logo

иҷтимоиёт

МАЪРАКА: ФАРҚИ ТӮЙ АЗ МОТАМ ТОРАФТ КАМ МЕГАРДАД, ЧАРО?

Аз қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» нуҳ сол сипарӣ шуда, ба мардум миллионҳо сомонӣ суд оварда бошад ҳам,  ҳанӯз дар баъзе манотиқи ҷумҳурӣ қонуншиканӣ ва зиёдаравиҳо, махсусан дар гузарондани маъракаҳои маросими мотам ба назар мерасанд. Чанде қабл омӯзгоре аз ноҳияи Рӯдакӣ ба идораи рӯзнома омада, аз он шикоят дошт, ки бо даргузашти модараш таги таънаи ҳамсояҳо ва хешу ақрабо монда, маҷбур аз бонк қарз гирифтаасту маросимҳои мотам, хоса «ҷумъагӣ» - ҳоро гузарондааст. Ҳоло барои баргардондани қарз имкон надорад.

Суоли матраҳ ин аст, ки чаро мардум то ҳанӯз  аз чунин маъракаҳои сермасрафу миёншикан ва ба дини мубини Ислом бегона даст намекашанд? Чаро баъзе имомхатибон ва муллоҳои маҳаллӣ пеши роҳи қонуншиканиҳоро намегиранд ва худ дар он маъракаҳо болонишинанд?  Азизулло Мирзозода, муовини раиси Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ дар иртибот ба ин масъала иброз дошт, ки хароҷоти маъракаҳои шодиву нишот ва мотам баъди қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба маротиб коҳиш ёфт. Аксари мардум то қабули қонун баргузории маъракаҳои азодориро ба дини Ислом рабт медоданд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар асл ин тавр нест. Ислом сабукиро ба мардум талқин менамояд. Дар ин бобат ояту ҳадисҳои зиёд ҳастанд. Шариати ислом азодориро то се рӯз ва барои зане, ки шавҳараш фавтидааст, чор моҳу даҳ рӯз муайян кардааст.
Бояд зикр кард, ки баъзе  урфу одоти маросими азодорӣ аз дигар қавму миллат ва динҳо ба мо гузаштааст. Чунончи, русҳо низ маросимҳои «ҳафт», «бист» ва «чил» доранд. Анҷом додани кори хайр - садақа дар байни ҳамаи мардум роиҷ аст. Вале на ба таври ҳатмӣ, силсилавӣ ва берун аз доираи имконот. Ин маросимҳо ба дини Ислом низ бегонаанд. Бинобар ин, қонуни мазкур маъракаҳои азодориро ба танзим даровардааст.
Маъракаҳои «оши сари тахта», «ҳафт», «ҷумъагӣ» манъ, «се» дуову фотеҳа бе додани таом, «чил» бо иштироки 80 нафар ва «сол» 100 нафар аст. Бояд ёдовар шуд, ки қабл аз қабули қонун дар маъракаҳои «ҷумъагӣ» то 40 - 50 нафар ширкат мекард ва аксарият онро фармудаи  шариати  Ислом мепиндоштанд. Дар баъзе маъракаҳои  «ҳафт», «бист», «чил», «сол» ба 500 - 1000 нафар таом медоданд. Мутаассифона, то ҳанӯз баъзе зиёдаравиҳо дар баргузории маъракаҳо, аз ҷумла «ҷумъагӣ» бо иштироки ҳамсояҳо ва аҳли масҷид дар ҳудуди то даҳ нафар ва аз он ҳам зиёд ба мушоҳида мерасад. Албатта, ваколатдорони соҳа -  Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, 499 комиссияи доимии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо ҳамасола ҷиҳати пешгирии қонуншиканиҳо чораҳои зарурӣ меандешанд. Бояд мардуми шарифи мо дарк намоянд, ки бо риояи қонун ягон фармудаи дин ва шариати исломӣ вайрон намешавад.
 27 майи соли равон дар қасри Арбоби шаҳри Хуҷанд  бо иштироки ходимони дин, аҳли ҷамоатчигӣ, масъулони шуъбаҳои дин ва танзими шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар робита ба 9 - умин солгарди қонуни мазкур ҳамоиш доир шуд. Дар он фикру андеша ва пешниҳодҳо оид ба баргузории маъракаҳои азодорӣ бе додани таом ироа гардиданд. Зеро дар тамоми мамлакатҳои мусулмонӣ, аз ҷумла Афғонистон ва Эрон чунин маъракаҳо бе додани таом барпо мегарданд.
Ба андешаи Азизулло Мирзозода, вақте ки шахс ба маъракаҳои азодорӣ ба тасаллияти дӯст ё шиносаш меравад, ҳеҷ гоҳ дар нияташ тановули  таом нест. Баръакс, дар маъракаҳои хурсандӣ  тановули таом муносиб ва гуворост. Бинобар ин, дар ҳамоиши мазкур ба комиссияи салоҳиятдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардид, ки  масъалаи бе таом, бо дуову фотеҳа  баргузор кардани  маъракаҳои азодориро баррасӣ намояд, зеро он ба мақсад мувофиқтар аст. Дар ин ҳолат теъдоди иштирокдорон бе маҳдудият сурат мегирифт. Пешниҳоди дигар дар мавриди ба мавсим мувофиқ намудани маъракаҳо, яъне дар фасли тобистон барвақттар баргузор кардани онҳо  дастгирӣ ёфт. Мавсуф иброз дошт, ки дар маъракаҳои манъшуда, аз ҷумла «ҷумъагӣ» иштироки баъзе имомхатибон, муллоҳо ва раисони маҳаллаҳо ба назар мерасад. Онҳо дар муқобили нафси худ истодгарӣ карда наметавонанд ва ба чунин қонуншиканиҳо мусоидат мекунанд.
Воқеан, садсолаҳо боз ҳамон табақаи ҳукком, аз ҷумла муллову шайху эшон, осақолу бойу амлокдор барои қонеъ намудани нафси саркаш аз ҳеҷ гуна зулму таадӣ ва макру фиреб рӯй намегардонданд. Ва аксари маросимҳои азодориро ба дини ислом рабт медоданд. Ҳатто дар «оши сари тахта» ягона гови соҳибхонаро, ки шири он таматуи  фарзандони бесаробонмондааш буд, забҳ мекарданд. Ҳол он ки ояти 10 - и сураи «Нисо» хӯрдани моли ятимро ба хӯрдани оташи дӯзах баробар кардааст:  «Ҳамоно онон, ки амволи ятимонро бо зулм мехӯранд, ҷуз он нест, ки дар шиками худ оташро мехӯранд; (ва ба зудӣ) ба дӯзах дароянд». Бешубҳа, чунин расму таомул ба дини мубини Ислом бегона буда, аз қаъри асрҳо даврони шӯравиро убур карда, ба замони истиқлолият расид. Хушбахтона, бо ташаббуси  Президенти  мамлакат қонуни мазкур, ки воқеан миллист ва ба манфиати мардум аст, маросимҳоро ба танзим даровард.  Бо вуҷуди ин, боз ҳам қонуншиканиҳо ба назар мерасанд. Ба гуфтаи Азизулло Мирзозода, пойбандии бархе аз мардум ба расму таомули гузашта аз вуҷудашон бо душворӣ ва мушкилӣ канда мешавад.
 Ҳоло аксарият дар шаҳри Душанбе маросимҳои азодорӣ, бахусус «чил» ва «сол» - ро дар тарабхонаҳо  гузаронда, рӯи мизҳоро пур аз анвои хӯрданӣ мекунанд, ки  қариб аз тӯй фарқе надорад. Ростӣ, ба нуқле даст дароз кардан ё фурӯ бурдани луқма дар маросими азодорӣ, хоса агар шахси фавтида ҷавон бошад, хеле ногувор аст. Зеро ҳангоми баёни тасаллият ба мушоҳида мерасад, ки дидагони волидону ақрабояш намноканду қоматашон аз бори ғаму андуҳ хам задааст. Ҳоло дар гузарондани маъракаҳои мотам як сабқати эълоннашудае идома дорад. Чаро дар чунин маъракаҳо аз оростани мизҳои пур аз хӯрданиҳои қимат ва додани таом даст намекашем? Чаро ин рақобати носолим  дар ҷомеа рӯз ба рӯз тавсеа меёбад? Имрӯз вақти он расидааст, ба ин масоил таҷдиди назар кард ва таҷрибаи дигар кишварҳои мусулмониро дар баргузор кардани маросими азодорӣ рӯи кор овард.
Мунаввари САФАР,
«Ҷумҳурият»
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 460

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе

Ба иштирокчиёни ҶБВ кумаки моддӣ расонда мешавад

Нахустини Форум байналмилалии санъати мақом баргузор хоҳад гашт

ЛЕВАКАНТ. Тантанаҳои истиқлолият

ФАЙЗОБОД. Ҳиммати як соҳибкор

ИШТИРОКИ ТИМИ МИЛЛӢ ДАР МУСОБИҚАИ BANGABANDHU GOLD CUP"

«ДИ» тахрибкоронашро ба Русия, Аврупо ва Осиё мефиристад

ХФА: "Даромади «Давлати исломӣ» 10 маротиба коҳиш ёфт"

Чин барои рушди ҶАҶ $60 миллиард ёрии молиявӣ мерасонад

Таҳримоти ғарбӣ метавонанд садди барқарорсозии Сурия гарданд

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед