logo

ҳуқуқ

ПУРСИШ ва ПОСУХ

Ба саволҳо Айналишо Айналишоев - муовини  сардори  Раёсати адлияи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва Фарҳод Тоиров, роҳбари бахши муносибат ва ҳимояи Ташкилоти ҷамъиятии  Ассотсиатсияи миллии занони соҳибкори Тоҷикистон, ҷавоб доданд. Зимнан, агар хонандагони гиромӣ пурсише доранд, метавонанд бо телефони 238-54-16 ба мо муроҷиат намоянд.

- Кадом намудҳои фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд?
 П. Ғоибназарова,  сокини   ноҳияи Рӯшон

- Мувофиқи моддаи 8 - и Кодекси андози  Ҷумҳурии Тоҷикистон  намудҳои зерини фаъолият ба сифати фаъолияти соҳибкорӣ эътироф карда намешаванд.
Фаъолияти тамоми зинаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки мустақиман бо амалӣ намудани ваколатҳои ба онҳо вогузоршудаи давлатӣ алоқаманд мебошанд; фаъолияти эҳсонкорӣ; фаъолияти динӣ; фаъолияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ; фаъолияти муассисаҳое, ки аз ҳисоби муассис маблағгузорӣ мешаванд; аз ҷониби шахсони воқеӣ иҷро гардидани кори кироя.
Ичунин, қонунгузор  намудҳои зерини фаъолиятро аз ҷониби шахси воқеӣ, муассисаи аз ҳисоби муассис маблағгузоришаванда ва (ё) ташкилоти ғайритиҷоратӣ фаъолияти соҳибкорӣ эътироф намекунад, ба шарте   ки ин фаъолият барои шахси онро амаликунанда фаъолияти асосӣ набошад, ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ дар ташкилотҳои қарзӣ; ба иҷора додани молу мулки манқул ва (ё) ғайриманқул; додани молу мулк ба идоракунии боэътимод; харидан (фурӯхтан)  ё ба дигар шахс додани ҳисса дар сармояи оинномавии шахси ҳуқуқӣ ё коғазҳои қиматноки он; харидан (фурӯхтан)  ё ба дигар шахс додани вомбаргҳо ё ҳама гуна векселҳои дигар;  харидан (фурӯхтан)   ё ба дигар шахс додани саҳм дар фонди ҳиссавии сармоягузорӣ ва (ё) ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурӯшанда тааллуқдошта; кори кирояи дар асоси шартномаҳои (қарордодҳои) хусусияти граждании ҳуқуқидошта, ё ин ки бе шартномаҳо амалишаванда.

* * *
- Барои бақайдгирии давлатии шахси  воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти андоз кадом ҳуҷҷатҳоро пешниҳод кардан лозим аст?
Мавҷигул, ноҳияи  Шаҳритуз

- Барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ба мақомоти андоз бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод шаванд.
Ариза барои бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ, нусхаи ҳуҷҷате, ки шахсияти шахси воқеиро тасдиқ мекунад, ду расми андозаи 4х6, нусхаи сертификати ҳуқуқи истифодаи замин ё нусхаи қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин дар ҳолати бақайдгирии хоҷагии деҳқонии (фермерии) фардӣ ё оилавӣ, рӯйхати аъзои хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), рақами мушаххаси андозсупоранда барои ҳар яки онҳо, пардохтномаи боҷи давлатӣ.
Ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси воқеӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё Патент барои ҳуқуқи амалӣ гардондани фаъолияти соҳибкории инфиродӣ мебошад.

 Шуъбаи ҳуқуқи рӯзномаи “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 507

23.04.2019


ДЗЮ – ДО. Медали нуқраи Темур Раҳимов аз Чемпионати Осиё

Тиб. Муваффақияти камназири ҷарроҳони рус

Пирӯзии Зеленский дар интихоботи Украина

Фоҷиа дар Шри-Ланка Теъдоди қурбониён ба 300 нафар расид

Лукашенко Россияро ҳомии истиқлолияти Беларус номид

Ёрии низомию техникии Қазоқистон ба Тоҷикистон

Ҷаҳон дар як сатр

22.04.2019


НИММАРАФОНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ДУШАНБЕ. Фенти Тилахан дар мақоми аввал

Ваҳдат ҳусни тоза мегирад

ХОРУҒ. Бунёди бинои шабакаи ёрии таъҷилӣ

19.04.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Жан - Батист Лемуан

Пойтахт ба таҷлили Рӯзи Ғалаба омодагӣ мебинад

Масоили рушди соҳаи маориф матраҳ гардид

Дар Донишгоҳи давлатии Данғара конфронси ҷумҳуриявӣ доир мешавад

Душанбе варзишгарони 15 кишварро ба ҳам меорад

Ҷаҳон дар як сатр

18.04.2019


ҶОМИ АФК. Пирӯзии "Хуҷанд" ва мусовии "Истиқлол"

МУЪМИНОБОД. 221 иншоот дар се сол

РАШТ. Боғистон доман паҳн мекунад

17.04.2019


БУҶЕТИ ДАВЛАТӢ . Ба қонун иловаҳо ворид шуданд

ДМТ. Як нишасти муҳим

Хонандагони Душанбе пешсафи олимпиадаҳои ҷумҳуриявӣ

Армуғон барои дӯстдорони ҷуғрофия

ҶОМИ ОСИЁ. Паҳлавонони тоҷик соҳиби 5 медал

Ҷаҳон дар як сатр

16.04.2019


Вохӯрии Саидзода Зоҳир Озод бо Аскар Таҷибаев

Баррасии масоили мубрам

Ҳамоиш бахшида ба оғози расмии Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ

Калонтарин тайёра дар дунё ба ҳаво хест

Дар Қазоқистон онлайн-қаллобон фаъол мешаванд

Дар СММ аз манфиати лоиҳаи «Камарбандҳо ва роҳҳо» сухан рафт

Аз таркиш дар Афғонистон ҳафт кӯдак ҳалок гашт

Филмҳои ду коргардони тоҷик барои Фестивали кинои мусалмонӣ интихоб шуданд

Ҷаҳон дар як сатр


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед