logo

маориф

ИСТИҚЛОЛИЯТ ВА НИЗОМИ НАВИ МАОРИФ

Маориф соҳаест, ки ба ислоҳоти мунтазам ва бефосила ниёз дорад, зеро ба илму дониш асос ёфтааст. Илму дониш бошад, пайваста рушд меёбад, аз ин рӯ мо соҳаи маорифро низ бояд пайваста инкишоф диҳем. Дар кишвари мо дар зарфи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ барои рушди соҳа чораҳои зиёде андешида шудаанд. Барои мо муҳимтарин унсури ин ислоҳот ҳамон аст, ки соҳаи маориф ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ мегардад.

Ҳамзамон, азнавсозии мазмуни таҳсилот (таҳияи стандарту барномаҳои фаннӣ, китобҳои дарсӣ) айни ҳол идома дошта, дар ин замина стандартҳои нави фаннӣ, барномаҳои муосири таълимӣ ва китобҳои насли нав таълиф шуданд. Афзалияти стандартҳои фаннии мазкур дар ташаккули салоҳиятнокии хонандагон зуҳур ёфта, тибқи он дар баробари донишҳои назариявӣ маҳорату малакаи хонандагон низ бояд рушд ёбад. Зеро насли наве ба воя расидааст, ки дорои ҷаҳонбинии наву донишҳои замонавӣ буда, шеваҳои тозаи омӯзишро меҷӯяд. Қонеъ намудани талаботи онҳо, пеш аз ҳама, ба омӯзгорон вобаста аст. Аз ин рӯ, омӯзиши пайваста, такмили ихтисос ва огаҳӣ аз дастовардҳои ҳамтоёни худ, истифодаи таҷрибаи пешқадам ва технологияи тадриси замонавӣ вазифаи аввалиндараҷаи маорифи мамлакат буда, дар ин самт ба омӯзгорон ходимони сохторҳои илмии вазорат кумаки илмию методӣ мерасонанд.
Яке аз омилҳои муҳимтарини раванди тайёр намудани мутахассисони баландихтисос ин гузариш ба низоми бисёрзинагӣ дар таҳсилоти олии касбӣ, яъне бакалавриат, магистратура, докторантура аз рӯи ихтисос ва татбиқи технологияҳои инноватсионӣ ба шумор меравад.
Барои тайёр намудани мутахассисони баландихтисоси дар бозори меҳнат рақобатпазир зарурати сифатан рушд намудани низоми тайёр кардани онҳо пеш омадааст, ки он, дар навбати худ, аз ҷаҳонишавии низоми таҳсилот вобастагӣ дорад. Яке аз равандҳои воридшавӣ ба фазои ягонаи ҷаҳонии таҳсилотро дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии мамлакат татбиқи низоми кредитии таҳсилот ташкил медиҳад.
Мақсади гузариши муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ба низоми кредитии таҳсилот, пеш аз ҳама, дар сатҳи байналмилалӣ эътироф гардидани барномаҳои таҳсилоти миллӣ, баланд бардоштани ҳаракати академии донишҷӯён ва омӯзгорон, ҳамчунин баланд бардоштани сифати таҳсилот ва таъмини алоқамандӣ ва пайдарҳамии тамоми зинаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва таҳсилоти баъд аз муассисаи таҳсилоти олии касбӣ маҳсуб меёбад.
Яке аз масъалаҳои дигари муҳим дар самти ислоҳоти соҳаи маориф баланд бардоштани сифати таълиму тарбия ба ҳисоб рафта, дар ин замина андешидани силсилаи тадбирҳо доир ба сохтмону барқарорсозӣ, таъмиру таҷдид ва муҷаҳҳазгардонии муассисаҳои таълимӣ мебошад.
Дар давраи истиқлолият дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 2254 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 474103 ҷойи нишаст ва ба маблағи зиёда аз 2 миллиард сомонӣ сохта ба истифода дода шуд. Аз ҷумла, дар панҷ соли охир (солҳои 2011 - 2015) дар қаламрави ҷумҳурӣ аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ 1127 бинои муассисаи таълимӣ ва бинои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 184011 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шуд.
Вазорати маориф ва илм дар ҳамкорӣ бо раёсат ва шуъбаи маорифи шаҳру ноҳияҳо лоиҳаи «Барномаи инвеститсионии сохтмон ва азнавсози муассисаҳои таълимӣ барои солҳои 2016 - 2025» - ро таҳия намуда истодааст. Барномаи мазкур сохтмон ва азнавсозии 33 бинои муассисаи таълимӣ ва филиали муассисаҳои таълимиеро, ки дар хонаҳои шахсӣ, вагонхонаҳо ва ҷойҳои ҷамъиятӣ қарор доранд, инчунин 498 бинои муассисаҳои таълимиеро, ки дар ҳолати садамавӣ мебошанд ва 270 бинои муассисаҳои таълимиеро, ки дар деҳаҳои навбунёд ва деҳаҳое, ки аҳолӣ зиёд шудааст, бунёд карда мешаванд, дарбар гирифтааст. Дар мавриди амалӣ намудани барнома дар маҷмӯъ сохтмон ва азнавсозии 801 бинои муассисаи таълимӣ ва биноҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимӣ барои 179608 ҷойи нишаст ба истифода дода мешавад.
Таҳсилоти томактабӣ яке аз самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф маҳсуб ёфта, бо дастгирии давлату ҳукумат шумораи муассисаҳои таълимии томактабӣ ва фарогирии кӯдакон ба муассисаҳои мазкур тадриҷан меафзояд. Ҳоло теъдоди муассисаҳои таълимии томактабӣ ба 578 ва шумораи кӯдакони дарбаргирифтаи онҳо ба 92024 нафар расидааст, ки дар муқоиса бо соли гузашта 24160 нафар зиёд мебошад.
Мувофиқи нақшаи “Стратегияи миллии рушди маориф барои солҳои 2014 - 2020” бо истифода аз ташкили шаклҳои гуногуни таҳсилоти томактабӣ фарогирии кӯдакон бояд ба барномаҳои томактабӣ то соли 2020 ба 30 дарсад расонда шавад.
Инчунин, бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 майи соли 2014 Барномаи рушди муассисаҳои таҳсилоти томактабӣ ва миёнаи умумии хусусӣ барои солхои 2014 - 2020 қабул гардид, ки афзалият ва самтҳои асосии дастгирӣ ва рушди ҳамкории давлат ва бахши хусусиро дар соҳаи маориф муайян менамояд. Мувофиқи маълумоти оморӣ, имрӯз дар ҷумҳурӣ 61 муассисаи томактабии хусусӣ фаъолият менамояд. Шумораи тарбиятгирандагон дар ин муассисаҳо ба 4082 нафар расидааст.
Таъмиру азнавсозӣ, баргардондани биноҳои кӯдакистонҳо тибқи нишондодҳои Барномаи рушди муассисаҳои томактабӣ барои солҳои 2012 - 2016 дар аксари шаҳру ноҳияҳо мувофиқи нақша ва ба пуррагӣ амалӣ нагардидааст. Имрӯз дар ҷумҳурӣ 144 ҳолати ғайримақсаднок истифода гардидани муассисаҳои таълимии томактабӣ ба назар мерасад.
Айни замон, зиёда аз 5600 нафар духтарону писарони тибқи Квотаи президентӣ дохилгардида ба таълиму тарбия фаро гирифта шудаанд.
Қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи адабиёти таълимӣ»  ба он мусоидат намуд, ки ҷараёни таҳия, таълиф ва экспертизаи китобҳои дарсӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ гардад. Аз сабаби он ки китобҳои дарсӣ ба таври иҷора истифода мешаванд, бинобар ин, нисбат ба сифати коғаз, ширеш ва иҷрои полиграфии китобҳои дарсӣ таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Бешубҳа метавон гуфт, ки китобҳои дарсӣ дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ба муддати 5 сол ва зиёда аз он қобили истифода буда метавонанд.

Раҳматулло МИРБОБОЕВ,
муовини аввали вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон


Баёни ақида (1)    Санаи нашр: 12.07.2016    №: 135    Мутолиа карданд: 4322

15.11.2018


Ҳамоиш бахшида ба Рӯзи Президент

Нурдинҷон Исмоилов ба Тоҷикистон меояд

Мулоқоти Зубайдулло Зубайдзода бо Амал Муҷрин ал - Ҳамад

Конференсияи гиромидошти Бобоҷон Ғафуров

Путин ва Абэ дар асоси қатъномаи соли 1956 гуфтушунид хоҳанд кард

Таҳлилгарони Nomura сустшавии суръати рушди иқтисоди ҷаҳониро пешгӯӣ намуданд

Frontex: ба Аврупо омадани гурезаҳо 31 дарсад коҳиш ёфт

Назарбоев соли 2019-ро Соли ҷавонон эълом дошт

Ҷаҳон дар як сатр

14.11.2018


Вусъати корҳои ободонӣ дар ноҳияи Восеъ

Ҷамъоварии $482 миллион ба ёрии мардуми Ироқ

Назарбоев ташкили Созмони амнияти дастаҷамъии Осиёро пешниҳод дорад

Ҷонибдории Ангела Меркел аз ташкили артиши ягонаи аврупоӣ

Дар Тошканд Ҳафтаи соҳибкории глобалӣ шурӯъ шуд

Ҷаҳон дар як сатр

ЧЕМПИОНАТИ ҶАҲОН – 2018. Иштироки се бонуи муштзани тоҷик

БОНКИ МИЛЛӢ. Иқдоми наҷиб

13.11.2018


Мулоқоти Сироҷиддин Муҳриддин ва Юе Бин

Баимзорасии ёддошти тафоҳум

Нақшаи чорабиниҳои амалӣ намудани корҳои ободонию бунёдкорӣ дар давраи солҳои 2019 – 2021 тасдиқ гардид

БӮСТОН. Таҷдиди шуъбаи урология

ВАҲДАТ. 5 иншооти ҷашнӣ ба истифода дода шуд

ЁВОН СИМОИ ТОЗА МЕГИРАД

НОҲИЯИ ШАМСИДДИНИ ШОҲИН. Кӯшишҳо самар медиҳанд

"Дар ин дунё Карим Девонае буд"

Ҳузури бераводиди тоҷикистониён дар Туркия 3 баробар дароз шуд

Аврупо дар бозёбии партовҳои уран дар Тоҷикистон саҳм мегирад

Москва аз ҷумлаи даҳ шаҳри беҳтарини дунёст

Гунаҳгорони ҳалокати 52 ӯзбекистонӣ зиндонӣ шуданд

Чин дар ҷаҳон калонтарин воридкунандаи газ

Ҷаҳон дар як сатр

ҚУБОДИЁН. 48 медали варзишгарон дар нуҳ моҳ

12.11.2018


Дар Париж ҳамоиши сулҳ ифтитоҳ ёфт

Бо эҳтимоми ҳукумати Ҳиндустон нархи сӯзишворӣ арзон мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед