logo

ҳуқуқ

БЕМАСЪУЛИЯТӢ БА ҶИНОЯТ МЕРАСОНАД

Соҳиби фарзанд шудан, дар баробари он ки толеи баланд аст, масъулият ва уҳдадориҳои хоси худро дорад. Вақте фарзанд ба дунё омад, то 18 - солагӣ волидон дар таълиму тарбия ва таъминоти иҷтимоии ӯ масъуланд. Сокини ноҳияи Муъминобод Алишер Соҳибназаров аз ҷумлаи ҳамон падароне аст, ки ин масъулиятро нодида гирифт ва дар ниҳояти кор ҷиноят содир намуд.
Номбурда 27 октябри соли 2013 бо Б. Хоркашова, сокини деҳаи Меҳнатободи ноҳияи Восеъ хонадор шуд. Вале баъди 10 моҳ онҳо аз ҳам ҷудо шуданд. Ягона фарзанди навзодашон зиндаятим монд. Сипас, шаҳрванд Б. Хоркашова 17 феврали  соли 2015 барои рӯёндани алимент ба суд муроҷиат кард.
Алишер Соҳибназаров бояд ҳар моҳ барои тарбияи писараш Абубакр 100 сомонӣ пардохт мекард. Вале 11 моҳ аз пардохти алимент саркашӣ намуда, ҳатто ба хабаргирии фарзандаш наомад. Суди ноҳияи Муъминобод 7 апрели соли равон масъалаи мазкурро бори дигар баррасӣ намуда, ҳукм баровард. Мувофиқи он ба Алишер Соҳибназаров як сол ҷазои корҳои ислоҳӣ дар ҷойҳои махсус бо нигоҳ доштани даҳ дарсади музди меҳнат ба фоидаи давлат таъйин гардид.
 Зокир Раҳимов, сокини деҳаи Боғи Ҳабиби ноҳияи Муъминобод низ фарзандбезор будааст. Ӯ фурӯшандаи чиптаҳои «Бозии лото» дар назди бозори «Саховат» - и пойтахт ва сокини маҳаллаи Гулбуттаи шаҳри Душанбест. Зокир соли 2000 - ум бо шаҳрванд Майрамбӣ Салимова оила барпо намуда, соҳиби духтар мешаванд. Вале баъди  ҳашт сол оилаи онҳо пош хӯрд.
Зокир Раҳимов қаблан доғи судӣ доштааст ва мебоист ба хулосаи дуруст омада, дар доираи қонун амал мекард. Аммо аз 7 апрели соли 2009 инҷониб, дар давоми 70 моҳ бе сабабҳои узрнок аз додани алимент саркашӣ намуд. Маблағи умумии алимент дар ин муддат қариб 11 ҳазор сомониро ташкил карда, ин амали ӯ хилофи моддаи 177 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумурда шуд. Ҳатто собиқ ҳамсараш Майрамбиро, ки барои талаби алимент ба наздаш омада буд, таҳқир намуда, аз хонааш рондааст. Аз ин сабаб, суд дар баробари рӯёндани алимент, Зокири бемасъулиятро ба муддати 6 моҳ аз озодӣ маҳрум кард.

Алишер АШӮРЗОДА, раиси суди ноҳияи Муъминобод


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 432

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров

GLOBE SOCCER AWARDS. Беҳтаринҳоро муайян кард

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Дар Пекин музокироти тиҷоратии ИМА ва Чин мегузарад

Эрдуғон пирӯзӣ бар террористони «Давлати исломӣ» - ро эълом дошт

Разведкаи Сурия дар ҳафт сол 80 саркардаи исломиро нест кард

Сарвари ҶХД Корея ба Чин бо ташрифи серӯза омад

Танзими нархи дорудар Қазоқистон

04.01.2019


Парвози чартерӣ дар масири Душанбе - Шарм-уш-шайх

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Ҳалокати зани тоҷик ва се фарзандаш дар Магнитогорск

Ваколати нави намояндаи Тоҷикистон дар СҲШ

Аз Сурия баромадани артиши амрикоӣ оғоз ёфт

Зонди чинии "Чанъэ-4" дар Моҳ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед