logo

иқтисод

ПАХТА. ИМРӮЗҲО ТАҚДИРИ ҲОСИЛ ҲАЛ МЕГАРДАД

Дар хоҷагиҳои пахтакори ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ниҳолҳо саросар гул карда, кӯрак баста истодаанд. Кишоварзон дар рӯзҳои ҳалшавии тақдири ҳосил аз обу ғизо ва техникаи мавҷуда самаранок истифода мебаранд. Хоҷагиҳои пешқадаму таҷрибадори ноҳия аллакай пахтазорро аз оби дуюм бароварда, ба ғизодиҳии дуюм шурӯъ намуданд.
 
- Хоҷагии деҳқонии мо баъди таҷдиди собиқ совхози “Комсомол” таъсис ёфтааст, - нақл кард роҳбари хоҷагии деҳқонии “Қарооқсақол”, деҳқони пуртаҷриба Ҷумъабой Раҷабов  дар хусуси кору бори имрӯзаи аҳли хоҷагӣ.  Мо, 21 нафар саҳмдор, дар ихтиёр 21 гектар замини корами обӣ дорем. Аз он дар 10,5 гектар пахта ва 10,5 гектари боқӣ ғалла, юнучқа , ва сабзавот  кошта шудааст.
Аллакай ҳосили ғалларо пурра ҷамъоварӣ карда, дар ҷояш кишти такрорӣ, аз ҷумла сабзавоту ҷуворимакка ва зироатҳои хӯроки чорво, коштем. Ҳосил нағз аст.
Чанд сол боз мо пунбаи тухмии “Хуҷанд - 67”, ки дар минтақа ҳосили дилхоҳ медиҳад, мекорем. Ба  пахтазор ду маротиба обу нуриҳои маъданӣ додем. Дар ҳар ниҳол аллакай 3 - 4 кӯраки солим дида мешавад.
Имсол дар ноҳияи мо таъминоти оби полизӣ нағз мебошад. Обронҳо Музаффар Раҷабов, Алиҷон Аҳмадқулов ва Шукурулло Эргашев пахтазорро хушсифат об дода истодаанд. Ҳоло, ки ҳар қатра об қимати зиёд дорад, мо ба обёрии шабона бештар диққат дода истодаем. Ин ба нашъунамо ва ҳосилбандии ниҳолҳо таъсири мусбат мерасонад.
Ба коркарди байни қаторҳо Даврон Раҷабов вобаста аст. Ӯ таҷрибаи кофӣ дошта, ҳар амали агротехникиро сари вақт ва хушсифат ба ҷо меорад. Мо аз ҳисоби даромадҳои ба дастоварда соҳиби ду техникаи кишоварзӣ гаштем, ки аз истифодаи пурсамари онҳо кору бор хеле осон ва харҷ кам гаштааст. Дар рӯзҳое, ки истифодаи техника дар хоҷагии мо зарур намешавад, Даврон ба хоҷагиҳои ҳамсоя ёрӣ мерасонад.
Кишти зироатҳои хӯроки чорво дар шароити мо нафъовар мебошад. Ҳоло ба дарави дуюми юнучқа шурӯъ намуда, аз ин ҳисоб мехоҳем баъзе харҷҳоямонро пӯшонем.
Дар соли ҷашнгирии  25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақсад дорем, ки аз ҳар гектар зиёда аз 40 - сентнер ҳосили пахта ҷамъоварӣ намоем.

Мирзои ФИРӮЗ, «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 407

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед