logo

туризм

ЛАХШ. МАВЗЕЪҲОИ ЗЕБОМАНЗАР МЕТАВОНАНД МАНБАИ ДАРОМАДИ БЕШТАР БОШАНД

Лахш ин ноҳияи баландкӯҳ мавзеъҳои бениҳоят зебову тамошобоб дорад. Чашмаи  «Тамдикӯл», ҳавзи Сартоло, водии Ҷилондӣ ва майдони «Масквина» - и қуллаи Исмоили Сомонӣ  солҳост, ки  диққати сайёҳони  дохилию хориҷиро ба худ ҷалб намудаанд. 

Оби чашмаи «Тамд-икӯл» 80 – 90 дараҷа гарм буда, ба дардҳо шифо мебахшад. Он аз маркази ноҳия дар масофаи 25 км дур қарор дорад ва аз аввали моҳи июн то  моҳи октябр меҳмонони зиёд барои табобату истироҳат ба он ҷо мераванд. Минтақаҳои  Сартоло, Ҷилондӣ ва майдони «Масквина»   низ  барои сайёҳон ҷолиби диққатанд. Аммо имконияту  манбаъҳои зиёди туризм чандон самаранок баҳрабардорӣ намешаванд. Махсусан, набудани  инфрасохтори зарурӣ ва мутахассисони забондон садди афзудани шумораи туристон гардидааст.
Исмоналӣ Сафаров, раиси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии ноҳия, дар ин хусус чунин гуфт:
-   Ҳар  сол қариб 1000 сайёҳ, аксаран сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар барои табобат ва саёҳат ба мавзеи «Тамдикӯл» меоянд.  Вале, аз минтақаҳои дигар бо сабаби харобии роҳҳо, набудани меҳмонхона ва иншооти дигари сайёҳӣ шумораи хеле ками туристон дидан мекунанд. Сайёҳони  хориҷӣ бештар ба тамошои майдони «Масквина» - и қуллаи Исмоили Сомонӣ ҳавас доранд (соле то 100 – 150 нафар).  Мавзеи номбурда аз сатҳи баҳр дар баландии 4, 5 ҳазор метр қарор  дошта, барои шикор хеле мувофиқ мебошад. Минтақаҳои баландкӯҳи  Сартоло ва Ҷилондӣ, ки ҳавзу доманакӯҳҳои хушобу ҳаво ва зебоманзар доранд, барои сайру гашт ва фароғат хеле мусоиданд. Шумораи зиёди сокинони маҳаллӣ дар мавсими омадани сайёҳони хориҷӣ (аз моҳи июн то октябр) бо ҷойи кор таъмин гардида, моҳе аз 2 то 8 ҳазор сомонӣ музд мегиранд. Агарчи ҷойҳои истироҳату фароғати зебоманзар  дар ноҳия  бисёранд, вале набудани роҳ ва имконияти будубош дар он мавзеъҳо  ба афзоиши шумораи сайёҳон  монеа эҷод намудааст. Дар ҳолати фароҳам будани шароити лозима ташрифи туристон  ба ноҳия чанд карат  зиёд шуда,  ба ин васила буҷаи оилавии сокинони диёр ғанитар хоҳад гашт. Яке аз сабабҳои дигари ба минтақа кам ҷалб гардидани сайёҳон ва аз мадди назар дур мондани имкониятҳои туризми ин диёр набудани ташкилоти алоҳида дар самти мазкур ба ҳисоб меравад. Ноҳия ба таъсиси созмони туристие, ки ҷалби сайёҳон, ташкили инфрасохтор ва танзими ҳуқуқии соҳаро ба роҳ монад, эҳтиёҷ дорад.  Аз ин рӯ, бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ тасмим гирифтааст, ки ҳамкориҳоро бо муассисаҳои бонуфузи соҳа ба роҳ монда, ба  беҳтар шудани ҷалби сайёҳон мусоидат намояд.
Ба гуфтаи Сайдалӣ Сайидраҳмонов,  сарвари Ассотсиатсияи ҳифзи иҷтимоии аҳолии «Сурхоб», барои афзун сохтани шумораи меҳмонони хориҷӣ, пеш аз ҳама фароҳам намудани танзими ҳуқуқии соҳа муҳим аст. Агар хадамоти махсуси бақайдгирии туристон дар дидбонгоҳи гумрукии сарҳадӣ  ташкил карда шавад ва сайёҳон имконияти ҳуқуқии сайру гаштро дар мавзеъҳои истироҳату фароғати ноҳия пайдо кунанд,  шумораи онҳо дучанд меафзояд. Масъалаи бунёди инфрасохтор низ бо афзудани даромаднокии соҳа, худ аз худ ҳал мегардад.
Туризм имрӯзҳо дар қатори  савдои сӯзишворӣ, воситаҳои нақлиёт ва истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, яке аз бахшҳои даромаднок дар иқтисоди ҷаҳон маҳсуб меёбад. Бартарияти соҳа дар он аст, ки харҷи хеле каму фоидаи зиёд дорад.  Аз ин лиҳоз, беҳтар намудани инфрасохтори истироҳату фароғати мавзеъҳои сайёҳӣ дар ноҳияи Лахш аз манфиат холӣ нест. Чунки ҳадди ақал чанд нафар соҳиби пешаи муайян гардида, аз ҳисоби фоидаи ба дастомада хароҷоти бахшҳои дигар пӯшонда мешаванд. Пас, кай мавзеъҳои зебоманзари Лахш даромади бештар меоранд?  

Ташрифулло САЪДУЛЛОЕВ,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 11015

06.12.2019


Боздиди Рустами Эмомалӣ аз варзишгоҳи «Миллий»

Хуҷанд. Бунёди корхонаи истеҳсоли телевизор, яхдон ва кондитсионер

Масъалаи моҳияти сармояи инсонӣ дар рушди инноватсионӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт

Пекин аз Вашингтон кам кардани боҷи молҳои чиниро дархост намуд

ОПЕК истихроҷи нафтро метавонад кам созад

Дар мактабҳои Қазоқистон гузариш ба алифбои лотиниро мавқуф гузоштанд

Коррупсияро дар Қирғизистон тавассути рақамисозӣ бартараф карданианд

Ҷаҳон дар як сатр

05.12.2019


Беш аз ду тонна доруворӣ ба коми оташ рафт

Фестивали филм ва мусиқии Руминия дар Тоҷикистон

Боздиди Рустами Эмомалӣ аз шаҳри Самарқанд

Дар Афғонистон шоҳасари Бобоҷон Ғафуров “Тоҷикон” чоп шуд

Макрон изҳороти НАТО оид ба «таҳдиди русӣ» - ро зери шубҳа гузошт

Боздошти муовини собиқ сарвари «ДИ» Ал - Бағдодӣ дар Ироқ

Андрей шевченко дар мураббигӣ низ муваффақ аст

Ҷаҳон дар як сатр

04.12.2019


Тақвияти ҳамкориҳо дар мубориза бар зидди терроризму экстремизм матраҳ гардид

Ҷаласаи гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳ бахшида ба мероси муштараки фарҳангии Роҳи абрешим баргузор шуд

Китоби Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Теҳрон рӯнамоӣ мешавад

Мирзиёев раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалиро ба ҳузур пазируфт

Департаменти давлатӣ: «ИМА Россияро маблағгузори терроризм намешуморад»

Ҳукумати Албания хисороти заминҷунбии мудҳишро ҳисоб намуд

Москва ва Киев созишномаи 10 – солаи таҳвили нафтро ба имзо расонданд

Ҷаҳон дар як сатр

03.12.2019


Дар пойтахт барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил гузаронда мешавад

Дар майдони «Дӯстӣ» арчаи солинавӣ қомат меафрозад

«Лолаи тиллоӣ» синамогарони тоҷикро ба ҳам овард

Дар Британия намояндагии маҳфили “Ҷавонони дар хориҷи кишвар таҳсилдошта” ифтитоҳ ёфт

Россия ва Беларус қисме аз ваколатҳоро ба ҳукумати ягона медиҳанд

Олимон суду зиёни қаҳванӯширо ном бурданд

Ҷаҳон дар як сатр

САМБО. Медали биринҷии Сорбон дар Қазоқистон

02.12.2019


Дар Бишкек кишварҳои аъзои СААД 15 санад ба имзо расонданд

Эрдуғон кишварҳои арабро ба ёрии Албания даъват намуд


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед