logo

иқтисод

6200 ГЕКТАР. ЧАРО ИН МИҚДОР ЗАМИН ДАР ВИЛОЯТИ ХАТЛОН БЕКОР МОНД?

“Дар 15 соли охир дар соҳаи кишоварзӣ 42 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи зиёда аз 3,7 миллиард сомонӣ амалӣ карда шуд. Айни замон дар соҳаи мазкур татбиқи 9 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ дар ҳаҷми 1,5 миллиард сомонӣ идома дорад”.
(Аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ).

Мутаассифона, ҳолати мелиоративии заминҳои вилояти Хатлон ҳанӯз ҳам беҳбудӣ мехоҳад. Аксар коршиносони соҳаи кишоварзӣ бар он назаранд, ки сабаби асосии аз истифода дур мондани қисми зиёди заминҳои корами вилоят поккорӣ нагаштани заҳбуру заҳкашҳо ва ба таъмир фаро нагирифтани иншооти обрасон мебошад.
Ба иттилои Сафар Раҳимов, муовини сардори раёсати Кумитаи идораи замини вилояти Хатлон, то 1 июни соли равон 6205 гектар, ки аз он 5047 гектараш замини корами обӣ мебошад, аз гардиши кишоварзӣ берун мондааст. Бо сабабҳои шӯршавӣ 737, фаъол набудани шабакаҳои обрасонӣ 409, аз селу лойқа пур шудан 469, нагузарондани корҳои мелиоративӣ 303, матраҳи нодурусти корҳои хоҷагидорӣ 907, норасоии об 2051 гектар замин бекор мондааст. Дар сурати оқилона ва самаранок истифода бурдани ин замин ҳазорҳо тонна маҳсулоти кишоварзӣ истеҳсол кардан мумкин аст.
То таҷдиди хоҷагиҳо нигоҳдорию поккории иншооти обрасон бар зиммаи Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилояту ниҳодҳои он буд. Баъди барҳам хӯрдани колхозу совхозҳо ва ташкили хоҷагиҳои деҳқонӣ аксари саҳмдорон аз замин фоида ба даст овардан хостанд. Аммо тоза кардани заҳбуру заҳкашҳо ба хотири касе нарасид. Барои анҷом додани ин тадбир ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об таъсис дода шуданд. Минбаъд нигоҳдории иншооти фавқуззикр аз се манбаъ: раёсати беҳдошти замин ва обёрӣ, ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об ва буҷети маҳаллӣ сурат мегирад. Вазъи имрӯза ба он далолат мекунад, ки на ҳамаи масъулон дар матраҳи ин мароми наҷиб яксон саҳм мегиранд. Шамсиддин Гадоев, муовини сардори Раёсати беҳдошти замин ва обёрии вилоят, мегӯяд:
- Ин мавсим бо мақсади нигоҳдорӣ ва поккории иншооти обёрӣ мебоист зиёда аз 7,1 миллион сомонӣ ҷудо мешуд. Вале то моҳи июн ҳамагӣ 1,3 миллион сомонӣ ворид гардидаасту халос, ки баробари 17 дарсади нақша мебошад. Аз нарасидани маблағ ба ҷойи 4432 гектар ҳолати мелиоративии 869 гектарро беҳ карда тавонистанду халос.
Ба андешаи ӯ, омили асосии ин ноҷӯрӣ аз ихтисоси ками маблағ аз ҳисоби маблағҳои буҷети маҳаллист. Шаҳру ноҳияҳои вилоят аз 5,9 миллион сомонӣ ҳамагӣ 12 дарсадро ҷудо намудаанд.
Дар тақвияти гуфтаҳои Шамсиддин Гадоев афзуданием, ки аз як тараф сарчашмаҳои молиявии зикрёфта барои идораҳои байниноҳиявии об кам бошанд, аз тарафи дигар масъулони шаҳру ноҳияҳо муҳимии ин масъаларо нодида мегиранд. Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи бинои нави Кумитаи заминсозӣ (ноябри соли 2012) таъкид карданд: “Вазоратҳои кишоварзӣ, мелиоратсия ва захираи об, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ вазифадоранд, ки якҷо бо роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҷиҳати пешгирӣ кардани партовшавии заминҳои корам, беҳтар гардондани ҳолати мелиоративии онҳо ва ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани ҳар ваҷаби замини киштбоб тадбирҳои зарурӣ андешанд”. Дар ин росто, истифодаи самараноки обу замин омили муҳими таъмини амнияти озуқавории мамлакат, манбаи асосии ашёи хом барои корхонаҳои истеҳсоли маводи ғизоӣ, ҷанбаи вижаи густариши иқтидори содиротии диёр ва замина гузоштан барои таъсиси ҷойҳои нави кор маҳсуб меёбад. Биноан, масъулон вазифадоранд, ки маблағгузориро ақаллан мутобиқи нақша роҳандозӣ намоянд.
Зокири ҲАСАН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 428

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед