logo

иҷтимоиёт

ИДИ САИДИ ФИТР. ФУРӮШАНДАҲОИ МО КАЙ АЗ АСОРАТИ НАФС ОЗОД МЕШАВАНД?!

Дар урфият бозорро оинаи рӯзгор мегӯянд. Шарқиён аз қадимулайём ба тиҷорату бозоргонӣ машғул буданд. Бозорҳо на танҳо ҷойи муомилоту хариду фурӯш, инчунин марказҳои фарҳангию таблиғотӣ низ буданд ва аз рӯи низоми муайян амал мекарданд.

Аз ин лиҳоз, донистану риоя намудани талаботи низомномаи савдо, ки вобаста ба пешрафти босуръат пайваста такомул меёбад, барои ҳар як корманди ин соҳа, махсусан фурӯшандагону шахсони масъул хеле зарур мебошад. Вале, мутаассифона, дар ин самти муҳими рӯзгор то имрӯз камбудиҳои ҷиддӣ, аз қабили бефарҳангии  фурӯшандагон, ба назар мерасад.
Рукни аз ҳама муҳим дар бозор барои фурӯшандагону истеҳ-солкунандагон ва тоҷирон, пеш аз ҳама, ростгӯию  поквиҷдонӣ бояд бошад. Умуман, дар тиҷорат ҳамеша риоя кардани ҳалолкориву покизагӣ омили асосии баракат ва манфиати тоҷир ё фурӯшанда аст. Вале, афсӯс... Аксари фурӯшандагони бозорҳои кишвар тобеи нафси саркаши худ гардида, мақсади асосии онҳо ҳарчи бештар фоида ба даст овардан шудааст. Барои ноил шудан ба ин ҳадафҳо аз тамоми маҳорати дурӯғгӯиву макру фиреб истифода мебаранд.  Бештари онҳо  қонуну тартиботро риоя намекунанд, аз  адлу инсоф, хислатҳои неки инсонӣ фарсахҳо дуранд.
Онҳо интизор мешаванд, ки кай рӯзҳои ҷашну ид фаро мерасаду аз ҳисоби мардум фоида  ба даст оранд. Имсол низ дар арафаи иди Рамазон дар  бозорҳо  чунин ҳолат мушоҳида шуд. Махсусан, ду – се рӯз пеш аз ид нархи маводи ғизоӣ  якбора баланд гардид. Масалан, нархи 1 кг шафтолу аз 7 то 16, ангур 10 - 12, анҷир 12 - 18, зардолу 7 - 10, олуча 8 - 10, олу 6 - 10, гелос 8 - 22, себ 5 - 10  сомонӣ арзиш дошт. Ҳамчунин, нархи маҳсулоти донагӣ, аз қабили бодом, писта, чормағз, ғӯлинг, донаки зардолу хеле гарон шуд. Савдогарони мо боварии комил доранд, ки харидорон новобаста аз гаронии нарх дар рӯзи ид ночору ноилоҷ аз маҳсулоти онҳо мехаранд. Бинобар ин, гӯё ҳамаашон забон як карда бошанд, ба суоли мизоҷон, ки «Чаро маҳсулотатонро ин қадар қимат мефурӯшед?» ҷавоб медиҳанд: «Мо инҳоро худамон бо нархи гарон харидаем».
Боиси нигаронист, ки  маҳ-сулоти дар боло номбаршуда  истеҳсоли худамон буда, хушбахтона, бозорҳои кишвар  аз онҳо пур – пуранд. Дар ин самт ягон мушкилот, аз қабили камчинӣ, воридот ё истеҳсол нашудан дида намешавад. Ҳамааш ба инсоф ё аниқтараш беинсофии фурӯшандагон марбут аст. 
Ва чунин ҳолат аз беназоратии роҳбарони бозор ба вуҷуд меояд. Ҳамин ҳаннотон нархҳои маҳсулотеро, ки дар кишвар фаровонанд, ба таври сунъӣ боло бурданд. Онҳо бояд подоши амали носавоби худро бинанд!
Фурӯшандагони бозорҳои пойтахт ҳатто қарори раиси шаҳрро дар бобати чора андешидан нисбат ба онҳое, ки нархҳои маслиҳатиро риоя намекунанд, нодида мегиранд, зеро дилпуранд, ки «ягон бало карда» аз ҷазо эмин мемонанд.   
Матлубаи АБДУҚАҲҲОР,
 «Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 457

19.09.2018


ТОҶИКИСТОН ВА ӮЗБЕКИСТОН. Аввалин тамринҳои муштараки низомӣ

Таъсиси 57 корхонаи нав

Намоиши дастовардҳо ба муносибати Рӯзи шаҳри Хуҷанд

Зуҳро Саидова – соҳиби шоҳҷоиза

Таҳаммул аз амалҳои террористӣ норавост

Баргузории ҳамоиши маъмурони роҳи оҳани кишварҳои СҲШ дар Ӯзбекистон

Дар Ироқ 27 ҳазор нафар аз об заҳролуд гашт

Тӯли 40 соли ислоҳот дар Чин ҷои кор 346 дарсад афзуд

Остона ҳамоиши ҳаштуми глобалии туризми шаҳриро пазироӣ мекунад

Ҷаҳон дар як сатр

18.09.2018


САМБО. Дурахши варзишгари навраси тоҷик дар Аврупо

Иди асал дар Душанбе

КӮЛОБ. Боз ду меҳмонхонаи нав ба истифода дода шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ӮЗБЕКИСТОН. Оғози машқҳои низомии муштарак

Теъдоди қурбонии тӯфони «Мангхут» аз 60 нафар гузашт

Дифои Вазорати ҳуқуқи инсони Покистон аз ҳуқуқи занҳо

Таҳсили фосилавӣ ба ҳар хонандаи ҷопонӣ дастрас шуд

Дар Остона ба хариди партов шурӯъ карданд

17.09.2018


НОҲИЯИ РӮШОН. Сарҳадбонон соҳиби бинои наву замонавӣ шуданд

Баргузории фестивали шаҳрии эҷодиёти кӯдакон

“КӮКНОР-2018”. Мусодираи беш аз 550 килограмм маводи нашъаовар дар Хатлон

ФУТБОЛ. "Хуҷанд" ба пеш баромад

11.09.2018


ДУШАНБЕ МИЗБОНИ СОҲИБКОРОНИ ҶАҲОН

ДЕВАШТИЧ. БУНЁДКОРИҲОИ НОҲИЯ НАМУНАИ ИБРАТАНД

МАРЗ. Боздошти қочоқбарон

КӮЛОБ. ИФТИТОҲИ БОҒЧАИ НАВ

05.09.2018


БӮСТОН. Бунёди чор иншооти нав

ФУТБОЛ. Дар Тоҷикистон мусобиқаҳои байналмилалӣ доир мегарданд

Ориф Алвӣ 13-умин президенти Покистон интихоб гашт

Дар Арабистони Саудӣ барои маводи тахрибӣ дар интернет зиндонӣ мекунанд

Дар Гуҷарат сохтмони баландтарин ҳайкали дунё анҷом меёбад

Ҳиндустон барномаи нави кайҳониро амалӣ месозад

04.09.2018


Боздиди Сарвазири мамлакат аз иншооти гармидиҳии шаҳри Душанбе


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед