logo

иҷтимоиёт

САРНАВИШТ.

СУХАН ДАР БОРАИ ПУБЛИТСИСТ ТОҶӢ УСМОН МЕРАВАД
Адабиёти солҳои сиюм, чилум ва панҷоҳуми садаи бисти тоҷикро бидуни номи  адиб ва  публитсисти шинохта Тоҷӣ  Усмон тасаввур  наметавон  кард. Тоҷӣ Усмон аз  ҷумлаи адибон ва  публитсистоне аст, ки дар  инкишофи  адабиёт ва  матбуот  баробар хизмат кардааст.                                                     

Тоҷӣ Усмон барҳақ фидоии роҳи  маърифат, илму фарҳанги тоҷик буд. Асарҳои илмию адабии вай «Кашфи асрор», «Бисту се адиба», «Ганҷи шеъри тоҷикӣ», «Ханда ва истеҳзо», «Шоираҳои боистеъдод», «Шоира Маҳастӣ», «Муборакқадам», «Духтари  ниқобдор», «Лаънаткардаи халқ» аз ҳаёти пешазинқилобии мардуми тоҷик, ташкилёбии шаҳри Душанбе, нахустин олимону шахсони машҳури замони нав, сохтмони роҳу хоҷагиҳои  аввалин ҳикоят мекунанд.
Очеркҳои Тоҷӣ Усмон дар бораи Мамлакат Наҳангова, Саидхоҷа Ӯрунхоҷаев, Чутак Ӯрозов дар заминаи факту рақамҳои ҳаётӣ  ва мушоҳидаҳои шахсии худи  муаллиф ба вуҷуд омадаанд.
Ӯ бо адибони шинохта Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода, Сотим Улуғзода, Ҷалол Икромӣ, Раҳим Ҷалил ҳамкории доимӣ дошт. Маҳз бо ҳидояти  Сотим Улуғзода соли  1958 маҷмӯаи ҳикояҳои вай бо номи «Кашфи асрор» аз чоп  баромад. Қаҳрамони  Тоҷикистон Мирзо Турсунзода ба фаъолияти ҷамъиятӣ - адабии Тоҷӣ Усмон баҳои сазовор дода, аз ҷумла ёдовар шудааст: «Тоҷӣ Усмон ҳар он чизе, ки дар бисот дошт, яъне  ҳамаи қувва, дониш, маҳорат ва ҳатто саломатии худро бе дареғ ба кори халқ  дод». 
Дар ҳақиқат ҳаёту зиндагии Тоҷӣ Усмон сарнавишти аҷиберо мемонад, роҳи ҷангии вай хеле пурхавфу хатар будааст. Тоҷӣ Усмон чун афсар дар солҳои мудҳиши Ҷанги Бузурги Ватанӣ қаҳрамонӣ нишон дода, бо ордени «Ситораи  Сурх», медали «Барои хизматҳои ҷангӣ» сазовор  гаштааст. Дар мақомоти разведка амалиётҳои вазнинеро ба сомон расондааст. Ӯ  дар гуфтушуниди И. В. Сталин бо Д. Рузвелту У. Черчил, ки дар  шаҳри Теҳрон баргузор шудааст, ширкат дошт. Маҳз кори пурсамараш дар Эрон буд, ки баъдтар ӯ таърихи адабиётро омӯхта, мавриди пажӯҳиш қарор медиҳад. Маҳсули заҳматаш китобҳои ӯ «Бисту се адиба» ва «Шоира Маҳастӣ» аст.
Дар ҳақиқат доир ба ин мавзӯъ дар адабиётшиносии тоҷик асари мукаммале вуҷуд надошт. Дар ин давра Тоҷӣ Усмон дар бораи ҳамаи адибаҳои форсу тоҷик маълумотҳои пурарзиши илмӣ ҷамъ овард. Барои таълифи асар ба вай лозим омад, ки бо нодиртарин дастнависҳо, маъхазу адабиёти қадима ошно гардад. Ҳамин тавр, Тоҷӣ Усмон оид ба бисту се шоираи тоҷик маълумоти муҳиме ҷамъ оварда, соли 1957 асареро бо номи «Бисту се адиба» ба табъ расонд. Дар ин маҷмӯа нахустин маротиба ба осору рӯзгори адибаҳои тоҷик Робиаи Балхӣ, Исматии Самарқандӣ, Ойишаи Самарқандӣ, Муниса Маҳастии Хуҷандӣ, Сити Хонум, Мутрибаи Қошғарӣ, Ҷаҳон Хотун, Меҳрии Ҳиротӣ, Комила Бегим, Шоира Ниҳонӣ, Мунира, духтари Мушфиқӣ, Зебунисо, Зинату Нисо, Бузургии Кашмирӣ, Нурҷон Бегим, Зӯҳро, Моҳлиқои Ҳайдарободӣ, Лола-Хотун, Иффатии Исфароинӣ, Шоира Тоҷуддавлат, Мавзуна рӯшанӣ андохта шуда, аз эҷодиёти онҳо порчаҳои алоҳида мавриди таваҷҷуҳи хонандагон пешкаш гардидааст. 
Соли 1963 асари дигари илмӣ-тадқиқотии Тоҷӣ Усмон бо номи «Шоира Маҳастӣ» аз чоп баромад. Ин рисола ба мавзӯи эҷодиёт ва мероси адабии шоираи забардасти аввалҳои асри XII, ҳамзамон ва ҳамсуҳбати шоирони бузург Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Адиб Собири Тирмизӣ шоира Маҳастӣ бахшида шудааст.
Ӯ дар ҳамаи жанрҳои адабӣ қувва озмуда, асарҳои ҷолиби диққате офаридааст. Масалан, қиссаи бадеӣ – илмии  «Духтари ниқобдор»-ро метавон як падидаи тоза дар эҷодиёти Тоҷӣ Усмон номид.
Хонанда повести «Духтари ниқобдор» - ро варақ зада, бо лаҳзаҳои хеле хушу гуворо, шодию нишот ва барору нобаробариҳои шоира Робиаи Балхӣ аз наздик ошно мегардад. Тоҷӣ Усмон ба воситаи образҳои барҷастаи бадеӣ, ҳаёти илмӣ ва адабии асри Х – ро пеши назари хонанда ба ҷилва меорад. Маҳорату истеъдоди Робиаи Балхӣ, часпу талошҳои ӯ барои расидан ба ишқу муҳаббат ва бо сӯзи дил иншо намудани шеърҳои ошиқонаи ӯ хеле моҳирона ба риштаи тасвир кашида шудааст.
Манзиле, ки дар он нависанда мезист, дар маркази шаҳри Душанбе қарор дорад. Хонаи адиб пур аз китобу осори гаронбаҳо, асарҳои то ҳол нашр нашудаи вай мебошад. Расму мусаввараҳо, дафтару хотираҳо ва ордену медалҳои ҷангии  вай ҳанӯз ҳам аз рӯзгори  ибратомӯзи Тоҷӣ Усмон ҳикоят  доранд.

Маҷид САЛИМ,
нависанда


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 664

15.08.2019


Муносибатҳои Ҳиндустон ва ҶМЧ бояд суботи ҷаҳонро таъмин созанд

Дар Япония бар асари гармии ҳаво наздики 13 ҳазор кас бистарӣ шуд

Мулоқоти сарони Россия, Эрон ва Туркия моҳи сентябр доир мешавад

Ҷаҳон дар як сатр

05.08.2019


Ҷаҳон дар як сатр

01.08.2019


Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Кан Ҷе - квон

Масоили муҳоҷират матраҳ гардид

Фестивали яхмос ва обҳои ташнагишикан дар Душанбе

АКАДЕМИЯИ ИЛМҲО. Аз таъсиси маркази тарҷума то ҷашни Саразм

64 дарсади зарари молиявӣ барқарор шуд

ШАҲРИ ТУРСУНЗОДА. Корҳои ободонӣ вусъат мегиранд

ҲИСОР. Саноатикунонӣ дар мадди аввал

ФАЙЗОБОД. Афзоиши истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ

НОҲИЯИ РӮДАКӢ. Саноат рӯ ба беҳбудӣ дорад

ДДТТ. Нуфузи байналмилалӣ меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

30.07.2019


Фестивали тобистонаи Душанбе доир мешавад

Мулоқоти Шодихон Ҷамшед бо Хуанг Деҳаи

Соҳибкорони ватанию хориҷӣ дар Бадахшон ҷамъ меоянд

БЕҲСОЗИИ ТАЪМИНОТ БО ОБ. Барои он зиёда аз 27 миллион ҷудо гардид

ШАҲРИНАВ. 160 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

Трамп то интихоботи соли 2020 артишашро аз Афғонистон бароварданист

Душанбе 80 шаҳрванди Афғонистонро, ки дар Тоҷикистон ҳукм гирифтааст, ба Кобул истирдод намуд

Ҷаҳон дар як сатр

29.07.2019


ҲИФЗИ ИҶТИМОӢ. Як нишасти муҳим

ДУШАНБЕ. Рушди саноат дар мадди аввал

ХАТЛОН. Таъсиси 31 корхона дар 6 моҳ

МАРКАЗИ ТАДҚИҚОТИ СТРАТЕГӢ. Ҳамкориҳо самар медиҳанд

"ТОҶИК ЭЙР". Парвозҳо аз нав шурӯъ гаштанд

Таъсиси 26 ширкати сайёҳӣ дар ним сол

ДДК. Шумораи омӯзгорони унвондор меафзояд

Ҷаҳон дар як сатр

ВАЗОРАТИ МЕҲНАТ, МУҲОҶИРАТ ВА ШУҒЛИ АҲОЛӢ. Музди миёнаи меҳнат – 1350 сомонӣ

ТИББИ ОИЛАВӢ МУҲИМТАРИН РУКНИ ТАНДУРУСТӢ


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед