logo

сиёсат

ВАБОИ АСР. ҶАВОНОНРО АЗ ОН ЭМИН ДОРЕМ

Имрӯз тамоми ҷомеаи ҷаҳониро вабои аср - терроризму экстремизм ва зуҳури гурӯҳҳои ифротгаро ба ташвиш овардааст. Боиси нигаронист, ки ин гурӯҳҳо барои амалӣ сохтани ҳадафҳои нопоки худ аз ноогоҳии бархе ҷавонон истифода намуда, онҳоро ба доми фиреби хеш мекашанд ва дар ниҳоят риштаи умри ҳазорон нафар ба дунболи аҳдофи бегона канда мешавад. Боиси таассуфи амиқ аст, ки теъдоде аз ҷавонони камсаводу гумроҳи тоҷик низ қурбони ин гуна найрангҳо шуда, ба сафи гурӯҳҳои ситезаҷӯву ифротгаро пайвастаанд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии мамлакат оид ба ин масъала таъкид карданд, ки: "Мубориза бо терроризм ва экстремизм фароҳам овардани фазои боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои ҳамдигар ва муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунёро дар пешорӯи ин хатари умумӣ тақозо менамояд.  Истифодаи "сиёсати дугона" нисбат ба терроризм ва экстремизм самаранокии кӯшишҳои ҷомеаи ҷаҳониро дар муборизаи муштарак бо ин зуҳурот ҷиддан коҳиш дода, баръакс, мухолифатҳои наверо байни эътилофҳои ҳарбиву сиёсӣ эҷод мекунад ва авзои ҷаҳонро боз ҳам ноором месозад. Ман чандин маротиба аз минбарҳои Созмони Милали Муттаҳид ва дигар ташкилотҳои бонуфузи байналмилалӣ таъкид карда будам, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад".
Дар пасманзари ин таъкиди Сарвари давлат ҳар яки моро зарур аст, ки дар робита ба масъалаи мавриди назар муносибати ҷиддӣ дошта бошем ва аз пайвастани ҷавонони гумроҳ ба ҳизбу ҳаракатҳои хусусияти террористидошта ҷилавгирӣ намоем. Бояд тарғиботи идеологиро дар ин самт вусъат бахшем ва бо ин роҳ аҳдофи фоҷиабори гурӯҳҳои тундравро, ки дар бисёр маврид бо истифода аз номи дини мубини ислом онро доғдор мекунанд, фош созем. Воқеаҳои мудҳиши ибтидои солҳои 90-уми асри гузаштаро набояд фаромӯш кунем, зеро миллат дар ҳоли парокандагиву давлат дар остонаи нобудӣ қарор дошт, ки ҳосили ноогоҳиву ҷоҳилӣ, зиёдаравию фирефтаи гурӯҳҳои фурсатталаб шудани теъдоде аз мардум буд.  
Танҳо ҷаҳду талош ва ҷонфидоиҳои Пешвои миллат, муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  боис гардид, ки аз ин даҳшатҳо раҳо шудем. Таҳти сарварии ин фарзанди фарзонаи миллат низоъҳои дохилӣ хотима ва мардуми парокандаи кишвар сарҷамъ гардиданд.
Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои бузурги моддӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои беназири маданиву фарҳангӣ низ ноил гардид. Аз ин лиҳоз, ҷавонон  метавонанд аз тамоми имконият ва шароите, ки давлату Ҳукумати мамлакат барои таҳсил, кору фаъолият ва маърифатнокиашон муҳайё кардааст, самаранок истифода намуда, ташаббускору созанда бошанд, кори хубро аз бад фарқ карда тавонанд. Зеро имрӯз дар тамоми зинаҳои маълумот, васоити ахбори омма, алалхусус, шабакаҳои телевизионӣ ва радио, нашрияҳои давлатию ҷамъиятӣ мунтазам оид ба ифротгароӣ корҳои тарғиботӣ ба роҳ монда шудаанд.
Ҳар як падару модарро лозим аст, ки аз рафтору кирдори фарзанди худ бохабар бошад. Бояд огоҳ буд, ки фарзандон ба чӣ корҳо машғуланду  бо киҳо дӯстӣ пайдо карда, бо атрофиён чӣ гуна муносибат мекунанд. Барои илмомӯзии онҳо ҳарчи бештар мусоидат намоянд. Зеро таълиму тарбияи насли ҷавону ояндасоз ҳамеша дар меҳвари таваҷҷуҳи давлату Ҳукумат қарор дошта, перомуни он тадбирҳои амалӣ андешида мешаванд.

С. САЛИМОВ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2016    №: 133    Мутолиа карданд: 414

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед