logo

иқтисод

РУШДИ МАМЛАКАТ: СИФАТҲОИ НАВИ ИҶТИМОӢ ВА ИҚТИСОДӢ

Андешаҳо перомуни Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми имсолаи худ ба Маҷлиси Олӣ ҳамаи паҳлуҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва соҳаҳои асосии иқтисодиву иҷтимоии ҷумҳуриро аз диди нав мавриди таҳлилу тадқиқ қарор дода, бо истифода аз неруи тавонои сиёсатмадорӣ ва таҷрибаи пурсамари корӣ сифатҳои нави иҷтимоию иқтисодии кишварро муайян ва онҳоро дар фаъолияти давлат, Ҳукумат ва ҷомеа нақшабандӣ намуд.

Натиҷаҳои  ҳосилшудаи семоҳаи аввали соли 2016 гувоҳи онанд, ки гузариш ба сифатҳои нави рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар илман асоснок ва амалишаванда аст. Новобаста аз омилҳои берунӣ ва таъсири буҳрони молиявию иқтисодӣ ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз рӯи натиҷаҳои рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакат ба 9,3 миллиард сомонӣ расид, ки афзоиши воқеии он нисбат ба семоҳаи аввали соли гузашта ба 6,5 дарсад баробар мебошад. Дар соҳаҳои саноат ва кишоварзӣ мутаносибан дар ҳаҷми 2,9 миллиард ва 1,1 миллиард сомонӣ маҳсулот истеҳсол шудааст, ки аз нишондиҳандаи ҳамин давраи соли 2015 зиёд мебошад. Чунин тарзи кор боиси тақвияти иқтидори содиротии кишвар, таъсиси ҷойҳои нави корӣ, ба кор андохтани иқтидорҳои нави саноатӣ ва таъмини рушди бемайлони соҳаи кишоварзӣ мегардад.
Диққати ҷиддӣ додан ба афзун намудани ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар сари аҳолӣ, коҳиши сатҳи камбизоатӣ ва зиёд гардидани маблағи пасандозҳо ҷиҳати дигари нави иҷтимоӣ ва иқтисодии  Паём аст. Новобаста аз коҳишёбии гардиши савдои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2015 нисбат ба соли 2014 дар натиҷаи заҳмати аҳлонаи мардуми кишвар на танҳо устувории нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ таъмин ва суръати афзоиши ҳаҷми маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 6 дарсад зиёд гардидааст, балки рушди мусбати иқтисодӣ ва суботи иҷтимоӣ ба даст омада, ММД ба ҳар сари аҳолӣ 3,8 дарсад ва маблағи пасандозҳо 35 дарсад афзуда, сатҳи камбизоатӣ то 31 дарсад паст шудааст.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, дар семоҳаи аввали соли 2016 сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 2,1 дарсад, сатҳи таварруми солона (аз моҳи марти соли 2015 то моҳи марти соли 2016)  5,6 дарсадро ташкил додааст. Вобаста ба ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон давоми соли 2016 сатҳи таваррумро дар бахши истеъмолии кишвар, новобаста аз мавҷудияти буҳрони шадиди ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ, 7,5 дарсад пешбинӣ намудааст, ки он дар шароити ҳозира нишондиҳандаи воқеъбинона мебошад.
Ноил шудан ба таъмини истиқлолияти энергетикӣ; раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ табдил ёфтани ҷумҳурӣ;  ба даст овардани амнияти озуқаворӣ, дастрасӣ ва таъмини аҳолӣ бо ғизои хушсифат ва молҳои талаботи аввалиндараҷа - се ҳадафи такмилёфта ва сифатан навшудаи рушди иқтисодию иҷтимоии мамлакатанд, ки Пешвои миллат дар Паём таъкид ва роҳҳои пурсамари ҳалли онҳоро бо дидгоҳи нав ишора кардааст. Дар ин замина, имрӯзҳо дар Тоҷикистон стратегияи рушди кишвар барои 15 соли оянда таҳия шудааст, ки дар он роҳи пешрафти кишвар то соли 2030 дар чор ҳадафи стратегӣ: таъмини истиқлолияти энергетикӣ, рушди имкониятҳои коммуникатсионӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва вусъатдиҳии шуғли пурмаҳсул муайян шуда, дар сурати амалӣ гаштани онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кишвари ”рӯ ба рушд” ба кишвари “дар ҳоли рушд” табдил меёбад.
Сарвари давлат баҳри таъмини рушди соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёт ба Ҳукумати кишвар таҳияи нақшаи чорабиниҳои иловагиро тавсия намуда, густариши ҳамкориҳоро бо шарикони тиҷоратӣ ва созмонҳои молиявии ҷаҳонӣ асоси пешрафти ҷомеа ҳисобид. Дар ин замина, бо мақсади ба талаботи ҷаҳони муосир мувофиқ гардондани фаъолияти бонкӣ ва такмили тадбирҳои вусъат додани ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ тасмими мақомот оид ба рушди бозори ғайринақдӣ дар кишвар бо пайваста коҳишдиҳии харидуфурӯши нақдӣ ва насби терминалҳои электронӣ дар фурӯшгоҳҳо қобили зикр мебошад. Аз рӯи маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, аз 8 миллион аҳолии кишвар ҳоло беш аз 1 миллион нафар соҳиби кортҳои бонкӣ буда, дар ҷумҳурӣ 2214 адад терминали электронии пардохтҳои ғайринақдӣ амал мекунанд, ки нисбат ба соли 2015-ум 638 адад зиёд мебошад. Чунин тарзи кор боиси дар ояндаи наздик ҷои пули нақдро гирифтани кортҳои бонкӣ ва сари вақт пардохтани андозҳо мегардад.    
Президенти мамлакат  гузаштан ба шакли саноатии инноватсионии рушдро яке аз марҳалаҳои нави гузариш ба сифатҳои нави иқтисодӣ ҳисобида, истифодаи технологияҳои каммасраф ва татбиқи усулҳои пешрафтаи идоракуниро ҳамчун меҳвари баланд бардоштани сатҳи иҷтимоӣ ва асоси таъмини шуғли аҳолӣ дар кишвар муайян намуд.
Ҳоло дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи барномаи давлатии рушди истеҳсоли молҳои воридотивазкунанда ва мусоидат ба содирот таҳия шуда истодааст, ки он тавлид кардани на камтар аз 20 номгӯи чунин маҳсулотро дар корхонаҳои саноатӣ дар асоси ҳавасманд кардани соҳибкорон фаро мегирад. Чунин тарзи кор бо мақсади кам намудани таносуби фавқулода манфии (дар ду моҳи аввали соли 2016: содирот - 137,6 миллион доллар, воридот - 448,8 миллион доллар, яъне се маротиба бештар) байни содирот ва воридоти кишвар ва аз байн бурдани вобастагии шадиди воридоти маҳсулот мегардад. Вобаста ба ин, ба ҳолати тӯлоние, ки таъмини бозори истеъмолии Тоҷикистон, асосан аз ҳисоби маҳсулоти воридотӣ сурат гирифта, молҳои талаботи ҳаррӯзаи аҳолӣ аз хориҷи кишвар дастрас мегардиданд, хотима дода мешавад. 
Самти дигари афзалиятноки Паёми имсола таъмини пешрафти соҳаҳои илму маориф, рушди донишҳои техникиву табиатшиносӣ, васеъ гардондани доираи истифодабарии фанҳои дақиқ ва технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ бо роҳи боз ҳам фаъолтар намудани шабакаи интернет дар низоми таҳсилот, махсусан дар такмили малакаи педагогӣ ва фаъолияти омӯзгорӣ мебошад. Президенти кишвар рушди соҳаи маорифро омили расидан ба ҳадафҳои асосӣ ва сифатҳои нави иқтисодию иҷтимоии давлату ҷомеа, асоси беҳбудии ҷомеа, инкишофи фарҳанг ва ташаккули шахсият номид.
Ҳоло ҷаҳони муосир шоҳиди буҳрони шадиди идеологӣ, иқтисодӣ ва молиявӣ буда, густариш ва тақвияти ифротгароию терроризм хатарҳои ҷаҳонии нангину даҳшатнок маҳсуб меёбанд. Дар ин замина, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ишора ба зуҳуроти хатарноки асри нав - терроризм ва экстремизм таъкид кард, ки ин зуҳуроти номатлуб аз ҷониби сохторҳои марбута пешгирӣ карда шавад
Бо итминон метавон гуфт, ки роҳбарону масъулони вазорату идораҳо, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо  ва тамоми сокинони Тоҷикистон  дастуру ҳидоятҳои  Пешвои миллатро оид ба гузариш ва ноил шудан ба сифатҳои нави иҷтимоию иқтисодии рушди мамлакат дар бахшҳои рушди устувори иқтисодӣ, суботи иҷтимоӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстию ифтихори миллӣ,  пешгирии ифротгароию терроризм ва зуҳуроти дигари номатлуб ҳамчун қутбнамо ва барномаи фаъолият ба роҳбарӣ гирифта, дар амал татбиқ менамоянд.

Нозимҷон НИДОЕВ,
доктори илмҳои иқтисодӣ


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 509

22.02.2019


Ҷаласаи Комиссияи сетарафаи танзими муносибатҳои иҷтимоию меҳнатӣ

Забони тоҷикӣ таърихи зиёда аз чорҳазорсолаи хату алифбо дорад

ББТ барои фаъолияти оператори низоми пардохтии “Осон” иҷозатнома гирифт

МАВСИМИ НАВИ ЛИГАИ ОЛӢ МОҲИ АПРЕЛ ОҒОЗ МЕГАРДАД

Путин самтҳои асосии сиёсати хориҷии Россияро тавзеҳ дод

Хадамоти вижаи 7 кишвари ИДМ машқи "Арарат-Антитеррор" мегузаронанд

Чин дар кайҳон неругоҳи барқи офтобӣ месозад

21.02.2019


ХУҶАНД. Оғози сохтмони бинои нави «Тоҷикстандарт»

ФУТБОЛ. Тақвими бозиҳои тими мунтахаби олимпии кишвар муайян гардид

Табибон аз Тотористон бо ҳампешаҳои тоҷики худ мубодилаи таҷриба мекунанд

Роҳандозии лоиҳаҳои инноватсионӣ дар Қазоқистон

Дар Ҳиндустон 13 иштирокдори тӯй зери чархи мошини боркаш монд

Сӯхтор сабабгори марги ҳафт кӯдак дар Канада

Ҷаҳон дар як сатр

19.02.2019


МАКТАБИ ДАВЛАТДОРИИ ЭМОМАЛӢ РАҲМОН. ЯК ҲАМОИШИ МУҲИМ

Баррасии масъалаҳои рушди сайёҳӣ

Вохӯрии Низомиддин Зоҳидӣ бо Мазен Шамия

Дурнамои рушди муносибатҳо матраҳ гардид

ҶОМИ КУШОДАИ АВРУПО. Муҳаммадризо Қувватов медали биринҷӣ ба даст овард

Авҷи ниҳолшинонӣ

Саҳми соҳибкорон дар ободии деҳот

Ҳамкории тиҷоратию иқтисодии Чин ва Россия густурдатар мегардад

Сарвар Дониш: «Музокироти сулҳ бидуни ҳукумат қурбе надорад»

«Туҳфаи шоҳона» - и Арабистони Саудӣ ба шаҳрвандони Покистон

Дар Қазоқистон маркази амнияти иттилоотӣ ифтитоҳ меёбад

Сокини навраси Шимкент ду нафарро аз сӯхтор наҷот дод

Ҷаҳон дар як сатр

18.02.2019


Боздиди Азим Иброҳим аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ

ВКД Ҷиноятҳо 83,6 дарсад ошкор шуданд

Вазорати молия. Барои дастгирии буҷет маблағи бештар ҷалб хоҳад гашт

«BISHKEK OPEN – 2019». Дурахши каратэ-дочиёни навраси тоҷик

«МОҲИЯТ ВА ТАЪЙИНОТИ МАТБУОТИ МАҲАЛЛӢ»

РОҒУН. Ободонӣ вусъат меёбад

АНДОЗ. Нақша 100, 6 дарсад иҷро гардид


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед