logo

иҷтимоиёт

РАШТ: ОИЛАҲОИ ОСЕБДИДА ТАНҲО НАМЕМОНАНД

Заминларзаи шадид, ки шоми 1 июл дар ноҳияи Рашт 15 километр дуртар аз деҳаи Ҳазорчашмаи Ҷамоати деҳоти Ҳиҷборак ба вуқӯъ пайваст, хисороти зиёде ба бор овард.
Дар ин ҷо 15 хонаи истиқоматӣ ва бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 65 пурра, 30 хонаи истиқоматии сокинони деҳаҳои Ҳазорчашма ва Кӯли ҷамоатҳои деҳоти Ҳиҷбораку Аскалон қисман хароб гардиданд.
Лаҳзае пас аз сар задани ҳодиса роҳбарият ва мақомоти дахлдори ноҳия ба ҷойи ҳодиса омаданд. Субҳи барвақт аъзои гурӯҳи кории Ҳукумати ҷумҳурӣ низ зери роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба ҷойи ҳодиса ҳозир гаштанд. Муддати 4 шабонарӯз гурӯҳҳои кории Ҳукумати ҷумҳурӣ  ва мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия дар паҳлуи мардуми зараррасида барои рафъи оқибати офати табиат заҳмат кашиданд.
Бо дастури Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзҳои аввали ҳодиса ба воситаи Агентии захираҳои моддии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳар оилаи осебдида ёрии яквақта, аз ҷумла як халта орд, 12,5 кг макарон, 12,5 кг шакар, 5 литр равған ва маҳсулоти дигари мавриди ниёзи аввал расонда шуд. Ҳамчунин аҳолии зарардида бо хаймаҳои муваққатӣ ва се вақт хӯроки гарм таъминанд.
- Ҳукумати кишвар ва Пешвои муаззами миллат мардуми осебдидаро ҳеҷ гоҳ танҳо намегузоранд, - гуфт Маҳмадраҷаб Узумов, раиси шӯрои деҳаи Ҳазорчашма дар  суҳбат ба хабарнигори рӯзномаи «Ҷумҳурият».  - Дар баробари мардуми осебдида шабонарӯз заҳмат кашидани гурӯҳҳои кории Ҳукумати кишвар баҳри бартараф намудани хисороти офати табиӣ, аз сиёсати саршор аз ғояҳои инсонпарварӣ ва самимияту муҳаббати Пешвои миллат дарак медиҳад. Мардуми осебдида танҳо нестанд. Онҳо зери ғамхории Сарвари давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон қарор доранд.

Худодод ЗАЙНИДДИН,
«Ҷумҳурият»


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 489

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад

ЭКСПО дар Шанхай: шартномаҳо ба маблағи қариб $60 миллиард ба тасвиб расиданд

Сӯхтори ҷангал дар Калифорния боиси ҳалокати 25 нафар гашт

Ҷаҳон дар як сатр

ВАХШ. Суратҳисоби бонкӣ барои ятимон

ОЛИМПИАДАИ “GENIUSKIDS – 2018” 35 медали хонандагони тоҷик

САМБО. Хушқадам Хусравов – қаҳрамони ҷаҳон

09.11.2018


Ҳамоишҳои ҷавонон бахшида ба Рӯзи Президент

Баррасии масоили рушди ҳамкориҳо

Мулоқоти Юсуф Раҳмон бо Кристофер Рэй

Таъсиси гурӯҳи корӣ баҳри иҷрои «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе барои давраи то соли 2025»

Давлаталӣ Саид дар Корея

20-умин конфронси расонаҳои Осиёи Марказӣ дар Остона баргузор шуд

«Толибон» рӯйхати иштирокдорони мушовараи Москваро интишор дод

Таърихшиноси фаронсавӣ ба Макрон нақши Россияро дар наҷоти Аврупо хотиррасон кард

Ҷаҳон дар як сатр

"TASHKENT GRAND PRIX" ИШТИРОКИ ПАҲЛАВОНОНИ ТОҶИК ДАР ОН

"Истиқлол" бори ҳафтум чемпиони Тоҷикистон шуд!


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед