logo

фарҳанг

ШОМИ ШАНБЕ

ИМТИЁЗИ ШОИР
Ҳанӯз мардум дуруст ҷо ба ҷо нашуда буданд, ки марди резапайкаре микрофон дар даст миёни давра ҳозир шуд. Аз афташ раиси маърака ҳамин одам буд, ки аз касе напурсида, якбора ба гап даромад:
- Тӯякиҳо! Сабаби ба ин ҷо ҷамъ омадани мо маълум, ки бояд иштирок кунем. Аввалан бояд бигӯям, ки соҳибтӯйи имшаба хеле хушвақт мебошад, ки дар маъракаашон шоири шодкалом ва шодравон Зоҳир Ботлоқӣ ҳозиранд. Инак, микрофон ба он кас дода мешавад:
- Арӯсу домоди меҳрубон! Ҷавонони ин ҷаҳон! Хушбахтҳои замон ва далерони майдон! Хам нашавед, ба пеши пои нокасон ва чун мардон бимонед, ҷовидон! Шуморо аз таҳти дилу ҷигар ва аз самими сар офарин мегӯям. Офарин мегӯям, ки хонадоршавӣ барин кори бузурги ҳаётро дониста, имшаб бо ҳам мепайвандед ва акнун аз сарсарӣ гаштан халос мешавед. Дар ҳамин хусус ман як рубоӣ навишта будам. Ҳамааш-ку не, чор мисрааш дар ёдам ҳаст, ҳамонро ба шумо тақдим мекунам:
Тӯй дорад Аловуддин фасли баҳор,
Тӯй дорад дар диёри номдор.
Бо Гулоро мешавад ҳамтаксарӣ,
Монад аз гаштугузори сарсарӣ.
Рафиқон, бо иҷозати шумоён шарҳ медиҳам, ки «Тӯй дорад Аловуддин фасли баҳор» гуфтанам бесабаб нест.  Ин ҷо калимаи баҳор шартан истифода шудааст. Ҳарчанд ҳоло чиллаи тобистон аст, баҳорро ман шартан барои вазну қофия шуда, истифода бурдаам. Шуаро ҳамин хел имтиёз доранд.
Г. САФАР

 

БОЗГАШТИ ОҲУИ БУХОРОӢ БА «РОМИТ»
Чанде пеш ба мамнӯъгоҳи давлатии «Ромит» аз мамнӯъгоҳи «Бешаи палангон» 7 сар оҳуи бухороӣ интиқол доданд.
Мамнӯъгоҳи давлатии «Ромит» соли 1959 таъсис ёфта, он дар дараи хушманзараи Ромити шаҳри Ваҳдат мавқеъ дошта, масоҳати умумиаш 16,2 ҳазор гектарро ташкил медиҳад.
Оҳуи бухороӣ солҳои бесарусомонӣ ҳадафи шикори бемайлони сайёдон қарор гирифта, нобуд гардида буд. Қатъи назар аз ин амал Тоҷикистон аз ҷиҳати саршумори умумии ин намуди оҳу дар миқёси собиқ ҷумҳуриҳои  шӯравӣ мақоми аввалро соҳиб аст.
Ёдрас менамоем, ки дар ҷумҳурӣ бештар аз 300 навъи намуди оҳу ба «Китоби сурхи Тоҷикистон» шомил гардидааст, ки оҳуи бухороӣ низ, аз зумраи онҳост.
Умар АЛӢ

 

ҶОИЗАИ «ОСКАР»
фактҳои ҷолиб дар ин бора
Ҷоизаи «Оскар» мукофоти ҳарсолаи Академияи санъат ва илми кинематографияи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико буда, маъруфтарин ва муътабартарин ҷоизаи синамои ҷаҳон ба шумор меравад.
Ҷоизаи «Оскар» (офарандааш рассом-таҳиягар Седрик Гиббонс) ҳайкалчаи зарҳалиест, ки баландияш 34 сантиметр буда, вазнаш 3 килограмму 850 граммро ташкил медиҳад. Воқеан, Седрик Гиббонс дорандаи 11 «Оскар» мебошад.  

Аввалин маротиба маросими супурдани Ҷоизаи «Оскар» соли 1929 дар меҳмонхонаи «Ҳолливуд Рузвелт Ҳотел» (Hollywood Roosevelt Hotel) баргузор гашта, ҳамагӣ 15 дақиқа давом кард.

Комёбии Уолт Дисней то ба ҳол нодиртарин мебошад. Ӯ ба ҷоиза 59 бор пешниҳод гашта, соҳиби 26 «Оскар» мешавад.

Дар таърихи ҷоиза танҳо се филм соҳиби 11 «Оскар» шудааст: «Бен Гур» (1959), «Титаник» (1997), «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» (2003). Вале дастоварди филми «Шоҳангуштарӣ: Бозгашти шоҳ» нисбат ба филмҳои «Бен Гур» ва «Титаник» барҷастатар мебошад. Филми мазкур ба 11 номгӯи ҷоиза пешниҳод гашта, 11 «Оскар» гирифтааст.

Фақат ба Том Ҳэнкс ва Спенсер Трейси  мушарраф гаштааст, ки дар номгӯи «Беҳтарин нақши мардона» ду сол пайи ҳам пирӯз оянд. Дар номгӯи «Беҳтарин нақши занона» бошад, Луиза Райнер ва Кэтрин Ҳёпберн ба чунин комёбӣ  даст ёфтаанд. Бартар аз ин, Кэтрин Ҳёпберн барои иҷрои беҳтарин нақши занона чор бор сазовори ин мукофот мегардад ва то ба ҳол ба бонуе муяссар нагаштааст, ки ин дастовардро такрор намояд. 

Маъмулан, соҳиби Ҷоизаи «Оскар» шудан барои коргардонҳо ва ҳунармандон на танҳо маъруфият меоварад, балки ҳақмузди онҳоро бамаротиб боло мебардорад. Ба ҷуз ин, филме, ки бо ин мукофот қадр мегардад, аз ҷиҳати тиҷоратӣ муваффақ хоҳад шуд. Масалан, пас аз он ки филми «Шекспири ошиқ» соҳиби «Оскар» гашт, хазинаашро боз ба миқдори 100 миллион доллари дигар бештар кард. 

Бонуе, ки беш аз ҳама соҳиби «Оскар» гаштааст, тарроҳи либосҳо Эдит Ҳэд мебошад. Ӯ тайи солҳои 1950-1974 сазовори 8 «Оскар» мешавад.
Ш. ШОКИР

 

ГУЛРӮ, ҲАМОНЕ КИ ҚАЛБИ ҲАЗОРОН ПӮЛОДРО ТАСХИР НАМУДА БУД
Лутфӣ Кабирова зода ва парвардаи шаҳри Самарқанд аст. Вале, зиндагӣ ва эҷоди ӯ бо шаҳри Душанбе тавъам гардида. Ӯ , пас аз Ҳанифа Мавлонова дувумин занест, ки аз миёни сарояндагони жанри мушкили опера ба гирифтани унвони баланди Артисткаи халқии СССР (соли 1977) мушарраф гардидааст.
Лутфӣ Кабирова пас аз хатми омӯзишгоҳи мусиқии Душанбе (1949) ба Консерваторияи давлатии Маскав шомил шуда, онро соли 1954 бомуваффақият хатм менамояд. Аз ҳамон сол  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ фаъолияташро оғоз намуда, қариб се даҳсола шарафи операи тоҷикро ҳифз кардааст.
Ин бонуи соҳибистеъдод дар операҳои тоҷик амсоли «Пӯлод ва Гулрӯ», «Бахтиёр ва Нисо», «Бозгашт», «Домоди номдор», операҳои классикии русу Ғарб «Евгений Онегин», «Трубадур», «Отелло», «Мазепа», «Чио Чио – Сан» ва ғайраҳо арияҳои асосӣ иҷро намуда, хулқу атвори қаҳрамононашро воқеӣ ва дилчасп офарида дар бисёр давлатҳои хориҷӣ, аз қабили Афғонистон, Эрон, Туркия, Русия, Австрия, Дания, Лаҳистон, Олмон, Испания ва Фаронса маъруфият пайдо намудааст.
Умари ШЕРХОН

 

ДАР ИНДОНЕЗИЯ МАОШИ РОҲБАРОНРО БА ҲАМСАРОНАШОН МЕДИҲАНД
Ҳукуматдорони маҳаллӣ дар Индонезия маоши хизматчиёни давлатии оиладорро бевосита ба ҳисобҳои бонкии ҳамсарашон мегузаронанд. Ин ба мардҳо имкон намедиҳад, ки минбаъд ба алоқаҳои беруназникоҳӣ даст ёбанд.
Котиб-мушовири маъмурияти музофоти Горонтало дар ҷазираи Сулавеси изҳор намудааст, ки қаблан ҳамсарони хизматчиҳои давлатӣ бештар шикоят менамуданд, ки шавҳаронашон андозаи маоши гирифтаи худро пинҳон сохта, пулҳои худро барои маъшуқаҳояшон сарф менамоянд. Ин навгонӣ ба хизматчиёни давлатии ҷинси латиф дахл надорад.
Таҳияи Лашкар ШАРИФ

 

ҶАРРОҲИИ ТИФЛИ СЕМОҲА
Табибони беморхонаи назди Донишгоҳи тиббии Чунсини Чин ҷарроҳии дили кӯдаки семоҳаро бомуваффақият анҷом доданд, ки як қисми он берун аз қафаси сина ҷой гирифта буд.
Бемории мазкур дар дунё чун Пенталогияи Кантрелла маълум буда, аз як миллион кӯдак дар як нафараш рӯй медиҳад. Маризии хавфнокро ҳанӯз то тавлиди тифл ошкор карда буданд, аммо волидонаш аз фарзанд даст кашидан нахостанд.
Сарҷарроҳи беморхона У. Чун дили навзодро дар қафаси синааш дуруст ҷо ба ҷо карда, сипас барои ҳифзи он лавҳачаи титанӣ насб намуд.
«Дар даҳ соли охир банда се бор чунин амалиётро анҷом додам. Кӯдакони ҷарроҳишуда саломатанду муътадил ба воя мерасанд. Пенталогияи Кантрелла бемории ҷиддӣ буда, барои кӯдаки мубтало хатари марговар дорад. Хушбахтона тибби муосир ба табобати он қодир аст», - мегӯяд У. Чун.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

Назари дигар
САБЗКОРӢ БА МАҲСУЛНОКИИ МЕҲНАТ МУСОИДАТ МЕНАМОЯД
Олимони Донишгоҳи Калифорния чунин меҳисобанд, ки рустани дар дафтари корӣ ба диққатнокӣ ва то 15 дарсад болоравии самаранокии меҳнати коргарон мусоидат менамояд.
Одамони дорои ҷойи кори «сабз» аз зиндагӣ ва кори худ қаноатманданд.
Равоншиносон дар ду идораи калони Британияи Кабир ва Ҳолланд тадқиқот гузаронданд. Пас аз се моҳи пайдо шудани рустаниҳо, дар ин идораҳо маҳсулнокии меҳнати коргарон 15 дарсад афзуд. Ба гуфтаи мутахассисон маблағгузорӣ ба ороиши идора бо рустаниҳо, ба беҳ гаштани сифати зиндагии коргарони муассиса ва болоравии назарраси маҳсулнокии меҳнат далолат менамояд.
Ғайр аз ин, гурӯҳи дигари таҳқиқгарон муайян карданд, ки коргарони идораҳое, ки роҳбарияташон барои сабзкорӣ хасисӣ намекунанд, камтар бемор мешаванд.

Таҳияи Ш. ҚУРБОН

 

250 ҲАЗОР ЕВРО БАРОИ ШАМПАН
Футболбозони дастаи мунтахаби Русия Александр Кокорин ва Павел Мамаев баъди бохт аз тими Уэлс дар яке аз клубҳои фароғатии шабонаи Монте Карло ҷашни ҷононаеро доир карданд ва маблағи харҷи мизи фармудаи онҳо ҳазор евроро ташкил дод. Видеороликҳои аз ин шабнишинӣ намоишдодаи шабакаҳо таъйид мекунанд, ки футболбозон ба маблағи 250 ҳазор евро 500 шиша шампан харидаанд.
Ин амали эшон боиси муҷозоташон гардид.
Кокорин ба муддати номуайян ба ҳайати дувуми «Зенит» гузаронда шуд. Мамаев низ ба ҳайати ҷавонони клуби «Краснодар» мунтақил гардид. Ба ҷуз ин, ҳар ду футболбоз ба маблағи маоши якмоҳаашон, ки мутаносибан 290 ва 130 ҳазор евро аст, ҷарима шуданд.
Пас аз ин иттилоъ Кокорин изҳор намудааст, ки харҷи 250 ҳазор евро ҷиҳати харидани шампан муболиға аст.
 
Таҳияи Р. ИСМАТУЛЛОЕВ

 

САРБОЗОН ДАР КУҶО БУДАНД?
15 августи соли 1915 яке аз қисмҳои ҳарбии Туркияро, ки дар майдони он зиёда аз 1000 сарбоз машқ мекарданд, дуди  ғафси сиёҳ пахш кард. Пас аз чанд лаҳза шамоли сахт дудро пароканда кард, вале мӯҷиби ҳайрат он шуд, ки сарбозон аз майдон ғайб зада  буданд. Ин ҳодиса на танҳо Туркия, балки тамоми ҷаҳонро ба шӯру валвала овард. Ҷустуҷӯҳои пай дар пайи шабонарӯзӣ натиҷа надоданд. Танҳо пас аз шаш моҳ боз дар натиҷаи вазидани шамоли сахт ҳамаи 1000 нафар сарбозон дар майдони қисми  ҳарбӣ дар ҳамон ҳолате, ки ғайб зада буданд, банохост пайдо гаштанд. Аҷибаш ин, ки онҳо машқро бетаъхир дар соату лаҳзаи таъйиншуда оғоз намуда, анҷом доданд.

Таҳияи Раҳматулло КАРИМОВ

 

ЗИНДАГӢ ЧИСТ?
Ҳар кадоми мо дар бораи зиндагӣ, маънӣ ва мароми он, боре ҳам бошад,  андешидаем. Ҳар кас маънии зиндагиро ба таври худ дарёфт кардааст. Вале, аз чӣ бошад, ки дар ин маврид мо, аксаран, ба андешаҳои дигарон такя намуда, дар баёни фикри худ аз онҳо иқтибос меорем.
Пас, биёед бингарем, ки бузургон дар бораи зиндагӣ чӣ андеша доранд?

Уилям Олҷер зиндагиро саргузашти аҷибе мешуморад, ки дар он барои расидан ба мақсад заҳри нокомиро низ чашидан ширин аст.
Элберт Грин Хаббард бошад, баръакси Уилям Олҷер, ҳушдор медиҳад, ки зиндагиро бисёр ҷиддӣ нагиред, ба ҳар ҳол, касе аз он зинда нарафтааст.
Ин ақидааш ба Грин Хаббард имкон додааст, ки боз як «кашфиёти» дигари ногаҳонӣ намояд: «Марг ин аз гуноҳ кардан боз мондан аст!» Маълум мешавад, ки Элберт Хаббард ҳазлкаши гузаро ҳам будааст.
Петр Павленко бошад, ба зиндагӣ назари шоирона дорад. Ӯ мефармояд: «Зиндагии кас на он рӯзҳое ба шумор меравад, ки ба сар бурдааст, балки он рӯзҳое аст, ки дар хотираш ба таври абадӣ нақш бастаанд».
Бозор ва талаботи он ба зиндагӣ ва қиматаш низ таъсир расондааст. Барои мисол, Кэтлин Норрис чунин хулоса намудааст, ки нархи зиндагӣ ҳамарӯза боло меравад, аммо, мутаассифона, талабот ба он кам гардида истодааст.
Ба ҳар ҳол, хушбашт будан ва хушбахтона зистан, ҳамеша мароми асосии зиндагии ҳар шахс аст. Эмил Золя низ ба ин андеша муътақид аст. Фақат ӯ хушбахтии ягонаро дар ҳамеша ба сӯи пеш ҳаракат кардан мебинад.
Таҳияи М. ТАБАРӢ

 

100 разведкачӣ
КАН ШЭН - ЗИДДИ ҶОСУСОНИ ХАЁЛӢ
Амри маҳолест, агар касе шумораи ҷосусони ба хориҷа партофтаи ӯ ва ҳам ҷосусони ҳақиқӣ ва ҳам хаёлии доштагирифтаи вайро ҳисоб кардан хоҳад. Онҳо ҳазорҳо нафаранд, агар даҳҳо ҳазор набошанд, ҳамчунин қаламрави фаъолияти ӯ,  дар он кишваре, ки сарварии разведка ва контрразведкаро ба зимма дошт, басо доманфарох буд. 
Миёнақад, айнакӣ, чаккаи сараш мӯйрехта, бориклаб, чеҳраи ҳамеша моил ба табассум, бурути думимушӣ, абрувони баланд, нафаскашии баҳодурона, муомилаи хуш ин шахсро чун яке аз зиёиёни хуб тарбиятдидаи мардуми Чин муаррифӣ мекарданд, вале вай аз ҳад зиёд тамоку мекашид ва ин суханон ба ӯ ҳеҷ мувофиқ намеомаданд: «Кан Шэн одам не, дев аст».
Кан Шэн (Кан Син) дар соли 1898 дар Синдао дар оилаи феодали хурд ба дунё омада, донишгоҳи Шанхайро хатм намудааст. Дар деҳот омӯзгор буд, баъди пайвастан ба ҳизби коммунисти Чин курсҳои махсуси ҳизбиро хатм намуд. Соли 1926 котиби ноҳияи Марказӣ ва баъдтар ноҳияи Шимолии Шанхай интихоб гардид. Дар муборизаҳои коргарон бар зидди синфи золим фаъолона иштирок дошт, дар соли 1931 аъзои КМ, узви бюрои сиёсӣ ва котиби КМ ҲК Чин интихоб гардид. Солҳои 1933, 1935 – 1937 дар Маскав буд. Баъди бозгашт ба Янан (маркази ноҳияи Махсуси Чин, ки роҳбараш Мао Сзе Дун буд), сардори синбаотсзюй – раёсати хадамоти иттилоотии ноҳияҳои озодшудаи Чин таъйин шуд. Ин раёсат вазифаҳои разведка, контрразведка, адлия, суд, прокуратура, иттилоотро анҷом медод. 
Баъди пленуми 6 – уми КМ ҲКЧ дар моҳи ноябри соли 1938 Бюрои амнияти сиёсӣ бо роҳбарии Кан Шэн ташкил ёфт. Моҳи сентябри соли 1940 котиботи КМ ҲКЧ оид ба тахрибкорӣ дар минтақаҳои зери тасарруфи душманбуда директива қабул намуд. Иҷрои он ба зиммаи Чжоу Энлай ва муовини ӯ Кан Шэн вогузор гашт.  Аллакай дар соли 1941 ин идора ба муассисаи пурқувват табдил ёфт ва вазифаи ситоди генералиро низ фаро гирифт.
Кан Шэн дар давраи ежовчиён дар Маскав қариб 4 сол истод ва ҳамчун шахси ашаддии зиддишӯравӣ баргашт, вале усули муборизаи Ежовро бар зидди ҳаммаслаконаш ба хубӣ омӯхт ва бо худ овард. Ҳисси нобоварӣ ба атрофиён, аз ҷумла ба рафиқони ҳамсангар ва ҳамҳизб аз ӯ дар замони Мао Сзе Дун дастгоҳи муҷозот сохт. Аз баъзе ташкилотҳои ҳизбӣ сад дарсад, аз созмонҳои боқимондаи ҳизбӣ 90 дарсад коммунистон ҳамчун ҷосус ва агентҳои Япония ва ҳукумати гоминдонии Чан Кайшӣ гунаҳгор дониста шуда, ҳукми қатл мегирифтанд ё ба муддати мадид зиндонӣ мегаштанд. Ҳатто дар ҳабсхонаҳо барои «душманони хаёлӣ» - и ӯ ҷой намерасид ва онҳо дар ҷойҳои кории худ вақти ба маҳбас бурданашонро интизор мешуданд. Махсусан онҳое, ки дар Русия таҷриба омӯхта буданд, ҳама ба зиндон афтод, ба ғайр аз худи Кан Шэн.
Ба ҳаёти оилавии Мао Сзе Дун низ вай  дахолат кард. Маҳз бо кӯшиши Кан Шэн дар зиндагии доҳӣ хонум Сзян Син пайдо шуд. Дар соли 1931 духтараки 17 – солаи зангӯлаовоз бо исми Сзян Син (номи аслиаш Ли Юнхао, тахаллусаш дар ҷодаи санъат Лан Пин) маъшуқаи Кан Шэн ба ҳисоб мерафт, аммо дар ин синнусол   вай аллакай якчанд сарпарастони ҳамёнғафсро иваз намуда буд. Соли 1938 Кан Шэн, ки маъшуқаашро на танҳо барои зебоияш, балки барои ақли расо, одоби муомила ва иродаи матин қадр мекард, ӯро ба Янан овард ва ба Мао бо ду дасти адаб «супурд».
Хонадоршавии Мао ба Сзян Син (ин зани чоруми вай буд) ба пайдо шудан ва мустаҳкам гардидани секунҷаи ошиқона боис гашт. Минбаъд ба ин секунҷа Пэн Чжэн, ошнои куҳнаи Сзян Син, Чжоу Энлай, дӯсти Пэн Чжэн, пайвастанд. Маҳз ҳамин ашхос минбаъд ташаббускори ихтилофи байни ҶМЧ ва СССР гардиданд. Дар солҳои Ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ноҳияи махсуси Чин ва ҳам ҳукумати расмии Чин бо сарварии Чан Кайшӣ ва ҳизби Гоминдонии ӯ душмани Япония ва дӯсти СССР ба ҳисоб мерафтанд. Якчанд рӯз пеш аз сар шудани ҷанг Кан Шэн намояндагони шӯравиро аз ҳуҷуми Олмони фашистӣ огоҳ намуд. Кан Шэн аз Чжоу Энлай, намояндаи ҲКЧ дар шаҳри Чунсини гоминдонӣ, 18 июни соли 1941 дар ин бора маълумот гирифт. Ин нахустин ва охирин амали хайрхоҳонаи Кан Шэн нисбат ба СССР буд, амалиётҳои минбаъдаи вай ҳама бар зидди Иттиҳоди Шӯравӣ буданд.  Кан Шэн 16 декабри соли 1975 бо дунёи рӯшан падруд гуфт.

Қурбон МАДАЛИЕВ.
Тарҷума аз русӣ.

 

Андарз
МЕҲМОН ВА БОЛИШТ
Марде ба меҳмонӣ омад. Аз нишоти ин дидор соҳиби хона ва меҳмон ҳамдигарро гарм ба оғӯш гирифтанд.
- Канӣ, занакҷон, бигӯй, ки барои дӯстам ҷои муносиб дуруст кунанд, мурғ сар зананд, чой оранд, таоми лазиз омода созанд.
Зан зери пои меҳмон қолини нақшин густурд, аз болои он кӯрпаи нарм партофт, болишти пари қу гузошт. Дастархон пури нозу неъмат буд.
Рӯзи дигар соҳибони хона болиштро гирифтанд, баъди ду рӯз - як қабати кӯрпаро ғундоштанд. Рӯзи чорум меҳмон бо соҳибони хона худоҳофизӣ кард, то биравад.
- Чаро ин қадар зуд рафтан мехоҳӣ, дӯстам? Мо ягон кори бад кардем, ки малоли хотират шуд? Боз чанде бимон, ки аз дидорат сер шавем.
- На, ҳеҷ амали бад аз шумо нагузашт, вале ман бояд ҳамон вақт мерафтам, ки болиштро гирифта будед, - гуфт меҳмон.
Таҳияи Хуршеди ҶОВИД

 

ҲАКИМОНИ МАҒРИБ ЧУНИН ГУФТААНД
Йоҳан Волфгант ҲЁТЕ:
Дарки иштибоҳ аз дарёфти ҳақиқат осонтар аст, зеро иштибоҳ сатҳист, онро метавон зуд пайдо кард. Лекин, ҳақиқат решаи жарфтаре дорад ва на ҳар кас аз уҳдаи пажӯҳиши он мебарояд.
                        
*  *  *
Касоне, ки дониши фаровон андӯхтаву худро ҳанӯз ҳам нодон мешуморанд, ба камолот наздиканд.
                    
 *  *  *
Касе, ки бо зиндагӣ бозӣ мекунад, ҳеҷ гоҳ дар он комёб намешавад.
 *  *  *
Касе, ки ба фармони дили худ кор намекунад, ғуломи дигарон мебошад.
М. УРФОНОВА.
Тарҷума аз русӣ

 

ОСМОНИ ПУРСИТОРА
80 ДАРСАДИ АҲОЛИИ САЙЁРА ОНРО НАМЕБИНАД

Олимони соҳаи тиб исбот намуданд, ки  беш аз 80 дарсади аҳолии сайёра шабонгоҳ барои дидани осмони софи пурситора мушкилӣ мекашанд.
Бар асоси тозатарин таҳқиқоти олимони итолиёвӣ омиле, ки монеъ ва ё ба таври хира дидани осмони пур аз ситора дар шаб гардидааст, ин ҳам бо таъсири худи инсоният сурат гирифта истодааст.
Одамизод дар рӯйи замин рӯшноиҳои зиёди сунъӣ (барқӣ) роҳандозӣ карда, тамоми шаб аз он истифода мебарад. Истифодаи васеъ аз неруи барқ, чароғҳои зиёди хиёбонӣ, автомобилу тайёраҳо, таблоҳои бузургҳаҷм, таҷҳизоти фароғатӣ (атраксионҳо), лампаи манзилҳои зист ва ғайра яке аз манбаъҳои олудагии равшании осмон дар шаб мебошад. Бо ин ҳол, бештари аҳолӣ аз дидани нур ва ё равшании табии ситораҳо «маҳрум» шудаанд. Онҳо ситораҳоеро, ки хира милт-милт мезаданд, дида наметавонанд.
Равшании зиёди сунъӣ дар шаб ба торикӣ халал расонда, дар табиат як навъ нобаробариву номутавозинатиро ба вуҷуд меорад. Аммо, бо ин ҳама олудасозии нур дар осмон донишмандон зидди рушди техникаву технология нестанд.
Таҳияи Р. КАРИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2016    №: 133    Мутолиа карданд: 627

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед