logo

иҷтимоиёт

“ШАБОХУН” – И БАБРИ БАРФӢ

Дар  пайи як  ҳамлаи  шабонаи  бабри  барфӣ    хоҷагиҳои  деҳаи  Шазуди  Ҷамоати деҳоти  Ванқалъаи  ноҳияи  Шуғнон  48  сар  моли  майдаро  аз  даст  доданд.  Дар  ин  бора  ба хабарнигори “Ҷумҳурият” Фарҳод  Дарвозиев, раиси ин  ҷамоат, иттилоъ  дод.
Ба  гуфтаи  номбурда, бабри  барфӣ  шаби  7 - ум  ба  8 - уми  июл  бо  ду  бачааш вориди қароргоҳи шабонаи  моли  майдаи аҳли  деҳаи  Шазуд шуда, бузу  гӯсфандонро  мавриди  ҳамла  қарор медиҳад. Роҳбарияти  ноҳия  аз   ҷойи  ҳодиса дидан  ба амал  оварда, баҳри  пешгирии  чунин  ҳодисаҳои  нохуш  дар  оянда  дар  ҳамдастӣ  бо мақомоти  худидоракунии  маҳаллӣ  ва  сокинони он   чораҳои  заруриро  роҳандозӣ  намуданд.
Ин дар  ҳолест, ки  ҳамагӣ  як  ҳафта пеш кормандони ҷамъияти  дорои  масъулияти маҳдуди  “Хоҷагии шикори хориҷӣ”- и Мурғоб дар мавзеи  Шаштеппаи ноҳия  як  бабри барфиро, ки  2  сол  пеш  аз  ҷониби  шикорчиёни  ғайриқонунӣ шикор шуда  буд, баъди нигоҳубин ва табобат  ба  табиат сар доданд. Тибқи  иттилои  масъулони  Раёсати ҳифзи муҳити  зисти ВМКБ, дар ҳудуди Помири Шарқӣ айни  ҳол  37 ҷуфт  бабри  барфӣ, ки  шикори  он мамнуъ мебошад, ба  қайд  гирифта шудааст. Бабри  барфӣ  то  2,1  метр дарозӣ  дошта, вазни  он то 75  килограмм  мерасад. Ин ҷонвари нодир аст, вале афзоиши саршумори он дар ин маҳал набояд мушкилот ба  бор орад. Ин масъалаи муҳимест, ки аз масъулин чораҳои бетаъхир тақозо мекунад.

Раҳмони ГУЛЗОР,
ноҳияи Шуғнон


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 524

18.01.2019


Таҳдидҳои асосӣ ба иқтисоди ҷаҳонӣ номбар шуданд

Гумонбари омодасозии ҳамла ба Қасри сафед ба даст афтод

Дар Чин қаллобонро барои фиреб ҳабси абад карданд

29 миллион сом зарари собиқадорони сохта

Ҷаҳон дар як сатр

17.01.2019


Тамдиди шартномаи ФФТ бо "Сомон Эйр"

60 ДАРАҶА ХУНУКӢ ВА ДАВИ 50 - КИЛОМЕТРАИ ЭКСТРЕМАЛИ МОЛДАВӢ

16.01.2019


Пирӯзии мунтахаби Тоҷикистон бар Эрон

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Роҳандозии моратории дусола дар Тоҷикистон

Нақшаи Brexit дар парламенти Британия рад карда шуд

Кремл роҳи ҳалли буҳрони Украинаро пешниҳод намуд

Ифтитоҳи онлайн-донишгоҳ барои гурезаҳо дар Италия

15.01.2019


Ҷаласаи ҷамъбастӣ таҳти раёсати муовини Сарвазири мамлакат

Вохӯрии Сироҷиддин Муҳриддин бо Абдулазиз Комилов

Ёдгор Файзов: «Соли 2018 соли таҳкими волоияти қонун дар Бадахшон буд»

ХУҶАНД. 1548 медали варзишгарон дар як сол

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Созишномаи сулҳ – мавзӯи асосии мулоқоти Путин ва Абэ хоҳад шуд

Савдои хориҷии Чин соли 2018 натиҷаи рекордӣ нишон дод

Дар Алмаато гурӯҳи хориҷиёни террорист боздошт шуд

То соли 2024 аҳолии Қирғизистон бо оби ошомиданӣ пурра таъмин мешавад

10.01.2019


Дар Саразм осорхона ва меҳмонхонаи замонавӣ бунёд мешаванд

Вохӯрии Парвиз Давлатзода бо Владимир Норов

Ҷаласаи Шӯрои кор бо ҷавонон

“ГАНҶИ СУХАН” – маҳфили адибпарвар

РӮШОН. Ифтитоҳи маркази дуошёнаи савдо

Муҳаммад Салоҳ – беҳтарин футболбози Африқо

ҶАҲОН ДАР ЯК САТР

Самарқанд мизбони нахустмулоқоти «Ҳиндустон – Осиёи Марказӣ»

Баргардондани 47 шаҳрванди Қазоқистон аз Сурия

Остона ба гузарондани Ҳамоиши ҷаҳонии туризми шаҳрӣ омодагӣ мегирад

Дар Беларус бори нахуст ҳукми қатл содир шуд

09.01.2019


Таҷлили 110 - солагии аллома Бобоҷон Ғафуров


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед