logo

фарҳанг

«МАН ХОКНИҲОДАМУ ФАЛАКПАРВОЗАМ»

Ба озмуни «Ҷумҳурият»

Шоир будан ширин - ширин гиристану талх - талх хандидан ва бо кӯлбори дарду ормонҳои зиндаҳову мурдаҳо зистану бо ин роҳтӯшаи амонатӣ то ба дунёи дигар раҳ сипардан аст. Дард кашидан, яъне бехоҳишу таваҷҷуҳи дигарон, бо иродаву ихтиёри худ, ҳатто ба майли дил ғами дигаронро ғами дили худ донистану онро сурудан аст.

Аҷиб аст, вақте эҳсос мекунӣ, барои неку бади дунё ҷавобгар ҳастӣ, дилат ба майсаву қоқуву лолаҳои аз нури офтоб бармаҳал сӯхта, чашмаи хушкида, ҳавои гирифта ва гоҳе ба гунҷишкони белона месӯзаду таҳ мекашад, лаҳзае гиребони гардуни гардон мегириву лаҳзае кӯдаквор роҳи донакашии мӯрчаҳоро пайхас менамоӣ:
Ман хокниҳодаму фалакпарвозам,
Нӯшида зи чашма обу дарёбозам.
Гардид ҷаҳони ахтарон сайргаҳам,
Дар рӯи замин бувад баланд овозам.

Шодравон Ғоиб Сафарзода низ аз шумори он шоироне буд, ки шӯру ҳаяҷон ва қиёми модарзодӣ дошт. Овозаш дар рӯи замин баланд чун шери найистон танинандоз мегашт. Дар ашъори лоуболонаи ӯ бештар офтобу маҳтоб, кӯҳи побарҷо, уқоби баландпарвоз, мурғакони шохаҳо, занбӯри асал, мӯрчаҳо,  насиму накҳати гул, дили шайдои булбул ва барги дарахтон ба забон меоянд, навҳа мекашанд, роз мегӯянд, чашмаҳо бад-он нармиву тароват ва рӯдҳо бад-он шӯру шағаб ба хатҳои дафтари шоир ҷорӣ мешаванд:
Эй оби ҷӯйбор,
Аз ашки чашмасор,
Абри гуҳарнисор,
Борони нуқравор,
Гулҳои шашқатор,
Пайғоми навбаҳор.

Моҳияти аслии зиндагии инсониятро дили ӯ дар айёми ҷавонӣ дарк карда буд. Ӯ эҳсос мекард, ки роҳи наҷот аз каҷдорумарезиҳои замон танҳо ва танҳо зебоипарастист ва зебоии ҳақиқӣ андар фарҳангу ҳунар нуҳуфта. Ҳанӯз соли 1968 дар саҳифаи рӯзномаи «Тоҷикистони советӣ» («Ҷумҳурият») нигошта буд: «Мусиқиву суруд, асарҳои бадеӣ, санъати театрию рассомӣ, ҳусну ороиши зоҳирӣ ва монанди инҳо…ба одам кайфияту лаззати махсус, ба ҳаёташ мазмуни нав мебахшанд, дунёи ботини ӯро дигаргун мекунанд. Оре, таровати зиндагӣ дар зебоии он аст».
Аз чашмаи ҷӯшзан сафо ёфтаам,
Аз рӯд талотуму нидо ёфтаам.
Бунёди ман аз ғурури шӯр аст ҳама,
Дар домани кӯҳ ибтидо ёфтаам.

Рӯҳи баланду сиришти кӯҳзодагии Ғоиб Сафарзода дар аксари ашъори ӯ ғолиб аст, тасвиру тавсифи домани кӯҳу қуллаҳои осмонбӯси диёр бо рангу бӯи нав дар осораш борҳо такрор мешаванд:
Кӯҳҳо чун одами дардошно,
Якдигарро пуштибонӣ мекунанд.
Гарчи гирудори афзун дидаанд,
Устуворию ҷавонӣ мекунанд.

Самимият ва садоқати фарзандии шоир ба кӯҳистони аҷдодӣ, ки замоне дар канораш ӯро парвардаву ба роҳи бузургтаре бо номи «Инсон шудан!» ҳидоят кардааст, муҳаббатолуда ифшо мешавад:
Дӯст медорам шуморо қуллаҳо,
Роҳомӯзи ҷавонии манед.
Дӯст медорам шуморо қуллаҳо,
Зинаҳои зиндагонии манед.

Зиё Абдулло ба ин вижагии шеъри Ғоиб Сафарзода ишора намуда навишта буд: «Ин қадар дилкашолии шоирони кӯҳистон ба зодгоҳ ҳамон дилкашолӣ ба покизагии бикр ва модаронаи содаи муҳити бачагист. Ва ин тозагии сода, ки зери дандони ҳамворсози шаҳр меафтад, «чархи фалак»-и шаҳр ҳар қадар ӯро тезтару тезтар ва ба ҳар тараф гардондан мегирад, ба ёди тамкини кӯҳ ва софии чашма ӯ он қадар дилтангӣ эҳсос мекунад…».
Махсусан, дар ин порашеър дили шоир ба деҳаи бачагии худ гум задаву нахуст пайку нишони кӯҳистонаш ва баъдан суроғи хонаи тифлиашро аз роҳ мепурсад:
Эй роҳи дароз, аз куҷо меоӣ,
Аз домани кӯҳи ошно меоӣ?
Оё зи дари хонаи мо сар нашудӣ,
К-ин қадр хамӯшу бесадо меоӣ.

Аслан, роҳ барои рӯзгору осори Ғоиб Сафарзода оҳанги фалсафӣ дорад. Зеро ӯро насаб Сафарзод асту марги ӯ низ дар роҳи сафар. Таззоди аҷиби нонавиштае. Худ низ ҳамчун марди раҳ ишораи нозуке мекунад, ки оғозу анҷоми ман роҳ аст: «Мо раҳгузарем, дар сафар мегузарем». Бале, ӯ марди раҳ буд, аммо дар ин раҳ ҳаргиз ғофил набуд, хору хаси лаби раҳ буданро ор медонист ва медонист, ки ин раҳ поёне дорад. Ин аст, ки ҳар нафас дар ҳар қадам, болои гарду хоки раҳ гул мекишт, гули рубоиву дубайтӣ:
Таҳи ин хок садҳо роз дорад,
Ба ҳар оҳангу ранг овоз дорад.

Таҳи ин хок садҳо роз дорад, гуфтани шоир ба худи шоир низ пайванди фалсафиву рӯҳонӣ дорад, зеро имрӯз ӯ ҳам таҳи хок асту розу ниёзаш, дили пурсӯзу созаш бо мост.
Ва ё дар мазраи дигар рубоӣ кишт мекунад:
Аз даври шубоб баҳравар бояд буд,
Аз рафтани умр бохабар бояд буд.
Зинҳор ғубори раҳ набояд будан,
Тобон чу ситораи саҳар бояд буд.

Адабиётшинос Валӣ Самад, яке аз дӯстони қарини шоир бо меҳр ёд аз Ғоиб карда мегӯяд: «Дар дилу дидааш ғуруру шаҳомати кӯҳ саршор буд, ҷое, ки ҳақиқат зери по мешавад, аз худ бурун мерафт, мешӯрид, рӯҳи адолтхоҳу исёнкор дошт. Ва ин рубоии ӯ далели гуфтаҳои мананд:
Сар дар раҳи нокасе набоист ниҳод,
Ин хори ҷафо ба дил нашоист ниҳод.
Дар косаи сар чу офтоб аст хирад,
Хуршед бари хасе набоист ниҳод».

Ғоиб Сафарзода аз роҳи зиндагӣ бо дасти пуру табъи нозукписанд гузашт.  Кӯлбори ӯ пур аз шеъру таронаҳои нағз ва мағз андар мағз олудаву полудаи дарду ормонҳои мову шумо буданд. Устод Муъмин Қаноат, ки дили шогирди худро бештару беҳтар эҳсос кардааст, менигорад: «…Ғоиб Сафарзода ҷавони боғайрат, пуртакопӯ ва гармдиле буда, дар даҳ соли омӯзиш ва ҷустуҷӯҳои адабӣ ба манзиле расида, боғе сабз кардааст».
Имрӯз ҳам хушбахтона, дар боғи сабзи шеър гулҳои ормони шоири ҷавонмаргу шӯридадил шукуфонанду ғунчаҳои хотираҳои некаш безавол. Ӯ на танҳо имрӯз, балки барои садсолаҳо сарсабзии эҷодашро дар роҳи ҷовидонагӣ умедвор аст:
Саропо орзуям, пуршарорам,
Зи сарсабзии хеш уммедворам.
Гуле чун кард дар шохам табассум,
Дар олам ҳасрати дигар надорам.

Бузургмеҳри БАҲОДУР,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 705

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед