logo

фарҳанг

ЙАМЧУН: 101 СОЛИ ПАЖӮҲИШ

Суҳбати Ҷонибек Асрориён, муаррих, бо Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ, узви вобастаи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ 

Йамчун дижест дар барокӯҳ. Аз самти шарқии қалъа рӯди  Йамчун ва аз ғарб рӯди Вичкут мегузарад. Аз рӯи мавқеъ Йамчун дижи дастнорас буд. Ривоятҳо дар бораи ин осори беназир зиёд  аст. Таваҷҷуҳи сайёҳону пажӯҳишгарони англис, швед ва исландиро ба худ кашида, ки дар охири асри XIX ва ибтидои асри XX  ба Сикошими таърихӣ омадаанд.
Дар охири моҳи май ва аввали июн гурӯҳи бостоншиносон бо сарварии донишманди тоҷик Юсуфшоҳ Ёқубшоҳ дар ин ёдгорӣ ҳафриёт гузаронданд.

- Наздики  40 сол ба ин ёдгории хеле куҳан таваҷҷуҳ набуд. Нақшаи матраҳшуда аст, ё омилу сабабҳои дигаре низ ҳастанд, ки Пажӯҳишгоҳи таърихи Академияи илмҳои ҷумҳурӣ ва факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба ҳафриёти Йамчун азм карданд?
- Иқдоми Пешвои миллат аст, ки ба омӯзиши осори пешин ҳидоят мекунанд. Дар ин замина сиёсати фарҳангии Ҳукумати Тоҷикистон дар омӯзиш, нигоҳдорӣ  ва тармими ёдгории ниёгон омили асосӣ ба ҳисоб меравад. Воқеан, имсол Ҷашни Ваҳдати миллӣ дар Бадахшон бо ширкати Пешвои миллат баргузор гардид, ки дар ин ҷода бе асари нек нест. Борҳо худи Сарвари давлат ба тақдири қалъаҳои Қаҳқаҳа, Йамчун, Ратм, Зангибор, Виршиқалъа мароқ зоҳир карда буданд. 
Йамчун, ки 80 км дуртар аз маркази ноҳияи Ишкошим аст, осори беназир маҳсуб меёбад. Он дар наздикиҳои чашмаи овозадори Бибифотимаи Заҳро воқеъ шуда, бештар аз 13 га заминро фаро гирифта, аз се қисмат иборат мебошад. Ёдгорӣ шакли майдончаи  секунҷаро дошта, дорои 14-16 хонаи ҳаҷман гуногун ва 9-бурҷи тирандозӣ мебошад. Гурӯҳи мо  ҳафриётро дар дижи шоҳӣ оғоз кард. Аз рӯи мавод метавон ҳадс зад, ки Йамчун на танҳо яке аз бузургтарин иншооти паногоҳӣ аст, балки хеле куҳан низ маҳсуб меёбад. Аломату нишонаҳо ва қабатҳои маданӣ моро ба асри биринҷ мебарад. Ҳарчанд қаблан онро ба асри III пеш аз милод нисбат медоданд.

- Қаблан А.Н. Бернштам  Йамчунро ба даврони Юнону Бохтар ва А.Н. Зеленский ба замони Кушониён нисбат медоданд. А. Н Зеленский муътақид буд, ки мӯҷиби бунёди қалъа иқтидор пайдо кардани сулолаи Чинии Хон (хан) мебошад, ки ба Вахон таҳдид мекард. То кадом андоза фарзияҳои эшон пазируфтанист?
- Андешаҳо дар бораи дижи Йамчун яксон нестанд. Ҳанӯз  соли 1915 бостоншиноси англис О.Стейд дар бораи он маълумот дода буд. Пас аз муддате дар солҳои 1946, 1947 бостоншиноси машҳур А.Н.Бернштам сатҳу сохти қалъаро таҳқиқ кард. Аз олимони тоҷик А. Ҷӯраев солҳои 1961- 1962 ва М. А. Бубнова солҳои 1981 - 1982 дар ин  ҷо кор карданд. Вале ягон гурӯҳ ё экспедитсия  дар  Йамчун ҳафриёт нагузарондааст. Ба  шаклу сурат, сохт ва маводи деворҳои диж таваҷҷуҳ кардаанду халос. Маълумоти мавҷуда ба ин шакл ба нашр расида буд: «Бурҷҳои Арк мудаввар буда, 7,5 метр баландӣ дошта, аз санги суфта ва хишти хом бино  шудаанд. Иморатҳои марказӣ аз хонаҳои алоҳида иборат буда, аз тарафи берун тиркаш доранд».
Ҳамин мудаввар будани бурҷҳо ишора ба даврони қадимтар мекунад. Мо ҳини ковиш як толори боҳашаматро кушодем, ки 10 х 10 метр андоза дорад. Дар паҳлу  хонаҳои истиқомат бо таносуби 8 х 4 метр кушода шуданд, ки суфа дошта, ба ёдгориҳои Самарқанду Панҷакент монанданд. Дар диж роҳравҳо, бурҷҳо, камингоҳ ва сӯрохҳои тирандозӣ мавҷуданд. Ҳамин далолат мекунад, ки  Йамчун қалъаи қадимтар аз андешаи мо ва олимони дигар аст.

- Ковишҳо ва мушоҳида яқин мекунад, ки Йамчун дижи мудофиавӣ аст. Сарчашмаҳои асри миёна ва тадқиқоти дар асри XX анҷомдода гувоҳанд, ки ингуна истеҳком ва дижҳои мудофиавӣ зиёд буданд. Чуноне дар  Қубодиён ва Вашгирд бармалост. Шумо дар Вашгирд ва Дарбанд (н.Нуробод) омӯзиш кардед ва инак, дар Бадахшон. Умумияти давронҳо ва сабку шева ба мушоҳида мерасад?
- Бале, аз рӯи мавқеи   ҷуғрофӣ ва  тарзи сохт умумият доранд. Ёдгории Вашгирд ба даврони Кушонӣ нисбат дода мешавад. Аз рӯи сохти бурҷҳо аз  Вашгирд фарқ мекунад, вале бо Карон шабоҳат дорад. Дар Карон ду бурҷи мудаввар ва чоркунҷа кушода шуда буд. Ва мардум дар Карон то асри XVI зиндагӣ мекарданд. Натиҷа дар Йамчун дигар аст. Мардум танҳо ҳангоми хавфу хатар дар қалъа гирд меомаданд. Бо он ки майдони паҳновар дорад, чорвоашонро низ меоваранд. Ин майдон бо деворҳои баланди бурҷдор маҳкам буд. Бурҷҳо хоначаҳо барои зиндагӣ ҳам доштанд.

- Аз рӯи аломату  нишона ва хосиятҳову усули бунёд шояд ба даврони Ҳохоманишӣ рост биёяд. Чӣ  дар ин аҳд бунёди бурҷу манораҳои ҳимоявӣ ва ҷои чопору марзбонҳо вусъат ёфта буд.
- Ин андеша ҳам дуруст аст. Намунаҳои мавҷуда ба ин даврон низ далолат мекунанд, вале қадимтар низ ҳастанд. Биандешем сари вожаи Йамчун. Йамчун аз решаи Йам - номи авастоии  Ҷамшед аст. Дуртар, дар рӯ ба рӯи диж деҳаи Йам ва дар Бадахшони Афғонистон деҳаи Йамич вуҷуд дорад.
Ин воқеият аз як тараф қадимияти мулкро қавӣ мекунад, аз тарафи дигар ба ривояти куҳани эронӣ дар мавриди Йима ва Йимич, ки дугониканд, аснод фароҳам меорад. Яъне, дар бораи Ҷамшед ва хоҳараш Йимич. Ва ҳам топонимҳои фаровоне аз даврони хеле қадим бо ин номҳо  дар  робитаанд. Барои  намуна деҳаи Варанг ишора аз Варҳои ҷамшедӣ дорад. Ин ҳодиса ба ривояти тӯфон ва анҷоми яхбандиҳо бастагӣ  дорад. Чуноне Худованд Ҷамшедро фармуд, 200 вар  бисозад, ки дар онҳо олами ҳайвонот, аз ҳар навъ ҷуфт – ҷуфт, то андак шудани барфу борон ҳимоя шавад.

- Замони истиқлолият муносибати тозаро ба таърихнигорӣ ва тоҷикшиносӣ тақозо мекунад. Дар ин рав оё ҳини ҳафриёт маводи роҳнамо ва бунёдие пайдо гардид, ки Шуморо ба андешаи наздик ба воқеият ҳидоят намояд?
- Бозёфтҳои тоза ва кушода шудани толорҳо назария ва анъана (легенда)-и расмии қаблан ҳокимро тағйир дод. Ҳангоми ковишҳои гӯристон косаву табақе ба даст омад, ки ба асрҳои VIII - VII қабл аз милод тааллуқ доранд. Акнун замони истиқлолият ва сиёсати фарҳангии Пешвои миллат имкон медиҳад, авроқи норӯшани таърихи кишварамон рӯшан бигардад.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 733

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр

БОКС. Иштироки варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

12.04.2019


Бо иштироки Сарвазири мамлакат дар шаҳри Кӯлоб як қатор иншоот ба истифода дода шуд

Ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозони миллии давлатҳои аъзои СҲШ

Форуми байналмилалии рушди сармояи инсонӣ доир мегардад

ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ – 2019 ОИД БА ФУТЗАЛ. Рақибони Тоҷикистон муайян гаштанд

"Кашшофи падидаҳои наврас"

НОҲИЯИ РӮДАКӢ . Сафи соҳибкорони ватандӯст меафзояд

НУРОБОД . Эҳтиром ба шахсиятҳои таърихӣ

Ҷаҳон дар як сатр

11.04.2019


"Тоҷикон" ба забони ӯзбекӣ нашр шуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед