logo

иҷтимоиёт

ЭҲСОН БАРАКАТ МЕОРАД

Бародарон Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳоро дар ноҳияи Ҳисор ва дигар навоҳии кишвар чун ашхоси накукор, ободгару хайрхоҳ мешиносанд ва эҳтиром мекунанд. Аҷиб он аст, ки худи онҳо мавриди эҳсонкориҳои анҷомдодаашон чизе гуфтан намехоҳанд.

– Ободкорию созандагӣ  вазифаи шаҳрвандии ҳар яки мост, ки ба қадри имконамон бояд анҷом бидиҳем. Ва ҳам он чӣ, ки анҷом додаем, магар кирои гуфтану навиштан аст? - мепурсанд аз ман дар вақти суҳбат.
Аслан мавриди корҳои неки анҷомдодаашон бештар аз мардум иттилоъ гирифтем. Маълум гардид, ки ободиву созандагие, ки ба хотири рушди диёр анҷом додаанд аз деҳаи худ оғоз намудаанд. Бо дастгирии онҳо роҳҳои дохилии деҳаи Чашмаи Сайидони ноҳияи Ҳисор таъмиру тармим гардида, деҳа ба худ намои зебоеро касб намудааст. Бунёди боғ, мактаб, таъмиру азнавсозии роҳҳо ва дастгирии оилаҳои эҳтиёҷманд аз корҳои муҳими анҷомдодаи онҳост.
Бародари калонӣ Қурбонмурод  миёни мардуми ноҳияи Ҳисор бо номи Ҳоҷӣ роҳсоз  маъруф  гаштааст. Ин ба хотири он аст, ки роҳҳои мошингарди ноҳия ва атрофи он ба туфайли идораи роҳбарикунандаи ӯ таъмиру бозсозӣ мешаванд.
Дасти кумакашон ба мардуми ноҳияи  Зафаробод низ  расида. Кори неке, ки барои мардуми деҳаи Навбаҳори ин ноҳия  анҷом доданд, мушкили чандинсолаи мардуми онро осон намуд.
Деҳаи Навбаҳори ноҳияи Зафаробод  дар замони истиқлолият бунёд ёфтааст. Дар ин деҳа аслан мардуми навоҳии  Ғончӣ, Мастчоҳу Айнӣ муҳоҷир шудаанд. Аз сабаби мавҷуд  набудани мактаб, кӯдакони ин деҳа барои таҳсил  роҳи зиёдро тай намуда, ба мактаби № 10 - и деҳаи Сурхоб мерафтанд. Ба хотири рафъи  ин мушкилӣ бо дастгирии Қурбонмурод ва Баҳриддин Неъматзодаҳо соли 2013 дар деҳа сохтмони мактаби нав оғоз гардид. Барои  анҷоми корҳои сохтмонӣ наздики 60 нафар мардуми маҳаллӣ ба кор ҷалб шуда, мактаби наву замонавӣ бунёд намуданд.
Дар соли хониши 2014 - 2015 мактаб бо тамоми лавозимоти зарурӣ - синфхонаи компютерӣ ва дигар айёниятҳои таълимӣ барои 600 нафар хонанда ба истифода дода шуд.
Қурбонмурод ва Баҳриддин, ки бо амалҳои неку хайрхоҳонаи худ мушкили зиёди мардумро ҳал намудаанд, баракати умр ва зиндагии хешро аз он медонанд.

Фарзонаи ФАЙЗАЛӢ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 458

19.08.2019


Баррасии асосноккунии техникиву иқтисодии роҳи Қалъаи Хумб – Ванҷ

Баргузории ҳамоиши "Ҷавонони эҷодкор – парчамбардорони миллат ва пайравони Пешвои миллат"

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед