logo

сиёсат

ПЕШВОИ МИЛЛАТ: "ЧЕҲРАИ КУШОДА БАРОИ МАН БЕҲТАРИН МУКОФОТ АСТ"

Имрӯзҳо сокинони Вилояти  Мухтори Кӯҳистони Бадахшон таҳти таассуроти фараҳбахшу дилнавоз аз дидорбиниҳои ниҳоят самимию хотирмон бо Асосгузори сулҳу ваҳдати  миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доранд. Мардуми шарифи Бадахшонро, бахусус суханони пур аз меҳру муҳаббат ва пандомези Пешвои миллат дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ мутаассир  ва болидахотир гардонданд:

«Шумо бо лутфу марҳамат, меҳмоннавозию меҳмондории  анъанавии  тоҷиконаатон қалби тамоми мардуми Тоҷикистонро тасхир намудед. Ман мушкилоти шуморо хуб дарк мекунам, аммо сарфи назар аз ин мушкилот ба ҳамагон исбот намудед, ки дар замири шумо, дар тафаккуру андешаи шумо  хиради азалии ориёӣ побарҷост. Шумо бо пиндоратон, гуфторатон ва рафторатон дар қалби ҳамагон тухми муҳаббат, вафодорию бародарӣ, тухми ваҳдат коридед. Ваҳдати воқеӣ ана ҳамин аст. Барои ман чеҳраи кушодаву болидаи шумо беҳтарин мукофот, олитарин  армуғон аст, ки  бо худ  ба  маркази  ҷумҳурӣ  мебарам. Аҳсан, аҳсан, аҳсан!». 
Ин суханони Пешвои миллат барои ҳар як фарди Бадахшон боиси ифтихору сарбаландист. Ман дар мулоқоти Сарвари муаззами кишвар бо сокинони водии Язгулом, тантанаҳои идона дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ ва дар мулоқот бо фаъолону роҳбарони вилоят ширкат доштам. Президенти мамлакат зикр карданд, ки барои ободии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, беҳбуд бахшидани рӯзгори мардум ҳеҷ чизро дареғ нахоҳанд дошт ва аз мо фақат риояи қонуну тартибот, тинҷию оромиро тақозо намуданд. Пешвои миллат  аз сатҳи  баланди  баргузории  чорабиниҳои  идона, чеҳраҳои  кушодаи  мардум, меҳмоннавозии  баланди  тоҷиконаи  бадахшониён изҳори  хушнудӣ  карда,  гуфтанд, ки  чӣ  тавр  мо  ба  чунин  мардуми  бофарҳангу  ватандӯст  хизмат  накунем.
Мардуми Ванҷу Язгулом бенизомиҳои солҳои навадуми асри гузаштаро дар хотир доранд. Онҳо ба хубӣ дарк мекунанд, ки маҳз ба шарофати сиёсати ваҳдатофарини Пешвои миллат  сулҳи деринтизор ба диёрамон омад. Акнун вазифаи  асосии мо, чуноне ки Пешвои миллат пайваста таъкид менамоянд, аз ҳифзи арзишҳои ваҳдати милливу дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ, вусъати корҳои  ободониву созандагӣ, рушди  бемайлони кишвари  азизамон  иборат мебошад. Мардуми мо мақоли хубе доранд: «Қарсак аз ду даст». Се  маротиба   ба ҳозирон рӯ оварда “аҳсан!” гуфтани  Сарвари давлат моро  муваззаф  месозад, ки барои  иҷрои дастуру  ҳидоятҳои ин марди бузург беш  аз  пеш  талош  намоем.

Мастулло ХОЛИНОВ, 
 сокини ноҳияи Ванҷ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 9.07.2016    №: 133    Мутолиа карданд: 494

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед