logo

сиёсат

ТАЪЙИНОТИ КАДРӢ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳукумати мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як қатор сохторҳои давлатӣ тағйироти кадрӣ ба амал овард.
Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Латифов Умед Баротович бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи муовини раиси Бонки миллии Тоҷикистон озод ва бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи муовини вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид. Ӯ дар ин вазифа Соҳибов Шавкат Қузиевичро иваз намуд. 
Тибқи қарорҳои дигари Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Қурбонзода Абдулло Ҳабибулло аз вазифаи муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи муовини якуми директори ҳамин агентӣ таъйин шуд. Ҳасанзода Ҳомид Усмон ба вазифаи муовини директори Агентии беҳдошти замин ва обёрии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъйин гардид.
Тағйироти кадрӣ, инчунин дар як қатор муассисаҳои олии таълимии кишвар ба амал омад ва тибқи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Шоҳиён Нуралӣ Набот аз вазифаи ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон озод ва ба вазифаи ректори Донишгоҳи давлатии Данғара таъйин шуда, дар ин вазифа Каримзода Маҳмадқул Боборо иваз намуд.
Амонзода Илҳом Темур ректори Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таъйин гардид.
Ҳамчунин бо мувофиқаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Олимӣ Рауф Латифзода ба вазифаи директори Донишкадаи иқтисод ва савдои Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд, Додоҷонзода Акрам Аҳмадҷон - директори филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе ва Каримзода Маҳмадқул Бобо - директори филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии Донишкадаи пӯлод ва хӯлаи шаҳри Москва (МИСиС)  дар шаҳри Душанбе таъйин шуданд.
 


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 1668

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед