logo

иҷтимоиёт

ТАРКИШ ДАР ХАТЛОН. МАСЪУЛОН БА КУҶО МЕНИГАРАНД?

9 июли соли ҷорӣ, соатҳои 15:40 дар як нуқтаи фурӯши сӯзишвории ҳудуди ноҳияи Бохтар сӯхтор ва таркиши ниҳоят сахт рух дод. Дар натиҷа як нафар ҳалок ва 17 тан ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошт.

Аз Вазорати корҳои дохилӣ иттилоъ доданд, ки нуқтаи фурӯши гази моеъ ба ҶДММ «Кафолат - Садбарг» тааллуқ доштааст. Ҳарчанд ба ҷойи ҳодиса кормандони раёсати Хадамоти давлатии оташнишонии вилояти Хатлон ва дигар ниҳодҳои дахлдор сафарбар шуда бошанд ҳам, аз оқибати вазнини он ҷилавгирӣ карда натавонистанд.
Ҳамакнун комиссияи вижаи Ҳукумати мамлакат дар ҳамдастӣ бо прокуратураи ноҳияи Бохтар ва идораи сӯхторнишонии ноҳия аз пайи таҳқиқ ва муайян кардани зарари расида ҳастанд. Лекин дар асоси таҳқиқҳои фаврӣ аз ВКД иттилоъ дода шуд, ки ин ҳодиса дар натиҷаи вайрон намудани қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор ҳангоми холӣ намудани гази моеъ аз нақлиёти «Дулан» - и ҳомили гази моеъ ба зарфи нигоҳдории газ сар задааст. Тибқи хабарҳои пешакӣ зимни интиқоли газ шланг, ки дар сараш оҳани насбшаванда дорад, зери фишори зиёд аз дасти корманди НФС парида, ба баданаи фӯлодини зарфи газдор бархӯрда, оташ ба амал омадааст. Ва дар наворҳои видеоии шоҳидони ҳол дида мешавад, ки оташи газ ҳамон замон мошинро иҳота кардааст. Дар аввал зарфи газкашони “Дулан” аз як ҷояш таркида, сӯхтори миёна ба амал овард. Дар таркиши дувум он зарф ва дигар асбобу ускунаи НФС ба ҳаво парида, то 80 -100 метр пош хӯрдаанд. Чуноне зикр гардид, ин таркиш хисороти ҷонӣ низ дар пай дошт. Нафари фавтида, ки корманди ҳамин НФС буд, Алихон Малахов ном дошта, се фарзанд доштааст. Корманди дигари ин нуқтаи сӯзишворӣ З. Зоиров то лаҳзаи чопи мақола дар беморхонаи вилоятии ба номи Бӯрӣ Воҳидови шаҳри Қӯрғонтеппа бистарӣ буд. Дар ин хусус ба мо Раҷабмо Гадоева, навбатдори шуъбаи қабули беморони муассисаи тиббии мазкур хабар дод. 16 нафари дигар, азбаски табибон ҳолаташонро сабук арзёбӣ карданд, пас аз дарёфти хидмати тиббӣ бо хоҳиши худ ба хонаҳояшон рухсат шуданд. Аз мавҷ, чарахса ва алангаи оташу таркиш мағоза, нонво, ошхона, нуқтаи фурӯши маҳсулоти полизӣ, боми хонаҳо ва ду нақлиёти тамғаи Opel ва Mersedes зарари ҷиддӣ диданд.
“Ин гуна нуқтаи оташангез набояд дар мавзеи сераҳолӣ бунёд меёфт. Дар атрофаш хонаҳои бисёр ва нуқтаҳои фурӯши маҳсулоти ғизоӣ ҷойгиранд. Мувофиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ дар ин гуна ҷойҳо бояд василаи худкори бо кафк муҷаҳҳаз насб шуда бошад. Аммо то ҷойе ман медонам, ин гуна таҷҳизоти муосири сӯхторнишонӣ дар тамоми вилоят фақат дар кадом як НФС - и шаҳри Кӯлоб ҳасту бас. Хайрият, ки ин НФС ҳаҷман калон набуд, вагарна...”, - афзуд як нафар сокини ноҳияи Бохтар, ки шоҳиди ҳол буд.    
Зимнан соҳибкорони хатлонӣ аз бунёди корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ дида, ба сохтмони НФС - ҳо таваҷҷуҳи бештар доранд. Ҳарчанд дар шаҳру ноҳияҳои калони вилоят тақрибан дар сад метр як НФС ҳаст, аммо сохтмонҳои нав ба нави онҳо ҳанӯз идома доранд. Мутаассифона, зимни эъмори НФС - ҳои нав ҳам мавзеи сераҳолӣ будан ба инобат гирифта намешавад. Мисоли равшани онро дар кӯчаи “Ургутмаҳалла” - и шаҳри Қӯрғонтеппа дидан мумкин аст. Ин ҷо ширкати “Bahor oil” бо хароҷоти зиёд аз ҷиҳати ҳаҷм калонтарин НФС - ро сохта истодааст. Масъулон дар чӣ андешаанду ба куҷо менигаранд?
Зокир ҲАСАН,
“Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 833

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед