logo

иқтисод

ИСТИҚБОЛИ ИСТИҚЛОЛ

Шарифзода Шариф ФАЙЗ,
раиси шаҳри Хуҷанд

Тоҷикистони соҳибистиқлол як марҳалаи томи давлатсозиву давлатдориро паси сар намуда, 25 - солагии Истиқлолияти давлатиро бо сари баланд, рӯи сурх ва дастовардҳои бузурги меҳнатӣ истиқбол мегирад.
Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон гуфта буданд, ки мо ислоҳоти ҳамаи соҳаҳои ҳаёти мамлакат ва ташаккули муносибатҳои нави иқтисодиро вазифаи асосии ин давр эълон намуда, рушди босуботи иқтисодӣ ва ба ин васила баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварро таъмин намудем, ки аз оғоз то ба имрӯз ҳадафи стратегии давлат ва Ҳукумат маҳсуб мешавад. Ҳамин нуктаро таъкид бояд кард, ки дар натиҷаи татбиқи Стратегияи миллии рушд дар ҳамаи манотиқи кишвар, аз ҷумла шаҳри Хуҷанд суботи иқтисодӣ таъмин гардида, сатҳи камбизоатӣ ба таври назаррас коҳиш дода шуд. Солҳои охир ин нишондиҳанда то 30 дарсад паст гардида, вазъи иқтисодиву иҷтимоии халқ  беҳтар гашт. Дар нуздаҳ соли охир буҷети шаҳри Хуҷанд зиёда аз 60 маротиба афзуд. Ин, бешубҳа, аз пешрафти иқтисодиёт, беҳтаршавии вазъи иҷтимоиёт, осудагиву  осоиштагии рӯзгори мардум гувоҳӣ медиҳад.
Фишанги асосии иқтисодиёти шаҳр ба рушди саноат вобаста мебошад. Корхонаҳои саноатӣ мутобиқ ба шароити нави иқтисоди бозорӣ, дар доираи иҷрои талаботи Созмони умумиҷаҳонии савдо ва рақобати озод дар бозорҳо дар самтҳои гуногун фаъолият намуда, ба комёбиҳои назаррас ноил шуданд. Дар натиҷа маҳсулоти саноати шаҳр нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 61,7  миллион сомонӣ зиёд гашта, 125,8  дарсадро ташкил дод, ҳаҷми умумии он ба 301,1 миллион сомонӣ расид. Аз ин ба маблағи 63,1 миллион сомонӣ маҳсулот ба хориҷи кишвар содир шудааст, ки тамоюл ба афзоиш дошта, барои рушди иқтидори содиротии шаҳр заминаи устувор мегузорад.
Мавриди истифода қарор додани коргоҳҳои истеҳсоли маҳсулоти дӯзандагӣ имкон фароҳам овард, ки ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноати сабук ба 95,8 миллион сомонӣ расонда, саҳми он дар ҳаҷми умумии маҳсулоти саноати шаҳр (бе назардошти тақсимоти қувваи барқ, гази табиӣ, истеҳсол ва тақсимоти об) зиёда аз 34 дарсадро ташкил диҳад. Дар нимсолаи аввали соли равон шумораи умумии корхонаҳои саноатӣ ба 168 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли сипаришуда 10 адад зиёд мебошад.
Имрӯзҳо симои шаҳру деҳоти кишвар, аз ҷумла Хуҷанди куҳанбунёду тозаҷавон  тамоман дигар шуда истодааст.  Бояд зикр намуд, ки рисолати азалии халқи тоҷик ободкориву созандагӣ буда, дар шаҳр бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ 100 иншоот, аз ҷумла 2 мактаб, 3 кӯдакистон, 4 толори варзиш, 20 корхонаи саноатӣ, 22 майдончаи варзишӣ, 4 майдони футболи хурд ва 49 бинои баландошёнаи истиқоматӣ бо марказҳои савдо сохта, ба истифода дода мешаванд. Ҳамзамон, дар маҳаллаи 19 бинои  нуҳошёнаи хизматӣ барои кормандони соҳаи буҷетӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, меҳмонхонаи панҷситорадор дар соҳили рости шаҳр, кӯчаи Сирдарё, мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Соҳаҳои маориф ва тандурустӣ аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки сиёсати давлат дар давраи рушд маҳсуб мешавад.  Тайи даҳ соли охир дар соҳаи маориф ислоҳоти ҷиддӣ гузаронда шуд. Дар ин самт Ҳукумати мамлакат оид ба ҷорӣ намудани низоми нави таҳсили миёнаи умумӣ, ворид сохтани технологияҳои нав дар ҷараёни таълим ва истифодаи усулҳои замонавӣ барномаҳои махсус қабул намуд, ки онҳо барои мутобиқ гардидани сатҳу сифати дониши хонандагон ба талаботи меъёрҳои ҷаҳонӣ заминаи мусоид фароҳам оварданд. Яке аз ҳуҷҷатҳои муҳиме, ки ҳамчун дастоварди шоистаи даврони истиқлолият дар соҳаи маориф ба имзо расид, созишнома дар бораи эътирофи маълумоти олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Аврупо ба шумор меравад. Алҳол дар 48 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумӣ ва литсею гимназияҳои шаҳр 2213 омӯзгор ба 35225 толибилм дарс мегӯянд.
Дар шаҳри Хуҷанд - маркази маъмурии вилояти Суғд донишгоҳҳои давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров, ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон, филиалҳои донишгоҳҳои политехникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ  ва тиҷорати Тоҷикистон, коллеҷҳои тиббию омӯзгорӣ, омӯзишгоҳҳои касбию техникӣ фаъолият доранд, ки зиёда аз 12 ҳазор донишҷӯро ба тадрис фаро гирифтаанд. Дар ин муассисаҳои олию махсуси касбӣ садҳо доктору номзадҳои илм, мутахассисони варзида, омӯзгорони соҳибтаҷриба бо таълиму тарбияи насли ояндасози кишвар машғул ҳастанд. Ҳамаи ин дастовардҳо, бешубҳа, аз файзи Истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллист.
Ҳифзи дастовардҳои даврони истиқлолро таъкид намуда, Сарвари давлат зикр менамоянд, ки онро чун гавҳараки чашм муҳофизат бояд кард. Ҳамзамон, тазаккур медиҳанд, ки ояндаи ҷомеа, идораи давлату миллат, ҳифз ва афзун намудани музаффариятҳои истиқлолият дар дасти ҷавонон аст. Аз ин лиҳоз, дар ҷаҳони пуртазоди муосир мубориза барои мафкураи ҷавонон торафт пурзӯр мегардад. Ҳушёрии сиёсӣ ва ҳифзи мафкураи онон аз корҳои басо душвор ва зарурӣ маҳсуб мешавад. Дар ин росто, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо дастгирии роҳбарияти вилояту соҳибкорон баҳри ҷалби ҷавонон ба меҳнати фоиданок ният дорад, ки дар шаш моҳи оянда боз 35 корхонаи истеҳсолиро ба кор дароварда, зиёда аз ҳазор нафарро ба кори доимӣ таъмин намояд. Дар баробари ин, фаъолияти марказҳо ва муассисаҳои ҳунаромӯзӣ, маърифатию фарҳангиро бояд ҷоннок намуд то ки, ҳарчи бештар наврасону ҷавонон фаро гирифта шаванд.
Мо минбаъд низ тамоми захираю имконият-ҳоямонро барои иҷрои саривақтии дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёми имсолаашон ба Маҷлиси Олӣ бармеоянд, инчунин таъмини рушди бемайлони ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқ, пешрафти иқтисодиёту иҷтимоиёт, муташаккилона гузарондани «500 рӯзи ободонӣ дар шаҳри Хуҷанд» бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона месозем.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 7.07.2016    №: 132    Мутолиа карданд: 501

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед