logo

фарҳанг

ЛАФЗИ БУЗУРГ

Забони модарӣ лафзи бузург, ширину муқаддасест, ки барои ҳар як инсони комил баробари пайдо шудани ҷон дар бадан ворид мешавад. Ҳанӯз тифле, ки нав ба олами ҳастӣ чашм боз намудааст, ба аллаи модар, ки бо забони модарӣ сурат мегирад, ниёз дорад ва таҳти навои форами он худро озоду бофароғат ҳис мекунад, унс мегирад, интизорӣ мекашад, то ба ин лафзи поку муқаддас ҳарфе бишнавад. Зеро он азиз аст, шево садо медиҳад ва аз лаҳни форамаш дилу дида, ҷону дил, неру мегирад ва оромиш меёбад.
Он дилчаспу гуворост, он маҳбубу қарин ва меҳрафзост. Аҷаб ширину беолоиш аст. Ҳаётбахш, суфтаю ба дил қарин аст забони бузурги  модарӣ.
Забоне, ки Саъдию Ҳофиз, Синою Хайём, Бедилу Низомӣ, Мирзо Турсунзодаву дигарон номдораш гардонданд.
Забони модарӣ, забони тоҷикии мо аз забонҳои қадими дунё ба ҳисоб рафта, таърихи бузург дорад. Имрӯз онро чун забони тамаддуни башарӣ ҳамагон мешиносанд ва мехоҳанд биомӯзанд. Инро дидаву шунида мо – соҳибзабонон низ вазифадорем, ки поку беолоиш нигоҳаш дошта, дар тозагию равонии он ҳамарӯза саҳмгузор бошем.
Бо ифодаи  устоди шодравон Мирзо Турсунзода: «Забони мо хело устувор аст, мо имрӯз ҳам ашъори Рӯдакиро аз нусхаи аслаш мутолиа мекунем».
Забони тоҷикӣ чун лафзи фасеҳу равон, соддаву фаҳмо, ҳанӯз дар даврони Рӯдакӣ бо сухани бузург вуҷуд доштааст ва дар ташаккули он ӯ саҳми босазое гузоштааст. Ҳамзамон дар ин аср ихлосмандон назари аҳли илму адаби замонашонро ба сӯи рушди забони модарӣ нигаронидаанд.
Забони тоҷикӣ аз давраи ташаккули худ то ба имрӯз аз ҷиҳати луғат ва сохтори наҳвию услубӣ кам ба дигаргунӣ дучор шуд ва аз ҳамин лиҳоз, дар байни дигар забонҳо ягона забонест, ки тақрибан вазъи беш аз ҳазорсолаи хешро нигоҳ доштааст.
Ҳамасола 5 октябр дар саросари кишвари маҳбубамон Рӯзи забонро таҷлил мекунанд. Бисёр хуб аст, ки коргузории тамоми корхонаву муассисаҳо, мактабҳо ва тамоми соҳаҳо бо забони давлатӣ сурат мегирад.
Сарвари давлатамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барҳақ фармудаанд: «Забони тоҷикӣ поянда аст, то даме, ки миллати тоҷик ҳаст, забони ӯ низ пойдор хоҳад буд».

Анора ҶӮРАЕВА,
донишҷӯи бахши дуюми шуъбаи рӯзноманигории коллеҷи ҷумҳуриявии фарҳанги ба номи П.Бӯйдоқов
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 591

18.03.2019


ГРАНД СЛЕМИ ЕКАТЕРИНБУРГ. Беҳрӯз мақоми сеюмро гирифт

Tesla дар Қазоқистон нуқтаҳои нерудиҳӣ месозад

Аз фурӯравии биноҳо дар Чин 10 нафар ҷон бохт

Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё дар фикри бунёди биржаи меҳнат шуд

Сиёсатмадори олмонӣ лағви таҳримоти зиддирусиро зарур мешуморад

Ҷаҳон дар як сатр

13.03.2019


Парвиз Давлатзода бо Чэн Гуопин вохӯрд

Имконияти таҳсил дар ДДУК тавсеа меёбад

Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» интихоб гардид

06.03.2019


Назорати фаъолияти ширкатҳои букмекирӣ пурзӯр мешавад

Бунёди маҷмааи корхонаҳои нассоҷӣ дар назар аст

Форуми якуми иттилоотонии ҷомеаи шаҳрвандӣ баргузор мегардад

ҶОМИ "ФФТ" "Истиқлол" бори панҷум онро соҳиб шуд

Варзишгарони тоҷик 5 медал ба даст оварданд

Ҷаҳон дар як сатр

Нилуфар Рофиева дар озмуни нозанинҳои Россия ғолиб омад

Лондон муносибаташро бо Москва ба эътидол овардан мехоҳад

Покистон ба гуфтушунид бо Ҳиндустон шурӯъ мекунад

Андешаи Лукашенко оид ба яхи обнашудаи муносибот бо Иттиҳоди Аврупо

Соли 2019 ду ҷоизаи Нобел дар соҳаи адабиёт супурда мешавад

05.03.2019


СУҒД. Авлавият ба кишти картошка

04.03.2019


Хуҷанд ба даҳгонаи шаҳрҳои беҳтарини сайёҳӣ ворид гардид

Сертификати армуғони сайёҳӣ таъсис ёфт

ҶОМИ "ФФТ". "Истиқлол" ва "Кӯктош" дар финал

Осиёи Марказӣ. Камтарин теъдоди маҳбусон дар Тоҷикистон аст

Москва ва Вашингтон нархи раводидро арзон карданд

Қазоқистон ба воридоти меваю сабзавоти Қирғизистон роҳ мекушояд

Лавров: «Вазъият дар Сурия ба эътидол омад»

Ҳалокати 29 нафар аз обхезӣ дар ҷануби Афғонистон

Ҷаҳон дар як сатр

01.03.2019


ФУТБОЛ. «Хуҷанд» бо «Аҳал» мубориза мебарад

Бори нахуст дар таърих якбора ду зан ба кайҳони кушод мебароянд

Пекин дар фикри эъмори Девори бузурги чинӣ шуд

Испания солимтарин кишвари дунё эътироф гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед