logo

ҳуқуқ

ТЕЛЕФОН ДОМИ БАЛО ШУД

Бо вуҷуди он ки техникаву технологияи муосир, аз ҷумла интернет ба зиндагии мо кайҳо ворид шудаву дар ҳалли масъалаҳои гуногун кумак мерасонад, аммо фарҳанги дурусти истифодабарии онҳоро ҳанӯз намедонем. Айбдор Умарзода Сайбурҳони Довуд низ тавассути телефони мобилӣ ба паҳн намудани маводи ифротӣ машғул шуду ба доми бало афтод.

Коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди  вилояти Хатлон дар маҷлиси ошкорои судӣ, 20 апрели соли равон, дар суди шаҳри Кӯлоб парвандаи ҷиноятиро бо айбдории Умарзода Сайбурҳони Довуд, зода ва сокини шаҳри Кӯлоб, кӯчаи Ш. Шоҳин, бинои № 25, утоқи № 53, дар содир намудани ҷиноят бо моддаи 3073 қисми 1 Кодекси ҷиноятии  Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор дод.
Умарзода Сайбурҳони Довуд бо мақсади дар шаҳри Кӯлоб ташкил намудани бахши иттиҳодияи ҷамъиятӣ - динии  хусусияти экстремистидоштаи «Салафия» ва ташкилоти экстремистӣ (ифротгароӣ) - террористии «Давлати исломӣ»,   ки фаъолияти онҳо дар Тоҷикистон мамнӯъ эълон шудааст, аз шеваҳои гуногун кор гирифтааст. Номбурда тавассути телефони мобилӣ тариқи барномаи интернетии “WhatsApp” бо Тоҳир Ашӯров робитаи ҷиноятӣ барпо намуд. Бо ҳамин мақсад, аввалҳои моҳи декабри соли гузашта то 20-уми январи соли равон давра ба давра, дар шаҳри Кӯлоб аз  телефони мобилии ӯ истифода бурда,  маводи матнӣ,  аз қабили “Ҳаром будани мусиқӣ”, “Бидъат”, - муллифаш Аллома шайх ибни Боз, “Ҷашн нагирифтани мавлуд”, “Хатогиҳо дар ақида” - и ба равияи “Салафия” мансуббударо ба телефони мобилиаш гузаронда, ба ҳамин васила аз мақсаду мароми равияи динии хусусияти экстремистидоштаи «Салафия» огоҳ шуд.
Ғайр аз ин, ӯ 18-20 январ, дар манзили истиқоматиаш тавассути телефони мобилиаш аз сомонаи интернетии “Googlе” сабтҳои видеоии хусусияти динидошта (бо забони арабӣ) ва парчами ташкилоти экстремистӣ-террористии «Давлати исломӣ» - ро пайдо кард. Баъд ба шабакаи интернетӣ пайваст шуда, бо истифода аз барномаи телефонии «Play Маркет», сабтҳои видеоӣ, яъне  амрҳои маъруфи пайрави равияи динии хусусияти экстремистидоштаи «Салафия» - Муҷибураҳмонӣ Ансориро, ки зидди равияи «Шиа» ва мазҳаби «Ҳанафия» сухан мекунад, ба телефони мобилиаш сабт намуд. Умарзода Сайбурҳони Довуд ба ин қаноат накарда, аз  25 декабри соли 2015 то 21 январи соли 2016 тавассути барномаи интернетии “WhatsApp”, маводи матнии дар боло зикршударо  дар телефонҳои мобилии Эмомалӣ Қурбонов, Акмал Юнусов, Комилҷон Ҳусайнов  ва хоҳараш Мукаррамаи Довуд интиқол дод.   
27 январи соли 2016, ҳангоми азназаргузаронии телефони мобилии Умарзода Сайбурҳони Довуд, маводи матнӣ ва дигар сабтҳои видеоии хусусияти динидошта ёфта гирифта шуданд.
Дар асоси далелҳои мавҷуда, коллегияи судӣ кирдори содирнамудаи судшаванда Умарзода Сайбурҳони Довудро бо моддаи 3073  қисми 1 - и  Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки он ҷавобгарии ҷиноятиро барои ташкили фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, динӣ ва ё дигар ташкилоте, ки нисбат ба он аз ҷониби суд қарори эътибори қонунӣ пайдо карда, дар бораи барҳам додан ё манъи фаъолияташон бо сабаби ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ қабул шудааст, муқаррар мекунад, банду баст кард.
Коллегияи судӣ оид ба корҳои ҷиноятии суди  вилояти Хатлон ба Умарзода Сайбурҳони Довуд бо моддаи 3073 қисми 1 Кодекси ҷиноятии ҶумҳурииТоҷикистон ҷазо дар намуди маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати 7 сол бо адо намудани ҷазо дар колонияи ислоҳии низомаш пурзӯр  бо маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳо дар соҳаи телекоммуникатсия ва машғул шудан ба фаъолияти алоқаҳои мобили интернетӣ ба муҳлати 4 сол таъйин намуд.
Ҷавонони мо имрӯз бояд ба хубӣ дарк карда бошанд, ки мусалмон будан аз ташкили ҳаракат ва ё гурӯҳи террористӣ иборат набуда, хизмати падару модар, халқу Ватан ва обод кардани як гӯшаи диёр савоби даҳкаратаи мусулмонӣ дорад.
Амонзода  Намози ШАРИФ,
судяи суди вилояти Хатлон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 544

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед