logo

иқтисод

ДЕВАШТИЧ: НОМУС ВА ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ

Рустам ҶӮРАЗОДА,
 раиси ноҳияи Деваштич

Имрӯзҳо  ба муносибати 25 - солагии Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Деваштич корҳои созандагиву бунёдкорӣ вусъати тоза касб мекунанд. Ин аст, ки дар партави сиёсати бобарори Ҳукумати мамлакат дар даврони соҳибистиқлолӣ дар ноҳия танҳо бо роҳи сохтмони асосӣ, ҳашарҳои умумӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва ёрии созмонҳои байналмилалӣ беш аз 80 иншооти соҳаи маориф ва 23 бинои ҳифзи сиҳатии омма  мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд. Беш аз 20 лоиҳаи хати оби нӯшиданӣ амалӣ шуда, ба истиқболи ҷашни фархундаи Истиқлолият ба истифода додани 25 иншооти ҷашнӣ дар назар аст.

Айни замон сохтмони яке аз иншооти ҳаётан муҳим - хати оби Даҳкатсой - Даҳанасой оғоз гардидааст, ки барои обёрии заминҳои бекорхобида, боло рафтани ҳосилнокии заминҳои корам, беҳтар гардидани шароити зисту зиндагонии аҳолӣ ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат менамояд. Бо усули барои мардуми ноҳия хос - ҳашари умумӣ ва ҷалби шахсони саховатпеша соли сипаригардида дар деҳаи Метки Ҷамоати деҳоти Ваҳдати ноҳия аз ҷониби Маҳкам Ёқубов бинои нави мактаб барои 300 хонанда ва ду пул дар роҳи байни деҳаҳои Хишекат-Метк аз ҷониби Норбибӣ Дӯстмуродова сохта шуда, бо иштироки раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ мавриди истифода қарор гирифтанд. Инчунин бо ин усул дар деҳаҳои Ҳавутак ва Бобучак бунгоҳҳои тиббӣ сохта шуданд, ки баҳри беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ ба аҳолӣ мусоидат хоҳанд намуд.
Дар деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун бо роҳи ҳашари умумӣ бинои нави беморхона бунёд гардида, рӯзҳои наздик ба истифода дода мешавад. Дар ин деҳа сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 20 идома дорад. Дар доираи имкониятҳои мавҷудаи молиявӣ, ҷалби соҳибкорони маҳаллӣ ва ашхоси саховатпеша биноҳои иловагӣ дар назди муассисаи тарбиявии томактабии № 1 ва гимназияи № 3 сохта шуданд.
Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки ҷиҳати таъмини амнияти озуқаворӣ ва пешрафти иқтисодиёти ноҳия соҳаи кишоварзӣ нақши муҳим мебозад. Алҳол дар ноҳия 124 хоҷагии ҷамоавии деҳқонӣ ва 1867 хоҷагии деҳқонии инфиродӣ амал менамояд. Солҳои пеш соҳаи токпарварӣ хеле тараққӣ карда буд. Ин аст, ки баҳри барқарор намудани токзорҳои куҳна тадбирҳои зарурӣ андешида шудаанд, то шуҳрати қаблии ангуру мавиз ва шарбату шароби ноҳия аз нав барқарор гардад. Бо ин мақсад дар панҷ моҳи соли ҷорӣ 58,94 гектар боғи нав бунёд гардид.
Дар ноҳия, инчунин, ба рушди соҳаи картошкапарварӣ диққати ҷиддӣ дода мешавад. Айни ҳол истеҳсоли картошка ба беш аз 100 ҳазор тонна расонда шудааст. Майдони кишти ин зироат сол ба сол афзуда, ҳоло 3433 гектарро ташкил медиҳад. Дар ин замина, бо дастгирии раиси вилоят дар деҳаи Овчии ноҳия бо роҳандозии сохтмони хати оби полизӣ майдони кишти картошка 100 гектар зиёд гардида, ҳамчунин дар робита ба ин масъала бо иштироки олимони ватанию хориҷӣ конфронси байналмилалӣ доир гардид, ки бовар меравад ба рушди соҳа такони тоза бахшад.
Соли ҷорӣ кирмакпарварони ноҳия низ меҳнати пурмаҳсул намуда, нақшаи фурӯши маҳсулотро 105,3 дарсад иҷро намуданд. Дар панҷ моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти кишоварзӣ ба 25 миллиону 966 ҳазор сомонӣ расонда шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 110,2 дарсад мебошад. Баҳри баланд бардоштани ҳосилнокӣ коркарди дурусти заминро ба роҳ монда, хоҷагиҳои кишоварзӣ бо тухмиҳои хушсифат таъмин шудаанд.
Бо мақсади амалӣ намудани дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба вусъати корҳои ободониву бунёдкорӣ, гиромидошти арзишҳои миллӣ, таҳкими ҳувияти миллӣ, баланд бардоштани ҳисси хештаншиносӣ, ватандӯстӣ, зебоипарастӣ, бахшида ба 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи ҷумҳуриявӣ барои шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот, деҳа, маҳаллаи беҳтарин, оила ва хонаи намунавӣ баргузор  шуд. Дар натиҷа ҳамчун хонаи намунавӣ - хонаи Ф. Холова, сокини деҳаи Росровути Ҷамоати деҳоти Росровут, оилаи намунавӣ - оилаи Ф. Нуруллоев,  сокини  шаҳраки Ғончӣ, маҳаллаи беҳтарин - маҳаллаи Файзободи Ҷамоати шаҳраки Ғончӣ, деҳаи беҳтарин - деҳаи Истиқлоли Ҷамоати деҳоти Муҷун ва ҷамоати беҳтарин - Ҷамоати деҳоти Яхтан арзёбӣ шуда, дар ин бора маводҳо барои баррасӣ ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят пешниҳод гардиданд. Дар рафти баргузории мусобиқа диққати асосӣ ба тозаю озода намудани маҳали зист, сарсабзиву хуррамии диёр, амалӣ намудани корҳои зиёди ободонию бунёдкорӣ нигаронда шуд.
 Мардуми сарбаланду меҳнатқарини ноҳия бо шукргузорӣ аз даврони соҳибистиқлолӣ баҳри сазовор пешвоз гирифтани ҷашни 25 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин замина ноил гардидан ба нишондиҳандаҳои баланди истеҳсолӣ ва беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум кору фаъолият менамоянд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 628

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед