logo

фарҳанг

ДАР ШИНОХТИ КАМОЛУ ХУДШУКУФОӢ

«Унсуралмаолии Кайковус дар бораи хирад» унвони пажӯҳишест аз донишманди тоҷик С. Ятимов, ки «Ганҷнашриёт» ба табъ расондааст. Бо вуҷуди он ки исми Кайковус ва «Қобуснома» - аш барои хонандаи тоҷик ошност, аммо ҳеҷ як бархӯрди муҳаққиқонаи шоиставу ҳамаҷониба аз зовияҳои гуногуни илмӣ перомуни он сурат нагирифтааст.

Қасди донишманд аз руҷӯъ ба «Қобуснома» - и Кайковус бозгуфти ин нукта аст, ки асари ёдшуда имрӯз низ короядтар беш аз ҳар замони дигар мебошад.
Муаллиф бар ин ақида аст, ки Унсуралмаолӣ аз ҷумлаи ангуштшумор фозилонест, ки пойи зеҳнаш фаротар аз замонаш буд. Бар хилофи донишҳои марсуми замон дар бахши инсоншиносӣ ба ин нукта даст ёфта буд, ки худи инсон аст, ки барои хеш зиндагиофарину таҳаввулгари масири ҳастист. Гузашта аз ин, вай мисли «як равшанфикри воқеӣ, мутафаккири даврони хеш, ошкоро, бо далелҳои мушаххас, ба ҳамватанон, ба насли хешу пешиниён нишон дод, ки ҷаҳон ба бозофаринӣ, бозсозии башардӯстона, пешрафт дар асоси илму дониш, ба таври умда шинохтану азхудкунии табиат  аз тарафи инсон муҳтоҷу ниёзманд аст».
Нахуст бояд арз дошт, ки Кайковус бархоста аз муҳити фарҳангӣ ошно бо офаридаҳои зеҳни инсонӣ, донишҳои роиҷи замон буд. Ӯ ба умқи ин воқеият расида буд, ки ягона пояи рушду идомаи ҳастӣ дастёбӣ ба домони илму дониш аст. Омиле, ки қодир аст сурату симои дунёро тағйир диҳад. Шинохти неруву зарфиятҳои нуҳуфта дар вуҷуди инсон ба дасти дониш яке аз мавзӯъҳои калидиест, ки ба қавли муҳаққиқ дар  «Қобуснома» ба таври густурда матраҳ гардидааст. Ба навиштаи муаллиф «саъю талоши ҳамаҷонибаи муаллифи «Қобуснома» гувоҳ бар он аст, ки қобилиятҳои инсонӣ имкон дорад, рози ҷаҳонро дарёбанд, муҳити атрофро дарк намоянд, вижагиҳо ва равобиту пайванди онро равшан созанд ва ҳамаи инро ба манфиати инсон таҳаввул ва мутобиқат бахшанд».
Масъалае, ки дар арзёбии «Қобуснома» муаллифи таҳқиқ ба он таъкид меварзад, мавзӯи давлатдорӣ  ва давлатсозист.  Дар пайванд бо ин ба нақши адабиёт, дар фароҳамсозии аркони давлатдорӣ, ки аз роҳи бозтоби бадеии донишу фазилат сурат мегирад, ишора шудааст. Воқеан, адабиёт ва бахусус адабиёти бадеӣ ҳамеша бистаре будааст, ки қавму миллатҳо дар лаҳзаҳои ҳассосу буҳронии таърихи хеш дар домани он на танҳо фарҳангу тамаддун, балки муҳимтарин дастовардҳои илмии хешро ҳифз намудаву ба ояндагон интиқол додаанд.
Баррасии густурдаву амиқи ин масъала муҳаққиқро ба ин натиҷа мерасонад, ки «ин мавзӯъҳои мантиқӣ дар таърихи миллатҳо ҳазорҳо маротиб озмуда шудаанд. Аз ин рӯ, табиӣ буда, дар ҳамаи давру замонҳо мубраму муҳиманд. Махсусан, имрӯз, ҳамин лаҳза, худи ҳозир».
 
Абдусалом МИРАЛИЕВ,
муовини ректори ДМТ, профессор


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 11.07.2016    №: 134    Мутолиа карданд: 891

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед