ба нақша гирифта шудааст.

О. КАРИМЗОДА,
сардори раёсати маорифи
вилояти Суғд


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 465

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад

Форуми байналмилалии сармоягузории «Кӯлоб – 2019» баргузор мегардад

Ёқубҷон Абдуманнонзода - соҳиби дипломи озмуни «Килки тиллоӣ»

Ҷаҳон дар як сатр

29.05.2019


Путин бо нахустпрезиденти Қазоқистон вохӯрд

Раиси Шӯрои Аврупо Доналд Туск ба Тоҷикистон меояд

Мусофири ҳавопаймо аз фурӯбарии 1,5 кг кокаин ба ҳалокат расид

Ҷаҳон дар як сатр

28.05.2019


Дар Қазоқистон ба бунёди ширкатҳои давлатӣ мораторий ҷорӣ карданд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед