logo

сиёсат

ИСЛОМИ СИЁСӢ

АГАР БА СЕСАД СОЛИ ОХИР НАЗАР АНДОЗЕМ...
Маҳз дар солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири огоҳии комили мардуми тоҷик аз асолати инсонгароёнаи дини мубини Ислом бо ибтикори Сарвари давлат китоби муқаддаси Қуръон дар тарҷумаи тоҷикӣ ба дасти аҳолии мамлакат расида, маҷмӯи имконият ва шароит барои иҷрои фароизи динӣ фароҳам омад. Муҳимтар аз ҳама, имрӯз беҳтарин китобҳои бар пояи мазҳаби Имом Абу Ҳанифа дар масоили фиқҳ ва умуман фарҳанги исломӣ навишташуда бо ташаббуси давлат ба дасти чоп мерасанд.

Танҳо зарурати он мемонад, ки ҷомеа ва мардум аз ин осори нашршуда ба хотири баланд бардоштани маърифати динии худ истифода кунанд, на ин ки аз рӯи шунидаву фаҳмидаҳо амал намуда, ба доми фиреби нафароне, ки мардумро ба экстремизми динӣ мекашанд, биафтанд.
Мутаассифона, ба вуҷуд омадани ҳизбу ҳаракатҳои ба ном динӣ, ки аслан ба асли фарҳанги исломӣ робитае надоранд, имрӯз на танҳо номи ин дини мушаррафро бад менамоянд, балки ба куштори одамони бегуноҳ даст мезананд. Салафиҳо бо баҳонаи бозгашт ба асли ислом ва тоза кардани он аз бидъат мардуми мусалмонро ба қатлу куштор ҳидоят мекунанд. Дар натиҷаи ташвиқоти дурӯғин наврасону ҷавононро аз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба сафи худ ҷалб намуда, вазъи ҷамъиятиву сиёсиро халалдор месозанд. Амалҳои террористии дар Покистон, Афғонистон, Сурияву Ироқ, Фаронса, Белгия, Туркия ва дигар кишварҳо рухдода, ҳақиқати ин амрро тасдиқ мекунанд.
Дар китоби муқаддаси Қуръон, сураи  Моида, ояти 32 омадааст: «Ҳамоно ҳар кас, шахсеро бидуни қассос ё бе он ки дар замин фитна ва фасоде барпо бикунад, бикушад, монанди он аст, ки тамоми мардумро куштааст». Ба ҳамин маънӣ, дар сураи Нисо, ояти 93 омадааст: «Ва ҳар ки амдан муъминеро бикушад, кайфараш дӯзах аст, ки дар он мондагор хоҳад буд ва Худо бар ӯ хашм мегирад ва лаънаташ мекунад ва азобе бузург барояш омода сохтааст». Аз ин рӯ, имрӯз он гурӯҳҳои экстремистӣ, ки аз номи дини мубини Ислом ҳарф мезананд, ҳаргиз иртиботе ба аслу моҳияти инсонгароёнаи Ислом надоранд ва танҳо аз ин номи муқаддас истифода мебаранд. Барои аз миён бардоштани таъсири ногувори афкори ҳизбу ҳаракатҳои ифротии «Давлати исломӣ», «Салафия», «Ҳизб-ут-таҳрир» дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳо дар сатҳи давлатӣ  роҳандозӣ шудаанд.  Сарвари муаззами кишвар дар суханрониву вохӯриҳои худ ба ин масъала таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, таъкид медоранд, ки бояд нисбат ба сарнавишти ҷавонони гумроҳшуда бетараф набошем ва барои пешгирӣ аз шомилшавии ҷавонон ба ин гурӯҳҳо корҳои ташвиқотиро пурзӯр намоем.
Агар ба таърихи сесад соли охири кишварҳои исломӣ назар афканем, дармеёбем, ки тайи ин муддат ислом ҳамеша василаи зери султа нигоҳ доштан барои абарқудратҳо будааст. Онҳо бештар ба таассуби динии мусалмонон такя карда, барои пиёдасозии ҳадафу манфиатҳояшон исломи сиёсиро ба вуҷуд оварданд. Исломи сиёсӣ асосан бо мақсади ҳарчи бештар дахолат кардан ба корҳои давлатдорӣ ва дар ин раванд ҷорӣ намудани қонунҳои шариат ва ба вуҷуд овардани бархӯрди мусалмону ғайримусалмон роҳандозӣ шудааст. Табиати исломи сиёсӣ тафриқаандозӣ байни мардум аст. Зеро бовару эътиқоди инсонҳо гуногун буда, он наметавонад якхела бошад. Чунин ҳолат ҳеҷ гоҳ ба манфиатҳои миллии кишварҳои мусалмонӣ набуд ва нест. Ба ибораи дигар, ҳамон усули сиёсии «тафриқа андозу ҳокимият намо», ки хоси мустамликадорон буд, аз он маншаъ мегирад.
Дар давлатҳое, ки ҳизбу ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ фаъолияти пинҳонӣ ё ошкоро доранд, мухолифату парокандагӣ, адовату душманӣ аз байн намеравад.
Зикри як нукта муҳим аст, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандии Тоҷикистон низ ҳамин «исломгароён» давлатро ба вартаи нестшавӣ расонда буданд. Аз ин рӯ, ҳар як фарди ватандӯсту меҳанпараст, худшиносу худогоҳ ва бонангу номус бояд бо чунин равия ва ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ оштинопазир бошад ва дар амнияту рушди устувори кишвар саҳми назарраси худро гузорад.

Ҷамолиддин ТИЛЛОЕВ,
корманди ШКД ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Кӯлоб


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 472

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед