logo

ҳуқуқ

МАСОЛЕҲИ СОХТМОНӢ. ВОРИДОТИ ҒАЙРИҚОНУНИИ ОН ОШКОР ШУД

Аз Маркази матбуоти Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мо хабар доданд, ки чанде пеш кормандони Раёсати минтақавии гумрукӣ дар вилояти Суғд якҷо бо  кормандони прокуратураи вилоят дар бозори «Баракат» - и ноҳияи  Бобоҷон Ғафуров воридоти ғайриқонунии масолеҳи сохтмониро ошкор намуданд.

Ҳангоми санҷиш дар  мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонии ба номи  «Руслан 1111» 19 баста ё худ 1330 адад тунукаи тамғаи «Черепитса» - и истеҳсоли Федератсияи Русия дарёфт гардид. Масолеҳ ба сокини 31 - солаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров М. Р. тааллуқ дошта, номбурда онро бидуни назорати гумрукӣ, ғайриқонунӣ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон ворид намудааст.
Мувофиқи хулосаи филиали суғдии Маркази ҷумҳуриявии экспертизаҳои судӣ ва криминалистикаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон арзиши умумии масолеҳи сохтмонӣ 217 ҳазору 728 сомониро ташкил медиҳад.
Аз рӯи ҳолати мазкур нисбат ба шаҳрванд М. Р. бо моддаи 289 қисми 1 - и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, аз рӯи тобеияти тафтишотӣ ба прокуратураи вилояти Суғд фиристода шуд.

Д.РӮЗИЕВ, “Ҷумҳурият”


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 485

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад

Ҷаҳон дар як сатр

ФАРХОР. Бонувон ба ҳунаромӯзӣ ҳавасманд мешаванд

"Куллиёт" - и Миробид Саййидои Насафӣ

04.06.2019


Лукашенко: "Эмомалӣ Раҳмонро оммаи мардум интизор аст"

Бунёдкорони роботтехникаи Россия ва Чин дар Владивосток ҷамъ омаданд

Ҷаҳон дар як сатр

Машварати сиёсии вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Белгия

Муаррифии портали хизматрасониҳои электронӣ барои андозсупорандагон

Дар ноҳияи Рашт конфронси минтақавӣ баргузор мегардад

ФУТБОЛ. Ду бозии рафиқона бо мунтахаби Ӯзбекистон

03.06.2019


Дар Тоҷикистон баландтарин афзоиши теъдоди сайёҳон ба қайд гирифта шуд

Гармои тоқатфарсо дар Ҳиндустон

Тасдиқи барнома оид ба бозомӯзии касбии кормандони соҳаи маориф

Иди саиди Фитр 5 июн таҷлил мешавад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед