logo

иқтисод

ОМОР ВА САҲМИ ОН ДАР РУШДИ ИҚТИСОД

Мақомоти омори давлатӣ солҳои соҳибистиқлолии мамлакат пешниҳоди маълумоти эътимодноку босифатро аз рӯйи талаботи гурӯҳҳои гуногуни истеъмолкунандагон таъмин намуда, дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар саҳми босазо гузошт. Дар заминаи ҳамкориҳои байналмилалӣ бо сохторҳои оморию  иқтисодии ҷаҳон ва ташкили табодули таҷриба бо давлатҳои пешрафта дастовардҳои назаррас ба амал омаданд.

Маҳз баъд аз истиқрори сулҳу субот дар низоми омори давлатӣ меъёрҳои байналмилалӣ ҷорӣ карда шуданд. Ҷалби коршиносони варзидаи сатҳи ҷаҳонӣ ва бозомӯзии мутахассисон дар хориҷи кишвар имконпазир гашт. Пойгоҳи техникии соҳа мустаҳкам гардида,  савияи дониши мутахассисон вобаста ба усулҳои нави баҳисобгирӣ такмил ёфт. Коркарди  маълумоти оморӣ мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ тавассути технологияҳои нави компютерӣ  ва барномаҳои махсуси соҳавӣ  ба роҳ монда шуд.  Дар натиҷа, зина  ба зина ҳисоботи электронии омор  низ дар ҷумҳурӣ ба таври васеъ роҳандозӣ шуд.
Феълан Агентии омори назди Президенти ҷумҳурӣ ба ҳайси мақоми марказии омори мамлакат фаъолият намуда, Барномаи корҳои омориро,  ки аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамасола тасдиқ карда мешавад, амалӣ  менамояд.  Маълумоти оморӣ мунтазам бо таҳияи гузориш ва  маводи таҳлилӣ дар шакли маҷмӯаҳо ба истифодабарандагон дастрас мегардад.
Агентии омор дар даврони Истиқлолияти давлатӣ бо бисёр ташкилотҳои байналмилалӣ  ҷиҳати такмили инфрасохтор ва барномаҳои соҳа ҳамкориҳои судманд дорад. Аз ҷумла, бо Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ниҳодҳои омории давлатҳои  иттиҳоди мазкур,  омори Аврупо, Хазинаи байналмилалии асъор,  Бонки ҷаҳонӣ ва як қатор идораҳои  дахлдори СММ робитаҳои гуногунҷабҳа барпо намудааст.
Айни замон дар доираи лоиҳаи «Стратегияи миллии рушди омор» маҷмӯи чорабиниҳо ҷиҳати  устувории неруи  зеҳнӣ, пойгоҳи  моддию техникӣ, такмили методологияи ҳисоботи оморӣ, муколама бо истифодабарандагон ва гузарондани як қатор таҳқиқоти иҷтимоию иқтисодӣ дар кишвар ба нақша гирифта шудааст.  Чораҳои  мазкур метавонанд ба рушди омори давлатӣ такон бахшанд. Инчунин, иҷрои «Нақшаи чорабиниҳо оид ба такмили баҳисобгирии оморӣ барои солҳои 2016 - 2021», ки бо Қарори Ҳукумати кишвар аз 29 октябри соли 2015 № 614 тасдиқ гардид, пеш аз ҳама барои устувории имконоти мақомоти омори  мамлакат нигаронда шудааст.

Абдухалил НАҶИБУЛЛОЕВ,
иқтисодшинос


Баёни ақида (0)    Санаи нашр: 13.07.2016    №: 136    Мутолиа карданд: 532

24.06.2019


Президенти Филиппин моҳи октябр ба Россия меояд

Трамп бо Эрон омодаи гуфтушунид буданашро тасдиқ намуд

Дар Ҳиндустон афтидани хайма боиси марги 14 нафар шуд

СУҒД. Оғози мусобиқаи байналмилалӣ

"ФИЛОСОФИЯ ОТДЫХА" имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро таҳлил намуд

Ҷаҳон дар як сатр

21.06.2019


Мулоқоти Хайринисо Юсуфӣ бо Валериу Кивер

Ҳамоиш бахшида ба таъмини устувории макроиқтисодӣ

Муаррифии натиҷаҳои фаъолият дар самти безараргардонии башардӯстонаи минаҳо

20.06.2019


Гумерова: «Омӯзгорони рус дар Тоҷикистон мондан мехоҳанд»

СММ: «Ҳиндустон дар нуфуси аҳолӣ баъди 8 сол аз Чин мегузарад»

Пекин тавсеаи ёрии иқтисодӣ ва башарӣ ба Сурияро зарур мешуморад

Дар Ҷопон ҷазои ҷисмонии кӯдаконро манъ карданд

Ҷаҳон дар як сатр

19.06.2019


Дар Кӯлоб Фестивали ҷумҳуриявии дӯстии ҷавонон баргузор шуд

Баррасии вазъ ва дурнамои ҳамкориҳо

Боздид аз Муассисаи давлатии «Боғи миллии Ваҳдат”

ПАНҶАКЕНТ. Омодагиҳо ба ҷашни фархунда

Писарбачаи тоҷик дар Хабаровск дӯсташро аз чоҳи оби ҷӯш наҷот дод

Тоҷикистону Беларус: «Муҳокимаи тақвияти ҳамкориҳои низомӣ»

Си Ҷинпин азми сафари Ҷумҳурии Халқии Демократии Корея дорад

Ҷаҳон дар як сатр

12.06.2019


ХУҶАНД. "Зирвеко" ба фаъолият мепардозад

Муаррифии асари Си Ҷинпин «Дар бораи идоракунии давлатӣ»

Баргузории конфронси сайёҳӣ дар Рашт

Масоили низоми бонкӣ матраҳ гардид

Дар Чин аз обхезии тобистона 6,75 миллион нафар зарар дид

Дар Ӯзбекистон рӯйхати идҳои касбиро Рӯзи китобдор афзуд

Дар Ҷопон ба солхӯрдаҳо шаҳодатномаи вижаи ронандагӣ медиҳанд

Сокини Британия дар лотерея Ј123 миллион бурд намуд

Ҷаҳон дар як сатр

11.06.2019


Песков: «Путин ба Тоҷикистон ва Қирғизистон сафар мекунад»

Иштироки роҳбарони 11 кишвар дар ҳамоиши Бишкек

Президенти Қазоқистон аз хусуси роҳҳои ҳалли мушкилоти иҷтимоӣ ҳарф зад


Дар сомонаҳои дигари Тоҷикистон хонед